Пеш аз оғози мусоҳиба муовини раиси шаҳри Сарбанд Шаҳло Шомуддинова пешниҳод кард, ки танҳо атрофи камбудию мушкилиҳои соҳаи маънавиёт ва роҳҳои бартараф кардани онҳо сӯҳбат намоем.
– Бештари камбудию мушкилиҳое, ки дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Сарбанд ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба назар мерасанд, танҳо марбут ба соҳаи маънавиёт аст?
– Оре, сарчашмаи ҳамаи дастоварду муваффақиятҳо тамоми нишондиҳандаҳои мусбию манфии соҳаҳои хоҷагии халқ низ аз сатҳи маънавиёти ҷомеаи мо вобастагии калон дорад. Мутаассифона, касодии маънавиёт берун аз ҳудуди Сарбанд, вилоят ва фаротар аз онро ҳам домангир аст. Мо бояд ҳанӯз аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ба соҳаи маънавиёт таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекардем. Ҳатто созмонҳои байналмилалии хайрхоҳ низ дар замони барқарорсозии хоҷагии халқи кишвар бояд маблағҳои бештарро барои баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа сарф мекарданд. Зеро агар маънавиёти ҷомеа дар сатҳи паст қарор дошта бошад, иқтисодиёти пешрафта ҳам фалаҷ мешавад. Ҳол он ки ҳаводиси шаҳрвандӣ ҷомеаи моро аз ҳар ду ҷониб тахриб карда буд. Мутаассифона, то имрӯз мо ба якдигар моҳихӯриро омӯхтаем на моҳидориро.
– Омилҳое, ки ба маънавиёти насли даврони гузариш таъсири манфӣ мерасонад, кадомҳоянд?
– Тақлидкорӣ яке аз одатҳои нисбии мардумон ба ҳисоб меравад. Баъзе аз ҷавонон нахуст дар муошират бо ҳамзабонони худ ҳам кӯшиш мекарданд, ки бо забони русӣ гуфтугӯ намоянд. Баъдан ба сарулибоспӯшии аврупоиҳо тақлид карданд. Гӯё меъёри пешрафти маданияту маърифати ҷомеа монанд шудан ба аврупоиҳо буд. Инак, баъди тақлид ба гуфтугузору либоспӯшии ҷомеаи Аврупо, ҳамдиёрони мо урфу одатҳои онҳоро, ки ба арзишҳои миллии мо созгор нестанд, ба худ гирифтанд. Ҳамзамон мушкилиҳои иқтисодии ҷомеа низ ба коҳиш ёфтани маънавиёти мардум бетаъсир набуд. Баъди ҳаводиси шаҳрвандӣ дар муҳити мо халои маънавӣ эҳсос шуда, воситаҳои идеологӣ фалаҷ шуда буданд. Дар баробари ин, дар маҳалҳо дар садри соҳа ашхоси нолоиқ роҳбарӣ мекарданд. Баъдан бинобар мушкилоти молӣ пахши барномаҳои радио, телевизион ва дастрасии мардум ба матбуоти даврӣ ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ шуд. Ҳамин тавр то имрӯз мо дар таъмини воситаҳои асосии иттилооти ҷомеа мушкилиҳои худро дорем, ки ҳамаи ин ба маънавиёти ҷомеа бетаъсир намемонад.
– Айни ҳол воситаҳои асосии иттилооткунонии ҷомеа дар Сарбанд дар чӣ вазъ қарор доранд?
– Маънавиёт аз шохаҳои асосии ҷомеа маҳсуб ёфта, дар ташаккули зеҳнии мардум тамоми воситаҳои воқифгардонӣ нақши муҳим мебозанд. Имрӯз чӣ радиову телевизион ва чӣ матбуоти даврӣ дар баланд бардоштани маънавиёти мардум нақши бориз надоранд. Дастрасии одамон ба воситаҳои ахбори омма дар ҳар маҳал мушкилоти хоси худро дорад. Имрӯз нисбат ба солҳои 1980-уми асри гузашта шавқи рӯзномахонии мардум дар сатҳи хело паст қарор дорад. Адабиёти бадеӣ нисбатан кам нашру дастраси мардум мегардад. Ин омилҳо ба ҷалби мардум ба китобхонаҳои оммавӣ низ таъсир мерасонад. Дар замони пеш то як адабиёти бадеиро мутолиа мекардем, ки як китоби хонданбоби дигар нашру дастраси китобхонаҳо мешуд. Имрӯз адабиёт аз талаботи ҷомеа қафо мондааст.
– Хуб мешуд андешаи худро оид ба мазмуну мӯҳтавои гузоришу матлабҳои расонаҳои маҳаллӣ баён мекардед. Аз назари Шумо ВАО-и маҳаллӣ дар рушди ҷомеа чӣ нақше бозида метавонанд?
