Сабаби аслии рӯи сафҳа омадани ин навишта он аст, ки як дӯстам зимни сӯҳбати телефонӣ аз он изҳори норизоӣ кард, ки баъзе воизони кишвар ҳангоми баррасии масоили заношӯӣ ва низ тавсия дар мавриди ҳуқуқи марду зан, аксаран аз вазифаҳои зан дар назди шавҳар сухан мегӯянду вазифаи мардро бештар дар назорат ва танбеҳи зан медонанд. Дар ин миён кас ба андеша меафтад, ки оё зан ҳам дар ислом ҳуқуқе дорад ва оё ин дини саропо адолату мантиқ ба души мард дар баробари ҳамсари худ вазифа ва масъулияте низ гузоштааст?
Аз ҷумла, он дӯстам аз як мавъизаи эшони Нуриддин Тураҷонзода ёд кард, ки гуфтааст, агар мард бероҳа шуд, ин ҷо пеш аз ҳама гуноҳи занаш аст. Зеро ба эҳтимоли зиёд зан аз ягон ҷиҳат ӯро қонеъ накардааст, ки мард ба роҳи чап рафтааст. Ва ин воизи номӣ мисол овардааст, ки агар мард ба хона нисфи шаб ояду занаш хоб бошад ва ӯ худаш чой дам карда хӯрад, аз ин зандорӣ чи фоида? Зан бояд то омадани шавҳараш бедор истода, барои ӯ хӯроки гарм тайёр намояд (ин ки он мард то нисфи шаб дар куҷо буд, ҳазрати эшонро аслан ба ташвиш намеорад)…
Аввал ин ки тибқи мутолиаҳои худам ва бардоште, ки аз сӯҳбат бо донандагони хуби фиқҳи исломӣ доштам, пухтани ғизо, шустани либос ва нигоҳубини кӯдакро дини ислом вазифаи ҳатмии зан намешуморад. Ҳатто ин ҳақро ба зан медиҳад, ки бе ҳеҷ узру беморӣ, фақат ба хотири майл надоштан ба нигоҳубини тифл, аз ин кор метавонад сарпечӣ ҳам намояд. Дар ин сурат дини ислом мардро вазифадор намудааст, ки ё худаш нигоҳубини тифлро ба ӯҳда бигирад ва ё барои ин кор дояе киро кунад, вале ҳаққи маҷбур кардани зани худро надорад…
Ин масъала дар назари аввал каме аҷиб ба назар мерасад. Яъне, чӣ гуна модар аз нигоҳубини тифли ба ҷон баробари худ рӯй метобад? Оре, ҳеҷ модар ин корро намекунад. Аммо фалсафаи ин фармудаи ислом он аст, ки ба мардҳои мағрур бифаҳмонад, агар модарон ин корро мекунанд, аз рӯи вазифа нест, аз рӯи отифа ва меҳрубонӣ ба кӯдак ва падари ӯст. Бинобар ин, бояд мард қадри занро бидонад ва ба зан миннат накунад, ки ӯ дар берун кор мекунаду зан дар хона бекор нишастааст. Ҳамчунин, дар ягон ояту ҳадис наомадааст, ки кори хона ҳатман бар дӯши зан аст. Албатта, зану мард ҳақҳое бар гардани якдигар доранд. Вале оила бар пояи гузашт устувор аст, на ҳақситонӣ. Яъне, агар баҳси аслӣ дар хона ин бошад, ки ҳаққи мард кадом асту ҳаққи зан чист, рӯзгор ба маънои воқеияш табоҳ мешавад. Бояд гузашт, муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар хона ҳоким бошад, то зиндагӣ маънову мафҳуми худро пайдо намояд.
Занҳои мо одатан хеле аз ҳуқуқҳои худро нодида мегиранд ва корҳоеро анҷом медиҳанд, ки махсус бар гардани онҳо нест. Аз кори идорӣ гирифта, то кори саҳро, нигоҳубини гову мол ва, албатта, корҳои хона. Пас бояд мардон ҳам ба қадри заҳмати занон бирасанд ва бо додани имтиёзҳое дар дигар бахшҳои зиндагӣ, хидмати онҳоро ҷуброн намоянд.
