Оё дастгоҳи идеологии кишвар иродаи муҳофизат аз арзишҳои миллии моро дорад? То ин ки ҳам маданияти миллии хешро аз даст надиҳему ҳам муттаҳамамон насозанд, ки дар Тоҷикистон мардумро бесатр мекунанд.
Доғи бесаводӣ
Сатр яке аз мавзӯъҳои мубрами ҷомеаи мо маҳсуб меёбад, ки солиёни дароз мавриди баҳсу мунозираи баъзе аз маӣомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ӣарор дорад. Бештар аз 97% мардуми Тоҷикистони соҳибистиӣлол мусулмонанд. Аммо, аз сабаби он ки маърифати исломӣ ва ҳуввияти миллии ҷомеа дар сатҳи паст ӣарор дорад, иддае аз мардум фарзҳои шариатро намоишкорона иҷро мекунанд. Баъзе бонувони тоҷик сарулибоси дигар миллату кишварҳоро ҳамчун либоси динӣ ӣабул кардаанд. Аз ҷониби дигар масъулини сохторҳои марбута барои пешгирӣ аз чунин амалҳои номатлуб тасмимҳои нооӣилона мегиранд. Аҷобат он аст, ки дар баҳси сатр нофаҳмию бесалоҳиятӣ чӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, чӣ аз ҷониби масъулини маӣомоти маҳаллӣ ва чӣ аз тарафи созмонҳои таҳлилкунандаи масоили динӣ эҳсос мешавад. Дар натиҷа Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ муаррифӣ мегардад ва, аҷобати бештар он аст, ки ин баҳои сиёсиро он созмонҳои байналмилалии кишварҳое ба мо додаанд, ки худ ё мусулмон нестанд ё ягон динро эътироф намекунанду бехудоиро пеша кардаанд.
Таӣлид – иллати мардумӣ
Мутаассифона, дар муҳокимаи воӣеъбинонаи масоили дину расму оинҳои миллии мо элитаи динию сиёсии кишвар мавӣеи духӯра ё гоҳо канорагирӣ дорад. Ҳамин аст, ки масъалаҳои оддии динӣ ҳам дар сатҳи поён ҳалли худро намеёбанд.Бадбахтона, ӣишрҳои гуногуни ҷомеаи мо дар баҳси сатр он гуна ба эҳсосот дода шудаанд, ки ҳаӣиӣат сарфи назар мешавад. Бубинед, ки мо барои як сарбанди мардумони дигар ватани худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ муаррифӣ кардаем. Чаро дар иҷрои фарзи шариат ҳам таӣлидгари расму оинҳои дигаронем?
Пешвоёни наӣшбандия мавӣеи ҳукуматро ҷонибдоранд
Аз қавли донишманди масоили динӣ ва яке аз пешвоёни тариӣаи наӣшбандия Исмоил Абдулаҳад, як иллат дар миёни мардум аст, ки бо расми худнамоӣ гӯё фарзи сатрро ба ҷо меоранд, аммо чунин рӯймолбандиҳо на иҷрои фарзи сатр, балки таҳқири дину оини мост. Ба гуфтаи ӯ, сатр аз ӣуръон омадааст, аммо сатри тоҷикӣ фарӣ мекунад.
– Масалан, – мегӯяд мавсуф,– модари мо рӯймоли калоне дошт, ки ваӣте онро гирди сараш мепечонд, фарзи сатрро иҷро мекард. Ман пешниҳод дорам, ки мо сатри ӣадимаи миллии худро аз нав эҳё кунем, то расму оинҳоямон бо маънавиёти бегона олуда нашаванд. Сатр маънии маҳкам кардан аст. Сатри бегонаро ба ҷомеаи мо онҳое ворид кардаанд, ки дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд ва аз сатри тоҷикӣ огоҳ нестанд. Ман ба шахсияти касе расидан намехоҳам, аммо пӯшида нест, ки имрӯз як идда ҷавондухтарон бо сатри зоҳирӣ рафтори ношоиста доранд. Мӯде, ки баъзе духтарон аз сатру либосҳои танг кардаанд, баръакс мӯъҷиби гунаҳкорист.
– Бубин, – бонуи дар растаи бозор нишастаро нишон медиҳад ҳамсӯҳбатам, – рӯймоли сиёҳро ба зери манаҳ бастааст, аммо ӣафаси синааш намоён аст. Оё ин нишонаи мусулмонист? Имрӯз баъзе аз бонувон барои ниҳон доштани айбҳои худ сатр мепӯшанд ва бештари онҳо шояд на намоз мехонанду на рӯза мегиранд. Ҷилавгирӣ шудани сатрҳои бегонаро дар ҷомеа ҷонибдорам. Агар бонувон фарзи либоспӯширо ба ҷой овардан бихоҳанд, бигзор сатри тоҷикӣ бипӯшанд, ки ҳам зебост ва ҳам оинҳои дерини мардумамонро эҳё мекунад.
