- Хонум Маҳингул, лутфан бигӯед, ки барои чӣ рақс дӯстдорони зиёд дораду дар барномаи фарҳангӣ ҳам мақоми меҳварӣ дошт?
- Рақс яке аз қадимтарин намудҳои санъат аст, ки аз анъана ва фарҳанги иҷрокунандагони он ҳикоят мекунад. Аз ин сабаб лозим шумурдем, ки санъати мардуми ин куҳандиёрро бештар ба воситаи намудҳои гуногуни рақс муарриффӣ кунем ва фикр мекунам, то андозае муваффақ ҳам шудем.
Дар Бадахшон намудҳои зиёди рақси занона ва қариб 14 намуди рақси мардона иҷро мешуданд, ки айни ҳол бархе аз онҳо аз байн рафтаанд. Рақси мардона дар қиёс бо рақси занона, ки аз ҳаракатҳои мавзуну мулоим ва нозук иборат аст, аз кас назораи тезу барроқ, ҳаракат ва покубиҳои гиро талаб мекунад. Аммо тамошобинон имкон доштанд, ки гуногунрангии ин намуди санъатро бубинанд ва аз тамошои он лаззат баранд. Тавре дидед, дар майдони ҷашн кабутарони сафед – рамзи сулҳ, осоиштагию созандагӣ парафшонӣ доштанд ва сиёҳии хираи уқоби сиёҳ, ҳарис ва тезчангол зери ин сафедӣ ва рушаниҳо нопадид буд. Рақси кабутар ва уқоб таҷассумгари муборизаи неруҳои некӣ ва бадӣ, яке аз рақсҳои қадимаи мардуми Бадахшон аст. Дар давраи собиқ шуравӣ рақси кабутар ва уқобро бештари вақт бо сабабҳои идеоложӣ ҷудо-ҷудо ба саҳна мегузоштанд, зеро уқоб муқаддасоти миллии бархе аз кишварҳои дӯст маҳсуб мешуд.
- Аммо Шумо рақси уқоб ва кабутарро такмил дода, аз нав ба саҳна гузоштед. Лутфан бигуед, ки оё эҳёи ин рақсро мухлисон чӣ гуна пазируфтанд?
-Такмил додану аз нав саҳнавӣ гардондани ин рақс ба давраи торафт хомӯш гардидани ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои созишномаи ризоияти миллӣ рост омад. Дасти наҷотбахше, ки уқобро маҳв сохт, дар мазмуни нав нерӯҳои солими миллатро ифода мекард, ки нагузоштанд сиёҳӣ ва бадиву иртиҷоъ бар ҳаёт ва созандагӣ ғолиб оянд. Аз тарафи дигар рақси уқоб ва кабутар рамзи аз вартаи гирдобҳои сиёсӣ берун омадану эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ифода мекунад.
Онро дар ҷараёни сафарҳои ҳунарӣ, дар толорҳои театрҳои Амрико, Канада ва Инглистон намоиш додем.Дар саҳнаҳои театрии хориҷӣ аз лаҳзаи парафшон шудани кабутаракони сафед бо авҷ гирифтани зарби мусиқии омехта бо ҳаракатҳои зебои ҳунармандон, ки қалбҳоро лабрез мекард, мухлисон то ба охир беист кафкӯбӣ мекарданд. Зеро онҳо дар симои кабутар талош барои соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва созандагии мардуми як кишвари ҷавони соҳибистиқолро медиданд ва аз ин истиқбол мекарданд,- афзуд Маҳингул.
Уқоб ё шоҳин дар алоҳидагӣ рамзи ғурур, назарбаландӣ, ирода ва талош барои озодӣ ҳам аст ва хеле зебо иҷро мешавад.
- Аммо фаъолияти эҷодии Маҳингул чӣ гуна шурӯъ шуд?-мепурсам аз ҳамкори Маҳингул, ҳунарпеша Қиматшо Парпишоев.
