Гуландом Борониева дар деҳаи Буведи ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст.
Соли 1988 мактаби миёнаи №12 ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуд.
Солҳои 1995-2000 узви ансабли «Умед»-и шаҳри Хоруғ буд. Беш аз даҳ сол аст, ки дар дастаи ҳунарии «Навои кӯҳистон» ба сифати овозхон ва устоди рақс фаъолият дорад.
– Гуландом, мегӯянд, ки дилбохтаи санъати волову мусиқии асил ба дунё омадаед ва солҳост, ки бо ин тӯшаи умр ҷониби қалбҳо роҳ мепаймоед. Бигӯед, ки дарахти сарсабзи ҳунаратон аз кадом чашма шодоб шудааст?
– Санъат ҳанӯз аз кӯдакӣ дар дилам волотарин эҳсосотро бедор намуда буд. Соатҳо сурудҳои рангини ҳунармандони асили Бадахшон Майсара Дилдорова ва Сафарбегим Тошхӯҷаеваро бо дилбастагии зиёд гӯш карда лаззат мебурдам. На аз роҳи ҳавову ҳавас, балки чун як дилдодаи воқеӣ, ба тамоми ҳастӣ мехостам дар дунёи дилҷӯи санъат бошам. Бо ин мақсад узви маҳфили ҳаваскорони санъати мактабамон шудам ва бори нахустин дар синфи чорум аз саҳнаи клуби деҳаамон суруди «Модар»-ро манзури тамошобинон гардонидам. Баъдан, навоҳои оҳангсози маъруф Раҳматҳусейн Мародҳусейнов рӯҳу илҳоми тоза ва дар фазои ҳунар болу парам бахшида, чашми диламро ба олами нотакрори санъат васеътар кушоданд.
– Модари шодравонатон Аслигул Искандарова яке аз ҳунармандони хуби равияи халқӣ буданд ва то охири ҳаёт дар ансабмли «Ганҷина» фаъолияти пурсамар доштанд. Яъне, гуфтан мумкин аст, ки ин ҳунар барои Шумо меросист?
– Оре, ман дар оилаи санъаткор ба дунё омадаам. Бобоям Мулкамон Искандаров чун оҳангсозу мусиқидон ва навозандаи асбобҳои мусиқии миллӣ дар байни мардум шӯҳрати хосе касб карда буд. Аз рақсу овози дилнишини холаам Заррагул Искандарова низ дар гулбоғи ҳамешабаҳори санъати Бадахшон гулҳои тозаву таре боқист. Қалби кӯчаки маро пеш аз ҳама садои рӯҳнавозу мафтункунандаи модарам тасхир намуда буд. Мекӯшам, ки ҳунари худодод ва нотакрори ӯро зинда бидорам.
– Нахустин таронаҳоятон аз саҳнаи баланд кай садо доданд ва чӣ гуна пазируфта шуданд?
– Баъд аз хатми Донишгоҳи санъат фаъолиятамро ба сифати овозхон ва раққоса дар Театри вилоятии мусиқӣ ва мазҳакаи ба номи устод Рудакӣ (ҳоло ба номи Меҳрубон Назаров) оғоз намудам. Фаромӯш намекунам, бори нахуст моҳи октябри соли 1993 аз ин саҳнаи баланд шеъри ошиқонаеро бо оҳанги Раҳматҳусейн Мародҳусейнов чун гулдаста сидқан тақдими мухлисон кардам. Онҳо бо кафкӯбиҳои пурмавҷ гаштаю баргашта ба саҳна даъватам карданд. Ин самимияту муҳаббат водорам намуд, то дар ин роҳ устувортар бошам ва ба ҳар ҳунарнамоиям бо масъулияти зиёд муносибат намоям.
– Баъзеҳо мегӯянд, ки санъаткорӣ худодод аст ва меҳнат намехоҳад. Яъне, маҳаки асосии он истеъдоди модарзод аст…
– Оре, бе истеъдоди табиӣ ҳунар нумӯъ намекунад. Шукр, ки имрӯз як шӯълаи ҳунар чун мероси модар дар сиришти ман фурӯзон аст. Вале, ба фикри ман, истеъдод ба заҳмати пайваста ниёз дорад, то такмилу сайқал ёбад. Шахсан пайваста мекӯшам, ки лаҳзае фориғ аз ҳунари хеш набошам, оҳангҳои нав биофарам ва тавъам бо ашъори ҷолибу пурмазмун пешкаши мухлисон намоям. Албоми дувуми сурудҳоям бо номи «Гулбонги орзӯ» бо ҳамин умеду андешаҳо омода шудааст.
– Кадом лаҳзаҳои хотирмон аз фаъолияти ҳунарӣ дар ёдатон мондааст?
– Соли 2002 фаъолияти эҷодиам маъною мазмуни дигарро касб кард.Он сол намояндагони яке аз шабакаҳои хазинаи Оғохон дар пояи барномаи вижаи фарҳангии «Замзама» гурӯҳи ҳунарие таҳти унвони «Шукуфаҳои Помир» созмон дод, ки ҳадафаш тарғиби санъати миллии халқи тоҷик дар хориҷи кишвар буд. Дар доираи он барнома бандаро низ муяссар гардид, ки аз саҳнаҳои баланди Фаронса, Португалия ва Испания рақсу суруди миллии тоҷикиро муаррифӣ намоям. Ифтихор намудам, ки дар он кишварҳо санъати рӯҳбахшу дилкаши халқи моро медонанду қадр мекунанд.
– Зебову ҳозиразамон азнавсозӣ шудани бинои театри вилоятиро ҳунармандони Бадахшон чӣ гуна пазируфтанд ва ин рухдоди хуш дар фаъолияти онҳо чӣ падидаҳоро рӯи кор овард?
– Боиси рӯҳбаландии мо – санъаткорон аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа Президенти мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг таваҷҷӯҳи хоса доранд ва баҳри рушду такомулаш чизеро дареғ намедоранд. Бинои навсохти театр боварии моро ба сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар ва ояндаи неки он бештар кард. Ҳар рӯз мардуми зиёде аз гӯшаҳои гуногуни Бадахшон ба ин даргоҳ меоянд ва аз барномаҳои рангини санъаткорон баҳра бардошта, барои чунин ғизои маънавӣ ба ҳукумат арзи сипос менамоянд.
Албатта, ин амал масъулияти мо – ҳунарпешаҳоро низ меафзояд, то таронаву рақсҳое пешкаши мардум намоем, ки симои маънавии халқамонро ифода намоянд ва онҳоро ба бунёдкориву созандагӣ талқин кунанд.
Рудобаи Мукаррам