Оид ба вокуниши котиби матбуотии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба мақолаи «Илмда биё, бача!» («БТ», №12, 2010) бояд гуфт, ки дуруст, мувофиқи фармони ректори ДДК Н.Давлатова и.в мудири шӯъбаи аспирантураи донишгоҳ мебошад, вале иҷрои ин вазифа вақти муайяне доштагист, наход он қариб ду сол идома ёбад ва дар донишгоҳе, ки даҳҳо номзаду доктор ва дотсенту профессорҳо дорад, шахси доимие барои иҷрои ин амал ёфт нашавад? Охир, тибқи қонун и.в. на зиёдтар аз се моҳ роҳбариро ба ӯҳда дошта метавонад.
Котиби матбуотӣ менависад, ки шӯъбаи аспирантураро то имрӯз 9 неву 15 нафар хатм кардаанд. Таваҷҷӯҳ кунед ба мақола: «Тавре мавсуф мегӯяд, шӯъбаи аспирантураи назди ДДК соли 2005 ташкил ёфта, то ба имрӯз онро 9 нафар хатм карданд ва 5 нафар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои худанд. Имрӯз дар шӯъбаи рӯзона 9 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона 21 нафар таҳсил доранд…» Яъне, ишора шудааст, ки панҷ нафари дигар он замон дар арафаи ҳимоя буданд ва то чопи мақола шумораи дастпарварони шӯъба афзудааст.
Дар бораи вуҷуд надоштани рақобат маҷалла дар фикри худ устувор мемонад. Дар соли 2010 аз рӯи панҷ ихтисос баҳои «ду» гирифтани ду нафар магар рақобатро нишон медиҳад? Барои чӣ соли 2009 мисол оварда нашудааст, ки касе баҳои «ду» нагирифта буду умуман рақобат вуҷуд надошт?
Дар мавриди суханони аспирант Одинамоҳ Шарифова муносибати деринаи маъмурӣ эҳсос мешавад. Ҷонибдорони чунин муносибат бояд бидонанд, ки он суханони ҳақ сабт шудаанд ва маҷалла нисбат ба тақдири нафаре, ки ҳарфашро манзур намудааст, бетараф нахоҳад буд.
Оид ба супориши ректори қаблӣ бояд гуфт, ки танҳо дар ҳолати имкониятҳои баробар доштани ҳамаи аспирантҳо рақобати солими илмӣ ба вуҷуд меояд, на бо тақсимоти «худиву бегона» ва додани имтиёзҳо ба гурӯҳе ва агар роҳбарияти нави донишгоҳ ин меъёрро асоси кор карда бошад, офаринаш.
Пеш аз вокуниши котиби матбуотии ДДК дотсент Сатор Ғафоров (агар навиштаи маҷалла – Абдусаттор Ғаффоров ғалат бошад, узр мехоҳем) ба муаллифи мақола занг зада, гуфтааст, ки «ба ман аз ДДК нисбати гуфтаҳоям эрод гирифтанд. Ман ҳамаи аспирантони имрӯзаро дар назар доштам. Эродҳоямро оид ба шӯъбаи аспирантураи ДДК аз номи худат истифода мебурдӣ, беҳтар мебуд. Он вақт масъулони ДДК аз ман хафа намешуданд…» Боз ҳам ҳамон муносибати деринаи маъмуриро эҳсос кардед, хонандаи мӯҳтарам? Вале, чӣ бояд кард, ки сабти сӯҳбат бо мавсуф низ маҳфуз аст.
Дар маҷмӯъ мақсади маҷалла ҷалби масъулини тарбияи кадрҳои илмӣ ба ин проблемаи муҳими замон аст ва мавқеаш ҳамоне мемонад, ки буд: «…ҷои тардид нест, ки хатмкардагони аксари донишгоҳҳо дониши кофӣ надоранд. Аз ин бадбахтонатар, қисме аз ин донишҷӯён ҳамасола ба аспирантура дохил гашта, даъвогари олимӣ мешаванд. Оё имрӯз шӯъбаҳои аспирантура довталабони арзандаро қабул мекунанд ва ё оянда аз онҳо олимони ҳақиқиро умедвор шудан мумкин аст?»
Итминон дорем, ки олимони варзида ва огоҳони ҳол дар ин хусус ибрози назар мекунанд ва тавассути таҳлилҳои дилсӯзонаву далелҳои бетардид воқеият хубтар пеши назарҳо аён мешавад.