Наврӯзро беш аз 400 миллион тан ҷашн мегиранд. Эҳтимол то поини садсола шумори наврӯзиён ба 2-2,5 миллиард бирасад. Вақт аст, ки дар бораи иди дигари ниёгонамон – Меҳргон ҷадал намоем
23 феврали соли 2010 Наврӯз дар нишасти Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба унвони ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд, ки пирӯзии шукӯҳманди фарҳанг ва тамаддуни ориёии ҳафтҳазорсола мебошад.
Зодгоҳи Наврӯз Ориёистон – сарзаминҳои ориёист, ки замонҳое аз ғарби Чин то баҳри Миёназамин ва аз дарёҳои Хоразм ва Гургон то уқёнуси Ҳинд дарозову паҳно дошт. Бисёре аз донишмандон ва пажӯҳандагон зодрӯзи онро ба Ҷамшеди Таҳмурас – подшоҳи хирадварзу нерӯманди Пешдодӣ нисбат додаанд. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - ҳамосаи миллии ориёиён гуфтааст, ки Ҷамшед дорои фари каёнӣ ё нури изадӣ буд, бо доду инсоф ба мардум шаҳрёрӣ мекард ва ҳунарҳои афзуне ононро омӯхт. Аз лобалои достони Ҷамшед бармеояд, ки ӯ монанди Сулаймони Довуд ҳам бар инсонҳо ва ҳам бар ҷинҳо ҳукумат дошт ва рӯзе ба ҷинҳо дастур дод, ки барояш тахт созанд, бар он нишаст, ба осмон фаро рафт, гаштугузор кард ва ба замин фуруд омад ва фармуд, ки он рӯзро бузург доранд ва бад-ин минвол ҷашни Наврӯз дар миёни қавми ориёӣ ойин шуд.
Ин ривояти Фирдавсиро бо рангубори гуногун Табарӣ, Берунӣ, Мақдисӣ, Балъамӣ ва Хайём такрор карда, Ҷамшедро бунёдгузори ҷашни Наврӯз ангоштаанд ва ин қавли ғолиб миёни пажӯҳишгарону фарҳеҳтагони муосир низ мебошад. Вале нуктаи таъинкунандаи ин баҳс он аст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва растохези гулҳову шукуфаҳо, зебоиҳову накӯиҳо маҳз дар миёни ниёгони мо зойиш ёфт ва дар дарозои садаҳо по басо фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёии Эрони Бузург ниҳод ва оҳиста-оҳиста қабилаву тираҳои ноориёиро низ зери нуфузи қудратманди худ қарор дод. Агар мо имрӯз ба густураи ҷуғрофиёии густаришу асаргузории Наврӯз нигарем, дармеёбем, ки сарзаминҳои наврӯзӣ баробар ба нимае аз қораи Осиёст ва кишварҳои Тоҷикистон, ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Туркия, Сурия, Покистон, Кашмири Ҳинд, Уйғуристон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон, Албания, Босния, Ҳерсоговина ва Мақдунияро дар бар мегирад. Ба забони шоирона гӯем, ки ин кишварҳо иттиҳоди наврӯзиро созмон медиҳанд. Наврӯз онҳоро муттаҳид месозад, сурур хурсандиро армуғон менамояд, хайру эҳсон, меҳрбонию некукорӣ, дилёбию дилдориро талқин мекунад. Наврӯз рӯзи бозгашти дубора ба оғӯши табиати модар аст, ки кас ба фазои беинтиҳо пар мегушояд, бо гулҳову гиёҳҳо сухан мегӯяд, гӯё аз нав зинда мешавад, мадору нерӯи тоза меёбад, покию сафои ботин ҳосил мекунад.
Дар айёми мо бештар аз 400 миллион нафар дар ҷаҳон Наврӯзро ба ҳайси ҷашни миллии худ мешиносанду хуҷаста медонанд ва дар ағлаби мамолики наврӯзӣ се рӯз истироҳату тафреҳ эълом шудааст. Бо афзоиши муҳоҷирати кории ақвоми наврӯзӣ ба чаҳор ақсои олам Наврӯз ва фарҳанги наврӯзӣ ҳам рӯ ба муҳоҷират ниҳодааст ва бахше аз мардумони бумии Русия, Украина, Белорус, Олмон, Ингилистон, Фаронса, Испониё, Итолиё, ИМА, Канада, Бразилиё, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ низ сари хони ҳафтсин менишинанд ва бо қавмҳои наврӯзӣ ҳамчағонаву ҳамтарона мешаванд. Метавон ҳадс зад, ки Наврӯз дар поёни асри бистуякум ба аксари кишварҳо ва ба аксари дилҳо роҳ меёбад ва шумори наврӯзиён ба 2-2,5 миллиард хоҳад расид. Наврӯз як омили бунёдини ҳамдилсозию ваҳдатофаринист ва фарҳанги сулҳ, гуфтугӯ, мадоро, ҳамфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва ҳамёриро мегустаронад ва нерӯву иқтидор меафзояд.
Мо ориёиён ҷашне дигар бо номи Меҳргон дорем, ки низ меҳрубонӣ ва мақоми ҷаҳонӣ мехоҳад. Меҳргон намоду мазҳари пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ва чирадастии нур бар зулмат аст. Рӯзе ки ба сари Фаридун тоҷ гузоштанд, нахустин рӯзи меҳрмоҳ буд, ки ба 20-21 октябрмоҳ баробар аст, он рӯзро ҳумоюну фархунда донистанду ҷашн оростанд, гулханҳо афрӯхтанду анбару заъфарон сӯхтанд. Дар поёни солҳои шӯравӣ як кӯшише барои зиндадории Меҳргон ба масобаи рӯзи ҳосилу борварӣ дар бархе аз нуқоти ҷумҳурӣ оғоз шуд, аммо пасон аз ёдҳо рафт. Меҳргон ҳам аз зеботарину волотарин меросҳо ва сармояҳои таърихиву фарҳангии ниёгонамон мебошад ва месазад, ки дубора бо ғиреви сурнаю карнаю дафу дуҳул зиндаву поянда шавад ва ба саросари гетӣ интиқол ёбад. Он рӯз бояд шаҳру рустоҳоро озин баст, дегҳои суманакро ҷӯш дод, базму шодмониҳо орост, зангори кинаву кудурат аз ойинаи синаҳо зудуд, аз хешовандон диду боздид ба амал овард, беморонро ҳолу ғамдидагонро дил пурсид, сари ятимонро навохт, ба нодорон хайру эҳсон кард. Нишоту ҳалҳала ҳангоме арзишманд аст, ки ҳамагонро фаро бигирад ва ҳамагон эҳсоси суруру шодмонӣ кунанд:
Рӯзи меҳр аст, меҳрбонӣ кун,
К-аз ҳама чиз меҳрбонӣ беҳ!
Фарвардини НАВРӮЗШОҲИЁН
НАВРӮЗИ ҲАМВАТАНОН МУБОРАК !