«Дар қиёс бо шумо мардҳо дили мо нармтару ҳассостар аст. Чунин нигоҳ ва меҳрро танҳо дар чашмони занҳо дидаам, аммо занеро медонам, ки баъди фавти марди дӯстдоштааш ба хотири риояи расму таъомул вориди қабристон намешавад. Соатҳо ҷониби мазор менигараду ашк мерезад. Намефаҳмам, чаро иҷозаи вурудаш намедиҳанд. Қавонини инсониро фаҳмидан барои ман мушки аст. Бештар ба қавонини дил эътимод дорам, аз ин рӯ сад нигоҳи пурмаломату дарди санги ҳавододаи шуморо таҳаммул хоҳам кард. Зеро баъд аз Офаранда наздиктарину ғамхортарин шахс бароям ӯ буд. Мефаҳмам барои наздикону пайвандонаш мушкили зиёд эҷод кард, аммо иродаи заъиф ва дӯстони бадхӯй варо ба ин роҳ кашиданд. Дар асл диле дошт меҳрубон ва ҳассос. Зиндагиро дӯст медошт. Шояд ҳарфи як пирсаг бароятон мақбул набошад, аммо мегӯям ва исрор хоҳам кард: марде буд дилсӯз ва азиз. Мисли ҳар инсони дигар дар дил орзуҳо дошт. Мехост таҳсили донишгоҳро анҷом бидиҳаду барои пешрафти ҷомеа саҳм бигирад. Шабу рӯз мутолиа мекард. Эҳтимол миёни сад ҷавони ҳамдарс беҳтарин буд, аммо он шабу рӯз вазъ чунон муташанниҷ ва сахт шуд ки дӯст дӯстрову ҳамдарс ҳамсабақашро мекушт. Дарди маҳалро мо сагҳо намефаҳмем. Шояд ин хушбахтии мо бошад, вале миёни инсонҳо ин як навъ маризиест, ки ба осонӣ метавонад миллатеро аз байн бубарад. Ду ҷавоне, ки то дирӯз бо ҳам ғаму шодиро қисмат менамуданд, пораи нонеро бо ҳам мехӯрданду мавриди мулоқот бо духтаре либоси беҳтар ва навтари якдигарро мепӯшиданд, ба ҷони ҳам уфтоданд. Бадбахтии ин наслро имкон дорад баъд аз гузашти солҳо бифаҳмем.
Рӯзе баъд аз латукӯби навбатӣ хуншор ба утоқи хобаш баргашт. Дарди бадан камтар аз дарди дил буд. Ба ҳеҷ ваҷҳ намефаҳмид, ки чаро ҳамсабақ ва ҳамрози дирӯза имрӯз душмани ҷонаш шудааст. Ба ҳарфи ҳамдиёронаш эътимод накард. Онҳо бошанд, ҳанӯз рӯзҳои аввали даргириҳо пойтахтро тарк гуфтанду ӯ тани танҳо, бе пуштупаноҳе дар Душанбешаҳр монд.
Об дар чашм ва дард дар қалб хобаш бурд. Вақте ба худ омад, ки утоқ пур аз одам шуда буд. Ба ҷароҳат марҳам молиданду таскинаш доданд. Ба суханони ғамшарикаш гӯш медоду аз дарди ботин худро ба ҳам мепечид. Сараш гич шуда буд. Дигар чӣ кор карданашро намедонист. Таби бадан баланд мешуду имкони ба кӯча баромадан набуд. Тири дайду ҳар лаҳза нафареро аз по медаровард.Дард шиддат мегирифту шаб интиҳо надошт…
Рӯзи дигар яке аз ҳамсабақонаш ба ҳоли ӯ нигоҳ карда, дилаш сӯхту гуфт: «Биё, табобатат мекунам». Ӯ аз ҷайбаш салафанеро берун карда, қисме аз маводи онро ба сигор печониду чанд дуд кашида, онро ба Расул дароз намуд. Расул бори аввал сигор мекашид, аз ин рӯ сулфа гулӯгираш кард. Ҳамсабақ бо ханда гуфт: «Баъд аз чанд дақиқа мефаҳмӣ, ки ба ғайр аз дарс хондан корҳое ҳаст, ки одамро рӯҳбаланду хушҳол менамоянд». Воқеан баъд аз чанде аввал сари Расул чарх заду дилаш шӯрид, вале оҳиста оҳиста дард кунд шуда, вақташ хуш гашт. Эҳ, кош он ҳамдарс намеомаду Расул ба дард таҳаммул мекард. Он лаҳзаи хурди фароғат ба тадриҷ ҳаёти соҳибамро ба сӯйи торикӣ ва ҷаҳолат кашид.