- Пас аз хатми шӯъбаи актёрӣ ва драмаи донишкадаи ҳунарҳои зебои пойтахт дар соли 1976-ум ба театри мусиқи мазҳакавии Хоруғ ба кор омад. Дар нақшҳои Зуҳро аз спекталҳои «Тоҳир ва Зуҳро » , Юленка аз «Камбағали айб нест», Башоратхон аз «Виҷдонатонро бедор кунед», Фарангис аз «Достони Сиёвуш» бозӣ кард. Маҳингул ҳамаи нақшҳоро хуб иҷро кард. Вале нақши Фарангисро барҷаста офарид ва интихоби Маҳингул барои иҷрои ин нақш тасодуфӣ набуд.Зеро симои зоҳирӣ ва ботинии қаҳрамони зебо, ҳассос ва муборизу озодипараст ба тинати бозигари он мувофиқат дошт.
- Маҳингул зиёда аз 15 сол боз дар идораи фарҳанг фаъолият дорад ва тайи солҳои охир шӯъбаи фарҳанги шаҳрро роҳбарӣ мекунад. Вазифа барои ин зан масъулият ҳаст, масъулияти хубтару беҳтар барои ҳастии худро бахшидан ба рушди санъат, - мегӯяд дар бораи Маҳингул сардори идораи фарҳанги Бадахшон Муҳиддин Пайшанбиев.
Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Бовар Хусравов Маҳингулро дар ҷодаи санъат номбардори сазовори модар- нахустин ҳафизи халқии Тоҷикистон аз байни бонувон, навозанда ва созандаи машҳур Моҳҷон Назардодов мешуморад, ки созу навояш дар ҳар хонаводаи бадахшонӣ танинандоз аст.
Маҳингул бовар дорад, ки рӯзҳои душвор ва бӯҳронӣ барои фарҳанг паси сар шуданд.Баргашти 8 нафар ҳунарпешаро ба театр ва афзоиши шумори алоқамандони санъатро дар дастаҳои ҳаваскорон фоли нек медонад.
Ба фикри Маҳингул душвориҳои иҷтимоию иқтисодии солҳои охир ба фарҳанги минтақа таъсири манфӣ расонданд.Вале санъати рақс, ки дар умқи қалби мардум ҷой гирифта, дар маросимҳои шодиву андӯҳ мардумро ҳамроҳӣ мекунад,бештар аз ҳама аз таҳоҷуми фарҳангӣ ва махлутшавӣ эмин мондааст.
- Ба хотири ҳифз ва эҳёи рақс мехоҳам ансабли халқии рақс таъсис диҳам.Зеро рақсро беҳтарин василаи муаррифӣ намудани тамаддуни қадимаи ориёи, зебоӣ ва гуногунрангии фарҳанги мардум ба тамошогарон медонам,- изҳор дошт Маҳингул.
Меҳр ба рақс ва малакаи саҳнавӣ гардондани онҳоро дар дили Маҳингул балетмейстри шинохта Мамадназар Отамов, ки дар ансабли «Помир» ва сипас солиёни зиёд дар театри Хоруғ кор кард, ҷо додааст.Вале имрӯз дар паҳлӯи Маҳингул дар қатори ҳунармандони касбӣ гурӯҳи санъаткорони ҷавон, ба мисли Малина ва Аниса Мусоҳибоваҳо, Мавзуна Нусайриева, Гулзор Давлатшоева,Хуршеда Ватанбекова фаъолият доранд, ки мактаби камолоти касбиро гузоштанд ва қодиранд мустақилона барномаҳои рақсиро ба саҳна гузоранд.
Ҳунарманд раванди ташаккул ёфтани мактаби рақсро аз ҳисоби алоқамандони ин намудаи санъат қадами авввал ба сӯйи орзуи таъсиси ансабли халқии рақсӣ дар Бадахшон арзёбӣ мекунад. Бовар дорад, ки вуҷуди чунин ансамбл ба эҳё ва ҳифз намудани ин мероси фарҳанги бостонӣ кӯмак мекунад ва дунёи рақси мардуми кӯҳистони Бадахшонро бо тамоми зебоӣ ва шукӯҳаш аз нав ба ҷилва медарорад.