«Ба ҳамаи онҳое, ки имрӯз ба намоишгоҳи аксҳои «Сарқонуни Қазоқистон: давлат ва одамон» таваҷҷӯҳ зоҳир кардаву ин ҷо омадаанд, ташаккур мегӯям», - бо ҳамин суханони сафири фавқуллода ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон, Агибай Смагулов намоишгоҳи аксҳо оғоз ёфт.
Таваҷҷӯҳи ҷамъомадагонро бештар аксҳои пойтахти ободу зебои Қазоқистон,шаҳри Остона, табиати зебои ин кишвар, ишноотҳои сохтмонии пуриқтидори навбунёд ба худ ҷалб карданд.
Абдулазизи Восеъ, як хабарнигори тоҷик гуфт, ки бештар аз акси аҷиби духтаре, ки бо либосҳои миллӣ, дар даст уқоберо нигоҳ медорад, хушаш омада. «Дар шароити имрӯзи пешрафт ва ҷаҳонишавӣ ин акс бисёр рамзист. Аввалан уқоб паррандаи баландпарвоз аст, баъдан соҳиби чанголҳои қавӣ. Акси муваффақ».
Ёдовар мешавем, ки 30-августи соли 1991 Ҷумҳурии Қазоқистон соҳибистиқлол шуда буд ва мардуми қазоқ ҳар сол дар ҳамин сана солгарди навбатии истиқлолияти кишварашонро ҷашн мегиранд. Намоишгоҳ то санаи 5-уми сентябр идома меёбад ва хоҳишмандон метавонанд аз он дидан намоянд.