Тарс! Эҳсосест он, ки ҳар яки моро, новобаста аз он ки дар кадом ҳолат қарор дорем – дар кор, аснои сӯҳбат, ҳатто дар муҳити хонавода дунболагир аст. Дар ҷои кор тарс аз он дорем, ки мабодо хато накунем, ҳангоми сӯҳбат метарсем, ки мабодо ҳамсуҳбат аз ягон сухани ноҷоямон наранҷад, дар оила ҳарос дорем, ки ногоҳ нисбати касе беҳурматӣ нашавад.
Ҳамаи ин аз куҷо сарчашма мегирад? Кӣ ин гуна тарсро дар дили инсон ҷо мекунад? Оё ин гуна тарсро метавон одоби шарқиёна гуфт?
Барои ба ин саволҳо ҷавоб гуфтан бояд тарбияи волидонро пеши назар овард. Албатта, наметавон онро дар маҷмӯъ гунаҳкор донист, аммо бисёр ҳолатҳои нозарур ҳастанд, ки кӯдакро, бхоса духтарчаҳоро аз хурдӣ тарсӯ мекунанд. Яъне, «бисёр гап назан», «бисёр напурс», «ин ба ту дахл надорад», «дар назди меҳмон гап задану пурсидан айб аст», «хонаи шӯ арра дора, арраи шашпарра дора», «боз пеши хушдоман шармандаю таънасор нашавӣ», «фалонӣ аз маҳмадоноиша бешӯ мондааст», «ба рӯйи шӯ нигоҳ кунӣ, гунаҳгор мешавӣ», «коре накунӣ, ки падарат оқ кунад» ва ғайра. Баъди аз хурдӣ дар психологияи одам ҷо шудани ин андешаҳо ҳама ҳолату вазъият ӯро ба шубҳа, андеша ва истиҳола водор мекунад ва оқибат ба дамдуздӣ, тарсӯӣ, ҳатто одамгурезӣ оварда мерасонад.
Махсусан, барои духтарон болои ин гуна тарбия боз «анъана»-ҳои дигаре зам мегардад, ки дар аксари ҳолат онҳоро ба ғулом мубаддал месозад. Яъне, «духтар бояд хоксор, сархам, гапдаро, фармонбардор» бошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксаран маҳз ҳамин фармонравоию ғуломӣ, чӣ дар оила ва чӣ дар ҷои кор, монеи муваффақияти онҳо мегардад.
Аксари волидон намеандешанд, ки дар вуҷуди фарзанд, хоҳ духтар бошад, хоҳ писар, ҷои чунин «насиҳат»-ҳо бояд ҷуръат, нотарсӣ, ҷасурӣ, шикастнопазириро ҷо кунанд, то фардо дар зиндагӣ азоб накашанд.
Ба ақидаи равоншинос Маҳмадулло Давлатов, илми равоншиносӣ исбот намудааст, ки системаи асаби духтар низ нозуку ҳассос буда, ҳама ҳолатҳои тарсоварро як умр дар хеш нигоҳ медорад. «Аз ин рӯ, ҳангоми тарбия набояд аз воситаҳои гуногуни равонӣ, аз қабили тарсонидан ё ҷазои ҷисмонӣ, истифода кард, зеро он метавонад, махсусан барои духтарон, таъсири манфӣ расонад. Ҳоло зарурате пайдо шудааст, ки мо бояд ҳатман ҳассосият ва психологияи духтаронро ба назар бигирем, вагарна беҷуръатию тарсончакӣ сабаб мегардад, ки дар ҷамъият ташаббускориро аз даст дода, гӯшанишину шахси ғайрифаъол ба воя бирасанд» - меафзояд ӯ.
Ҳамин тарбияи фармонбардорӣ дар психологияи духтарон аст, ки ҳатто дар ҳолати ҳақ будан ҳам бояд хомӯширо авло бидонад. Ҳеҷ гоҳ дар назди калонсолон, ба вижа дар ҳузури волидайни шавҳар, набояд изҳори ақида кунад. Дуруст, ки зан бояд ҳамеша порсо бошад, вале, мутаассифона, порсоии зан аз назари онҳо маҳз фармонравоию сархамист.
Ҳамсӯҳбати дигари мо Қиматгул Алибердиева мегӯяд, ки «Одобу тарбияи шарқиро дар замирам бештар бобокалонам ҷо карда буд. ӯ ҳамеша насиҳатам мекард, ки духтар бояд гапдарою сархам бошад, дар ҳеҷ маврид ба калонсолон ва дар оянда ба шавҳараш гапгардонӣ накунад, ҳамеша ҳурмати калонсолонро ба ҷо биёрад ва танҳо дар ҳамин ҳолат метавонад хушбахту баобрӯ бошад.Ман инро тарс не, як намуди тарбияи шарқӣ меҳисобам».
Шояд месазад, ки ба фарзандони хеш, мисли волидайни аврупоӣ, пеш аз хоб дар бораи қаҳрамонҳои ҷасуру нотарс афсонаҳо нақл кунем, субҳидам бо навозиш аз хоб бедорашон намоем. Аз ҳаёти занони ҷасуру зирак ва ҳӯшманде, ки вазири шавҳари хешанд мисолҳо биёрем? Танҳо чунин муносибат имкон фароҳам меорад, ки тифлонамон дар оянда ашхоси хушмуомилаву хушгуфтор ва зираку кордон ба камол бирасанд. Ё не?
Гулбаҳор Абдуллоева