Дар ҳамин шабу рӯзе, ки дар кишвар муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» давом дорад, сокинони деҳаи Саъдии Шерозии ноҳияи Вахш изҳори ташвиш доранд, ки 20 сол боз фарзандони онҳо баъди хатми синфи 4-ум аз мактаб дар канор мемонанд.
Раиси маҳалла Саидҷафъар Аҳёев шумораи эҳтимолии наврасони аз мактаб дар канормондаро 500 нафар арзёбӣ менамояд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфти мардум дар қисмати дуввуми деҳаи Саъдии Шерозӣ, ки дар он сӯйи заминҳои кишоварзӣ воқеъ аст, теъдоди аҳолӣ ва фарзандони аз мактаб дурмондаи онҳо бештар аст.
Дар даромадгоҳи деҳа бо Шавкат, ки ҷойи мактабхонӣ ба ҷӯйборканӣ машғул буд, вохӯрдем. Ба гуфтаи ӯ: «Баъди хатми синфи чаҳоруми мактаби ибтидоии деҳа моро ба мактабҳои таҳсилоти умумии дурдаст фиристоданд. Наздиктарин мактаби умумӣ аз деҳаи мо 7 километр дур буд. Бар замми ин, бояд ҳар рӯз аз болои пули ларзонак мегузаштем. Калонсолони деҳа хубтар медонанд, ки чанд нафар вақти аз пул гузаштан ба наҳр афтода, ба ҳалокат расидаанд. Ба болои ин, дар он мактаб «анъанае» будааст, ки хонандагони «омад»-ро хуш надоштаанд ва дар як ҳафтаи таҳсил чандин маротиба мушту лагад ҳам хӯрдем. Ҳамин тавр, аз синфи 5 таҳсилро тарк карда, бесавод мондам. Имрӯз бояд дар синфи 11 таҳсил мекардам».
Сокини деҳа Қурбоналӣ Раҷабов, зимни роҳнамоии мо ба назди пули ларзонак, иброз дошт, ки ин пулро солҳои 60 олмонҳои маскуни ин ҷо сохтаанд. Он солҳо зарурияти аз пул гузаштани наврасон набуд, зеро мактаббачаҳоро мошини мусофирбар бо роҳи калон ба мактабҳои дурдаст мебурд. «Якчанд сол пеш фарзанди маҷрӯҳи ман ҳам вақти мактаб рафтан аз пул ба наҳр афтоду хушбахтона, наҷот ёфт, -афзуд ӯ ва сипас беунвон суол дод: -–Шумо розӣ мешавед, ки ҳар рӯз фарзандатон ду маротиба аз ин пули марг танҳо гузарад?»
Тибқи гуфтаи фаъолони деҳа ҳанӯз аз солҳои 90 онҳо барои бунёди мактаби умумӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардаанд. Аммо чандин маротиба аризаҳояшон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди мактаб аз кумитаи заминсозии ноҳия гум шудааст.
Раиси маҳалла иброз медорад: «20 сол боз мушкилоти норасоии мактаби умумӣ барои фарзандони деҳа ҳалли худро намеёбад. Аз се, ду фарзандам баъди хатми мактаби ибтидоӣ аз мактаб дар канор мондаанд. Фарзанди сеюм моҳе як-ду маротиба ба мактаб мераваду халос. Зеро то мактаби боло 14-15 километр роҳ аст. Ҳеҷ мумкин нест, ки наврасон дар як рӯз ин миқдор роҳро тай кунанд».
Мадина - духтари Саидҷафъар Аҳёев, ки баъди хатми мактаби ибтидоии деҳа аз таҳсил дур мондааст, мегӯяд, ки «дар як синф 28-30 нафар мехондем. Баъди хатми синфи чорум моро ба мактабҳои дурдаст равон карданд. Аммо азоби роҳи дуру тарси гузаштан аз пули ларзонак боиси аз мактаб барканор мондани мо шуд. Аз ҳамсинфҳонам ҳамагӣ ду-се нафар, ки аз оилаҳои дорандаанд, барои таҳсил ба дигар мактабҳои ноҳия рафтанд, боқӣ ҳама таҳсилро қатъ карда, бесавод монд».