Намедонам чаро ҳангоми баҳс дар бораи ойини занушавҳарӣ воизони мо фақат роҷеъ ба ҳуқуқҳои мард болои зан сӯҳбат мекунанд, вале аз ҳуқуқҳои зан намегӯянд? Наход танҳо ба ин хотир, ки ҳама воизон марданд? Мутаассифона, ҷомеашиносии воизони мо дар сатҳи поин қарор дорад. Вагарна, дар ҷомеаи мардсолори мо, ки бе ин ҳам занҳо ҳеҷ ҳуқуқе надоранд, сӯҳбат аз ҳуқуқҳои зан бамаротиб одилонатару мунсифонатар ва, албатта, заруритар аз сӯҳбат дар бораи ҳуқуқҳои мард аст.
Ҳар чиз ҳадду ҳудуде доштагист. Ин сӯҳбатҳои доимӣ ва мардписанди воизон дар бораи ҳокими мутлақ будани мард дар хона чунон таъсире бар рӯи мардон гузоштааст, ки ҳатто мардоне, ки на исломро қабул доранду на муллоро, мудом барои паст задани зан аз ҳамон мавъизаи муллоҳо ёд мекунанд, дар ҳоле ки худ оддитариан фармудаи исломро ба ҷо намеоранд. Як рӯз шунидам, ки дар маҳаллаи дуртар аз мо як марди майхораи бангии бенамоз ба зани корманд ва маълумоти олидораш гуфтааст, ки тибқи фалон мавъизаи Ҳоҷӣ Мирзо, агар бадани мард саршор аз обилаву зардоб ҳам бошад, ин ҳақро дорад, ки занаш он баданро лесида тоза кунад…
Ростӣ, ман намедонам ин воизи мӯҳтарам (агар гуфта бошад) чунин суханро аз куҷо ва аз номи кӣ гуфтааст? Вале мантиқан пай бурдан мушкил нест, ки ҳадаф ин ҷо муҳаббат аст, на ҳақ. Бале, агар зан шавҳарашро воқеан дӯст дорад (ва ин мард сазовори чунин дӯстдорӣ бошад), ҳар коре барояш мекунад, ҳамон тавре ки мард барои зан мекунад. Вале ин ҳаққи мард бар гардани зан нест-ку…
Дар ҳамин ҷо аз мавзӯъ берун нарафта, мехоҳем барои воизони мӯҳтарам як тавсия намоем. Шумо саъй кунед, омӯзиш ва баёни худро беҳтар созед. Як андеша бо вуҷуди хеле хуб буданаш, агар хуб баён нагардад, ба мухотаб хуб намерасад ва хуб ҳам қабул намешавад. Масалан, ҳамон ҳадиси маъруфи Паёмбарамон «Куллукум роъин ва куллукум масъулун ан раъийятиҳӣ»-ро мегирем. Маънии ҳадис ин аст, ки ҳар кадоми шумо роъӣ (шарҳи ин калима каме поинтар меояд) ҳастед ва ҳар кадоматон масъули касоне ҳастед, ки раъияти шумоянд. Вожаи «роъӣ» ба чанд маънӣ меояд. Аз ҷумла; посбон, нигаҳбон, пуштупаноҳ, сарпараст, идоракунанда ва ахиран чӯпон. Вале аз чандин воиз шунидаем, ки ҳангоми хондани ин ҳадис ҳатман «роъӣ»-ро «чӯпон» тарҷума мекунанд. Ва дар шарҳи хадис мегӯянд, ки «Шумо чӯпон ҳастеду хонаводаатон-гӯсфандони шумо»… Оё ин паст задани шаъни инсон аз номи дин нест? Боз аз номи дине, ки инсонро ҷонишини Худо дар замин ва шарифтарин офаридаи Худованд медонад.