– Воқеан дар баланд бардоштани руҳияи меҳнатдӯстии мардум, ташвиқу тарғиби меҳнати ҳалол ва машварату маслиҳатҳои муфид ба кишоварзон нақши муҳимро телевизиони вилоятии «Хатлон» бозида метавонад. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун мавҷҳои ин шабакаи телевизионӣ дар бисёр маҳаллаҳои шаҳри Сарбанд намерасад. Намояндагони ин телевизион тез-тез ба шаҳри Сарбанд сафарҳои корӣ намуда, аз ҳаёти ҳамарӯзаи мардум ва рафти корҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гузоришҳо омода мекунанд, аммо мардум барномаҳои ин шабакаро тамошо карда наметавонанд. Яъне, мардум аз муҳимтарин воситае, ки метавонад, рӯҳияи меҳнатдӯстии онҳоро баланд бардорад, маҳруманд.
– Пас то замони беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ ба мавҷҳои радиову телевизион, адабиёти бадеию матбуоти даврӣ, халои маънавиро чӣ гуна бояд пур кард?
– Албатта, бештари кормандони сохторҳои гуногуни ҷомеа ба матбуоти даврӣ дастрасии хуб доранд, аммо мардуми оддӣ аз мутолиаи газету маҷаллаҳо ва адабиёти бадеӣ дур шудаанд. Имрӯз хоҷагию коллективҳои гуногуни шаҳри Сарбанд ба рӯзномаҳои гуногун обуна шудаанд. Вале дар нисбат ба нуфузи аҳолӣ имрӯз сатҳи хониш ҷавобгӯи талабот нест. Мо имсол тасмим гирифтаем, ки дар назди тамоми масоҷиду чойхонаҳо, нуқтаҳои истироҳатӣ, истгоҳу дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Сарбанд гӯшаҳои хонишро ташкил намоем. Боварии комил дорам, ки ташкили гӯшаи хониш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ раванди ҷалби мардумро ба мутолиаи матбуоти даврӣ ва адабиёти бадеӣ суръат мебахшад.
– Хуб мешуд атрофи иҷроиши Барномаи давлатии баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва таъмину ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон дар соҳаҳои хоҷагии халқи Сарбанд каме маълумот медодед.
–Имрӯз дар сохторҳои гуногуни давлатии шаҳри Сарбанд 46 нафар бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд. Албатта, ин нишондод қонеъкунанда нест. Дар ин самт гумон мекунам, то як панҷсолаи дигар баҳогузорӣ кардан оқилона ба назар наменамояд. Зеро барои дар амал иҷро намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, ба хусус таъмини баробарии кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда миёни занону мардон вақт лозим аст. Ҳарчи зиёд бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин шаванд, дар ҳамон сатҳ вазъи иҷтимоии бонувонро метавон баҳогузорӣ намуд.
– Нозуктарин мавзӯе, ки имрӯз байни ҳукумат ва мардум матраҳ мешавад, ин мавқеъгириҳо ва муносибат бо дини ислом ва масоили масҷиду муовизаи муллоҳо мебошад. Ба андешаи Шумо чӣ бояд кард, то масҷид манбаи тарбиявии мардуму амри маъруфи воизон роҳнамои ҷомеа дар корҳои ободонию созандагӣ бошад.
– Масҷид хонаи Худо аст. Ин мавзеи муқаддас дар замони пайдоиши дини ислом ва зуҳури китоби «Қуръон» натанҳо ҷойи намозгузорӣ ва ироаи амри маъруф, балки макони таълиму тарбия, ҷойи китобхонии мардум ва ҳатто меҳмонхона буд. Масҷид даргоҳи ҳалли тамоми масъалаҳои иҷтимоии мардум буду ҳатто додгоҳи ҷомеа низ маҳсуб меёфт. Бо мурури замон сохти давлатдорӣ ташаккул ёфту рисолатҳои масҷидро сохторҳои гуногуни давлат ба ӯҳда гирифтанд. Имомҳои масоҷиди замони мо бояд ҳамон вазифаҳои муқаддаси худро дар назди ҷамъият, ки аз ташаккули маънавии ҷомеа, тарбияи инсонҳо дар роҳи ҳақиқат ва созандагӣ иборат аст, идома диҳанд.
– Ба ақидаи баъзе нафарон, ки мегӯянд дар ҷомеаи суннатии мо барои зан дар як вақт, ҳам ишғоли вазифаи роҳбарикунанда ва ҳам ба хубӣ саришта кардани тамоми масъулияти оиладорӣ имконнопазир аст, чӣ андеша доред?
– Дар асл як гурӯҳ падарону бародарон ва шавҳарон монеи дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол шудани хонумон мегарданд. Барои давои ин дард ҳам вақт лозим аст. Алъон, бонуи коргар бояд дар кор ҷиддию дар хона ҳалиму меҳрубон бошад. Агар дар ҷойи кор роҳбари хуб аст, бояд дар хона ҳам хизматгузори хуби шавҳари худ бошад.
Ҷамолиддин Сайфиддинов