Ҳамсинфҳои Мадина - Шаҳноза ва Шаҳло иброз медоранд, ки бемасъулиятии калонсолон орзуҳои онҳоро барбод дод. «Аз ҳамсинфони ман, - мегӯяд Шаҳноза, - чор-панҷ нафар духтар орзуи духтур шуданро доштанд, дигарон омӯзгору судя шудан мехостанд. Ин духтарон, ки имрӯз бояд дар синфи даҳум таҳсил мекарданд, аз кори саҳро ва хонанишинӣ ба танг омада, иброз медоранд: «Агар дар деҳа мактаб барои синфҳои болоӣ бунёд шавад, омодаем, ки ба 16-17-солагии худ нигоҳ накарда, таҳсилро ҳатто аз синфи панҷум ҳам бошад, идома диҳем. Зеро аз кори саҳрову бекорӣ безор шудаем». Ба мо китоби бадеӣ кам дастрас мешавад, ночор ҳамон китобҳои дарсии бародарони кӯчакамро такрор ба такрор мехонам, то ки бесавод намонам. Мо ин қадар ҳаваси хондану орзуҳои ширин доштему афсӯс, ки ҳукуматдорон деҳаи моро фаромӯш кардаанд…»
Мактаби ибтидоии деҳа, ки дар он 78 нафар таҳсил мекунанд, ҳоли табоҳе дорад. Норасоии мизу курсӣ, синфхонаҳо ва ҳолати бинои мактабро, ки соли 1959 сохта шудааст, бо чашми худ дида, бовари кас намеояд, ки соли 2011 дар як деҳаи 8-9 километр дуртар аз маркази маъмурии Хатлон қарор дорад. Мирзохон Шобуддинов - мудири «мактаби кӯҳна» мегӯяд, ки «мо - 3 нафар омӯзгор аз дигар деҳоти ноҳия 7-8 километр роҳро тай карда, ба кор меоем. Соле аз 30 то 40 нафар наврас синфи 4-умро хатм карда, теъдоди ангуштшуморе аз оилаҳои доранда барои давом додани таълим ба мактабҳои дурдаст мераванду боқӣ аз таҳсил дар канор мемонанд». Мақсуда Асоева–омӯзгори синфҳои ибтидоӣ иброз медорад, ки бо 230 сомонӣ музди маоши омӯзгорӣ ҳар рӯз аз 6-7 км дурӣ ба ин ҷо омада, дар ду бахш ба насли наврас дарс мегӯяд. Дар ҷавоби суоли «дар куҷо хӯроки нисфирӯзӣ истеъмол мекунед?» Мақсударо шарму ҳаё фаро мегирад. «Мо, омӯзгорони ин мактаб, хӯроки нисфирӯзиро танҳо рӯзҳои истироҳат, дар хона мебинем. Боқӣ фақат саҳару бегоҳ дар хона тановул мекунему халос…» - ба ҷои ӯ ҷавоб медиҳад мудири мактаб.
Неъматулло Зардиев - сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Вахш мегӯяд, ки масъулин аз вазъи таълиму тарбияи фарзандони деҳаи Саъдии Шерозӣ хабар доранд. Ҳукумати ноҳия ваъда кардааст, ки бо роҳи ҳашар ва кӯмаки молиявӣ оянда дар ин деҳа мактаби нав ба истифода медиҳад.
Тибқи иттилои расмии раёсати маорифи вилояти Хатлон айни замон дар ноҳияи Восеъ як мактаб дар вагон воқеъ буда, 76 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дар сурати ба низоми нави таҳсил гузаштан норасоии 720 синфхона ба назар хоҳад расид. Имрӯз дар ҳудуди вилоят 1346 наврас аз мактаб дар канор мондаанд.
Бояд гуфт, ки дар 20 соли охир бори аввал соли гузашта дар ҳудуди ноҳия бунёди якчанд мактабу синфхонаҳои иловагӣ сурат гирифт. Танҳо дар як соли охир, ба ҷуз бунёди як мактаби таҳсилоти умумӣ барои 620 хонанда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия 23 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Барои ҳалли мушкили сокинони деҳаи Саъдии Шерозӣ кай иқдоми ҷиддие карда мешавад, маълум нест. Онҳоро андешае ба ташвиш овардааст, ки дар сурати қабул шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти тақрибан ҳазор нафар наврасони аз таълим дарканормондаро кӣ ба дӯш мегирад?
Ҷамолиддин Сайфиддинов