Ва ё мисоли дигар, Ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро аз 22-02-12 гирифтаму чашмам ба мусоҳибаи муфассали Ҳоҷӣ Мирзо афтод. Ҳоҷӣ нақл мекунад, ки «Ҳазрати Умар (р) аз дари хонае мегузашт ва дид, ки зане танҳо дар бистар хоб аст ва беқарорӣ мекунад, зеро шавҳараш муддати зиёдест, ки ба ҷиҳод рафтааст…» Худоё, охир халифаи муслимин ба ҷойгаҳи хоби одамон назар мекард?! Мутмаинам, ки дар ин ҷо ё иштибоҳи Ҳоҷӣ Мирзо ҳангоми тарҷумаи кадом ривоят аз арабист ва ё заъфи баёни тоҷикии ӯ, ки мутаассифона, муҳаррирони ҳафтанома ҳам заҳмати таҳрирашро бар худ раво надидаанд.
Ва ҳоло баргардем ба мавзӯи мавриди назарамон - ишқ ва дин. Дар кулли адёни олам ишқ-дӯст доштан, хоса дар оиладорӣ аз ҳадяҳои худовандӣ ва бахти инсонҳо шумурда мешавад. Дар ҳама каломи худовандӣ таблиғи муҳаббат ба Парвардигор ва ишқи инсонҳо ба ҳамдигар дар мисоли эҳтироми калонсолон, гирифтани дасти уфтодагон, сила кардани сари ятимон, хайру сахо кардан ба камбизоатон, ҳолпурсии беморон, иззати меҳмон, арҷи мусофирон, накӯӣ ба атфол, посдории рӯҳи гузаштагон, ҳурмати устод, қиблагоҳии волидон ва ҳатто садақа ба гадоён ҳамчун амалҳои савоб маҳсуб гашта, хилофи ҳар амале бар ин фармудаҳо гуноҳ шумурда мешавад, ки ҳамаи онҳо сарчашма аз ишқ, муҳаббату меҳрубонӣ ба инсон мегиранд.
Дини мубини Ислом ҳатто никоҳи зану мардеро. ки ҳамдигарро намехоҳанд (яъне дӯст намедоранд, бар ин никоҳ розӣ нестанд) дуруст намешуморад. Пас ин воизон ин қадар сахтиҳову бадбиниҳо ва зулму носипосиро нисбати занон (ба ҳеҷ ваҷҳ ман наметавонам бовар кунам. ки фармудаи динӣ ҳастанд) аз куҷо меоранд? Ва гузашта аз он, чаро ба омма чун фармудаҳои шариат талқин мекунанд?
Умедворем афроди босавод инчунин мавъизаҳоро шунида, зинҳор пайравии фармудаҳои хушунаткоронаи ононро намекунанд. Вале кам нестанд ашхоси бесаводе, ки гумон мекунанд, ки ҳар гуфтаи воизе фармудаи Худо ва қавонини шариат аст.
Аз ин рӯ, инсонҳоро нахуст савод, ақл ва шинохту идроки мантиқӣ мебояд. Ва агар ин ҳамаро надоранд, ақаллан бояд аз касе бипурсанд, ки ин «фармуда» дар кадом ояти Қуръон аст? Азбаски «Каломи шариф» ба хати кириллӣ қариб дар ҳар як хонадон дарёфт мегардад ва тафсирҳои хубе ҳам рӯйи кор меоянд, метавон роҳат ба суоли хеш посух ёфт. Дигар мо дар он замони ҷаҳолате нестем, ки ду- се «чашми хатдор» рӯшангари роҳамон бошад. Шукр, ки босаводии саросарӣ дорем.
Дини мо ҳеҷ гоҳе хилофи ишқу дӯстдорӣ, эҳтирому муҳаббат миёни инсонҳо, хоса зану шавҳар нест. Беҳтар аст, ки Исломи ҳақиқиро худ биомӯзем, то як нафаре натавонад бо ваъзи «талхакафкунанда»-и хеш ҳаёти моро ба ҷаҳаннам бадал созаду ба ҷои дӯст доштану бо муҳаббат зистан тарс, даҳшат, зулм бар занону духтарон ва поймол кардани ҳақи онҳоро бароямон тарғиб кунад.
Ишқ ҳадяи илоҳист, ҳамдигарро дӯст доред ва бидонед, ки ҳатто муносибати мо ба Худованд ва дин ҳам бояд дар асоси муҳаббат бошад, на тарс!
Ҳуриннисо Ализода