Расул ҳар лаҳзаи муносиб ба назди «дӯстонаш» мерафту баъд аз муддате сархушу маст берун мешуд. Ин сархушиҳоро оҳиста оҳиста дарду вобастагии шадид иваз кард. Дигар аз он ҷавони донишҷӯ, хушҳол, варзишгар ва ҳалим нишоне намонд. Аввал рафиқонаш аз ӯ дур шуданду баъдан ҳам ҳавсалаи мутолиа ва пажуҳиш. Агар мехост ба дарс меомаду агар не то нисфирӯз рӯйи бистар мемонд. Рӯзи вориди донишгоҳ шуду фармони хориҷ шуданашро дид. Агар Расули қаблӣ мешуд, эҳтимол худро мекушт, аммо нашъмандӣ ӯро чандон дигар карда буд, ки вазъаш тағйир ҳам нахӯрд.
Барои зистан дар пойтахт дигар имкони молӣ надошт. Ба ҷойи ҷомадоне, ки ҳама вақт пур аз китоб буд, маро рӯйи зону гирифту ба деҳа баргашт. Деҳаро қаблан хеле дӯст медошт, аммо ин навбат дар нигоҳаш чизеро нахондам. Ман бошам, аз дидани кӯҳҳои сарбафалаккашида ва осмони нилгун ба ваҷд омада, пасу пеш медавидаму худро ба рӯйи зонувонаш мепартофтам. Оҳ, чӣ хуш аст иваз кардани шаҳри пурғавғову пурдуд ба деҳаи орому хушҳаво! Ман рӯз ба рӯз калонтару пурҷусса мешудаму Расул бошад, лоғару мариз. Ӯ дар ин ҷо ҳам «дӯстон»-и нав пайдо кард. Шабу нимшаб ба хона бармегашт. Албатта, ҳар ҷойе мерафт ҳамроҳиаш менамудам, вале баъзан чанд саг якҷо шуда, баданамро мехоиданд. Он вақт каме дуртар аз маҳали меҳмонии Расул кулча зада, роҳпоӣ мекардам. Салом додани волидонашро фаромӯш мекарду овардани устухонеро барои ман не. На сухани падар таъсир дошту на нолаҳои ҷонхароши модар. Ӯ ба тадриҷ танҳонишин шуд. Хаёливу маҳзун шуда буд. Гоҳе сари маро оғӯш гирифта, талх мегирист. Ба ҳоли падару модар, орзуҳо ва ҷавонии аз дастдодааш. Соатҳо сарамро раҳо намекард. Як бӯйи нофораме дар баданаш пайдо шуда буд, ки диламро беҳузур месохт. Бо забонам дастонашро мелесидаму ба қаъри чашмонаш менигаристам. Умри ҷавонеро медидам, ки мисли шамъ месӯхт. Забонамро намефаҳмид, ки бигӯямаш: «Худро аз ин дӯстонат канор бигиру дигар он маводи бадбӯро накаш. Магар барои шодиву нишот ин сабзаҳои тару тоза ва ин чашмасори кӯҳӣ каманд? Чаро аз модари дилсӯз худро канор мегирӣ? Оё чашмони пурхумори духтарони деҳа дилатро ба ларзиш намеоранд? Чаро дигар китоб намехониву субҳдам аз шири нав душида наменӯшӣ? Охир, ту ҳамаи инро дӯст медоштӣ ку?
Ба ҷойи посух сарамро сила мекарду боз ҳам дунболи «дӯстонаш» мерафт, то он рӯзе, ки духтурон омаданду коре аз дасташон наомад, зеро ҳамнишастҳояш то дер вақт ҷуръат накарданд. Шояд бовар доштан, ки ин даъфа ҳам мегузарад»…
Мардони деҳа тайи чанд ҳафта мекушиданд сагро аз қабристон берун кунанд. На таҳдид асаре дошту на фиреб. Бо дидани пораи нон даҳони саг об ҷудо мекард. Ба назар мерасид, ки ҳамин алъон аз ҷояш мехезад, аммо лаҳзае баъд ҷониби қабри Расул нигоҳе мекарду сар пойин меандохт. Ҷисми пир, хаста ва гуруснаи саг лоғар мешуд. Лаҳзаи ғанаб ҳатто ба назараш менамуд, ки Расул дар даст пораи нон сӯяш меояд. Бо азоб чашмонашро боз мекард, баъд аз коҳиш ёфтани сӯзиш пешорӯяшро холӣ медиду аз нав сарашро рӯйи по мегузошт…
Субҳе садои писарбачаҳои деҳа баланд шуд: «Саги худораҳматӣ Расул дар нази гӯри соҳибаш мурдааст».
Эмомалӣ Сайидамирзод