Инсон дар даврони тифлӣ аввалин вожаҳоро аз модар меомӯзад ва дар авроқи сафеди зеҳни худ абадан сабт месозад. Агар модар дуруст мегӯяд ё нодуруст, сазо мегӯяд ё носазо, рост мегӯяд ё дурӯғ, барои кӯдак чун қонуни ҳастӣ мазмуну моҳият дорад ва эътироф мешавад.Аз ин рӯ, забони ҳар миллате бо номи забони модарӣ ёд мешавад.
Мо, инсонҳо, дар интихоби модар, забони модарӣ ва Ватан ширкат надорем. Ба ибораи дигар, ин муқаддасот ҳадяи сарнавишт буда, бе хоҳиши инсон инъом мешаванд, аммо эҳтиром намудан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти мазкур барои инсон ҳам фарз асту ҳам қарз. Ба ин маънӣ, эҳтиром ба модар эҳтиром ба забони модарӣ ва баръакс, эҳтиром ба забони модарӣ эҳтиром ба модар ба шумор меояд.
Ҳар инсоне, ки модари худро дӯст медорад, забони модарӣ, фарҳангу тамаддун ва ватану обу хоки хешро дӯст медорад. Агар аз ин дидгоҳ ба ҷомиа назар андозем, натиҷаи мушоҳидаҳоямон чандон дилхушкунанда нест. Яъне, сатҳи эҳтиром ба забони модарӣ ва одоби муоширату гуфтори мардум хеле паст шудааст. Имрӯз аксаран аз даҳони хурду калон, пиру ҷавон, одиву омии ҷомиаи мо борони дашному ҳақорат меборад. Тифле, ки акнун забон баровардааст ва нав лаб ҷуфт карданро барои сухан гуфтан ёд гирифтааст, дашном медиҳад. Бачае, ки ба боғча меравад, дашном медиҳад, писарбачае, ки дар тан либоси озодаи мактабӣ дораду дар майдончаи назди мактаб ба варзиш машғул аст, худой нахоста, тӯби футбол аз зери пояш хато хӯрад, ҳатман дашном медиҳад… Аксари донишҷӯю ронандагон ҳам дар ин шуморанд. Мо низ ҳар рӯз чунин дашномҳоро, ки ба нишонии модар фиристода мешаванд, шунида-шунида ба кор меравему аз кор бармегардем. Аммо дар ҷавоби он ё барои ислоҳи он чораю тадбире андешида наметавонем. Аммо ин ҳама дашномҳо аввалан обрӯю эътибори зану модари тоҷик, сониян ҳусни забони тоҷикӣ ва ниҳоят сатҳи одоби гуфтору муоширати миллати моро мекоҳанд. Забони тоҷикиро, ки забони шеъру адабиёт ва илму ирфон аст, дар муқоиса бо забони дигар ҳамзабононамон каммоя ва дур аз нафосату зебоӣ месозанд. Агар «забони форсӣ забони аҳли биҳишт ва забони малоики осмони чаҳорум аст», чаро онро ҳамчунон гиромӣ намедорем?
Инсон, ки аз модар забон меомӯхта бошад, пас чаро мо аз модарамон сухани хуб наомӯхтаему дашном ёд гирифтаем? Айб аз модар аст ё аз мо, фарзандон? Оё модарони мо сухани хуб намедонанд? Мутаассифона, аксари модарон низ ба фарзандонашон одоби сухангӯиву муоширатро на танҳо намеомӯзанд, балки худашон бо калимоти таҳқиромез бо ҳамсояву ёру ошно сӯҳбат мекунанд.
Нигаронкунанда он аст, ки модари тоҷик ҳар гоҳ сухани қабеҳу дашномомезро аз забони фарзандаш шунид, ӯро танбеҳ намедиҳад, ғалати ӯро ислоҳ намесозад, баръакс, бетафовут аз назди ӯ мегузарад. Натиҷа чунин шудааст, ки дағалгуфториву бадзабонӣ бештар тавсиа пайдо кардаву забондониву нармгуфторӣ, хушмуомилагиву ширинзабонӣ фаромӯш шудааст.
Дар мактаб фанни забони модарӣ мехонем, аммо забони модарамонро хуб намедонем. Одиву беғалат сухан гуфта наметавонем ва дар чунин ҳолат модарон низ айбдоранд. Онҳо ба бачагони хеш китобхониву мутолиаро ташвиқ наменамоянд. Каманд модароне, ки ба бачагонашон китобе ҳадя кунанд. Дунёи зеҳнии бачаро модар месозад, мувофиқи завқу салиқа ва дониши хеш. Сатҳи забондониву забономӯзии бача ҳам ба сатҳи забондонии модар баробар мешавад. Баъд омилҳои дигар, аз қабили боғча, мактаб, ҷомиа, мутолиаи зиёд ва амсоли инҳо ба дараҷаи савод ва сухандонӣ таъсир мекунад.
Забони тоҷикӣ забони шеър, забони ишқу дилбарӣ ва меҳру муҳаббат аст. Пас биёед, бонувони азиз, ин забонро бар маснади азалиаш наздиктар бибарему барои баркандани решаи дашному ҳақорат кӯшиш намоем. Ҳар якамон ақаллан дар хонаводаи хеш ин забонро тозаву беолоиш нигоҳ дорем, бо ин забони осмонӣ ба ҳамдигар меҳру муҳаббат изҳор намоем, шеъру сухани воло бисароем, ҳамдигарро дӯст дорем, то ки забонамон, модарамон ва ватанамонро дӯст дошта бошем!
Анзурат Маликзод,
номзади илми филология