Рӯзи абрӣ ҳам зи рӯят хона равшан мешавад,
Соҳирӣ, барҳамзани андӯҳу оҳӣ, хеши зан.
Медавам бар пешвозат хандаи сунъӣ ба лаб,
Гарчи дорам аз ту ман ҳоли табоҳе, хеши зан.
Марҳамат, бо лашкарат оӣ, биё, ҷо танг нест,
Кай занад дам халқ дар пеши сипоҳӣ, хеши зан?
Амри ту, хоҳам-нахоҳам, зуд иҷро мешавад,
Чокарат ман, ҳукм фармо, подшоҳӣ, хеши зан.
Қарз аз хешони худ баҳри ту мегирам мудом,
Бар ту мебахшам, ҳар он чи тӯҳфа хоҳӣ, хеши зан.
Рӯи хуш бидҳам ба хешам, мешавад рӯзам сиёҳ,
Хушдилам пеши ту, гарчи дилсиёҳӣ, хеши зан.
Ҷину маймун аст хеши ман, наояд, алҳазар,
Бо ҳама зиштӣ ту мисли меҳру моҳӣ, хеши зан.
Ҳафт пушти ман ба як мӯи сарат арзанда нест,
Ту дар ин дунё маро пушту паноҳӣ, хеши зан!
Сафар Айюбзодаи Маҳзун