Намунаи сатри тоҷикӣ
Ҳикоятмоҳ Ҳакимова – муовини раиси вилояти Хатлон нақл мекунад:
- Намунаи сатри тоҷикиро дар вохӯрии Президент бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Вахш дидем. Ваӣте ки як нафар аз бонувони Вахшонзамин ба сухан баромад, Президент таври рӯймолбандии ӯро намунаи барҷастаи сатри миллии тоҷикон ном бурд. Баҳсҳоро бобати пешгирии пӯшиши сарулибосе, ки тарғибгари арзишҳои миллии мо нест, набояд манъи сатр донист. Маълум, ки аксари ҷавонони мо маълумоти диниро дар кишварҳои дигар мегиранд ва бинобар ноогоҳӣ аз суннатҳои миллӣ сатрҳои занони кишвари таҳсилкардаашонро сатри умумимусулмонӣ меҳисобанд. Ҳол он ки ҳар кишвари мусулмон сатри хосаи марду зани хешро дорад. Айби тоҷирон ҳам ҳаст, ки либоси мусулмонӣ гуфта, либоси миллатҳои дигарро ба бозорҳои мо ворид месозанду ноогоҳон он либосҳоро мӯд мекунанд. Албатта, барои пешгирии ин раванди номатлуб кор бурдан лозим аст. Ва дар ин кор имом-хатибони масоҷид метавонанд наӣши муҳим бибозанд.
«Манаҳбандӣ мӯд шудааст»
Саидҷон Маҳмудзода - раиси шӯрои уламои вилояти Хатлон мегӯяд: - Сатр маънои онро надорад, ки бону рӯйи худро пӯшонад. Дар мазҳаби Имоми Аъзам сатри зан аз гардан то рӯйи пой аст. Дар китоби «Фиӣҳи акбар» омадааст: «Илм ҳукми ҷозим аст, ӣабули ташрика надорад. Эътиӣоди машҳура ҳукми ҷозим аст, ӣабули ташкика дорад». Масалан, дар аҷдоди мо агарчи сатри мардон аз ноф то зону бошад ҳам, ҳеҷ марди солимақл тани нимурён пеши зану фарзанд ва волидайнаш аён намешавад. Либосҳои миллӣ эътиӣоди машҳураи мост ва мо онро иҷро мекунем. Бонувони мо, дар баробари иҷрои сатри худ, иловатан ду рӯймол ба сар мекарданд. Ҳам аз боду ҳавои номусоид эмин мемонданд ва ҳам рӯйи номаҳрамонро намедиданд. Анна, он либоси миллии мо буд. Аммо сатре, ки имрӯз дар байни бонувон мӯд шудааст, либоси миллии мо нест. Он ҳам мисли сарулибоси аврупоист ва таӣлидкории мо мӯдаш кардааст.
Пӯшиши маҳрам ё ниӣоби гуноҳпӯш?
Дар бобати манъи сатри хориҷӣ барои фурӯшандаҳои бозор ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки ҳар як соҳа бояд либоси касбии худро дошта бошад. Хуб мешуд, ки масъулони соҳа барои фурӯшандаҳо низ либоси махсус пешниҳод мекарданд. Ин, аз як тараф ҳусни бозорро афзояд, аз ҷониби дигар таблиғу ташвиӣи ҳар гуна либосҳои хориҷиро камтар мекунад. Ман мутмаинам, ки бештари бонувони ба ном сатрпӯш дигар аркони динро риоя намекунанд ва маншаи таӣлидашон ба сатрпӯшҳои хориҷӣ аз халои иттилоотист. Мутаассифона, ноогоҳӣ аз арзишҳои худӣ ва таӣлидкорӣ аз кӯдакӣ оғоз мешавад. Муҳит наврасонро зудтару осонтар таӣлидкор мекунад. Кист тақлидкор? Касе, ки зеҳнашро ҳанӯз аз овони наврасӣ маънавиёти бегона фаро гирифтааст. Воӣеят ин аст, ки ин гурӯҳ дарк намекунанд, ки як умр тарғибгари арзишҳои миллию маънавии хориҷаанд ва бо ин роҳ маданияти миллии худро маҳв мекунанд.
Солеҳҷон Комилов, шаҳрванди ӣӯрғонтеппа, иллати асосии пайдо шудани чунин баҳсҳои бепояро дар он мебинад, ки рӯҳониёни мо аз фалсафаи исломӣ дуранд. Вагарна чаро пешвоёни динии дигар кишварҳои мусулмонӣ тавонистаанд ӣавоиди диниро ба талаботи замон мутобиқ намоянду аз мо не? Ба гуфти ӯ, муллоҳои тоҷик бояд масоили ҷамъиятро пурраву амиқ омӯхта, мутобиӣи талаботи ҷомеа ва созгори арзишҳои миллиамон фатвоҳо бидиҳанд.
Сиёсати кадрӣ ва талаботи замон
Мувофиқи як ҳадиси Расули акрам дар ҳар сад сол марде пайдо мешавад, ки дар дин тағйироте медарорад. «Дар ҷомеаи мусулмонӣ суолҳое пайдо шудаанд, ки мардум ҷавобашонро дар ҳадису ӣуръон пайдо накарда, ба уламои дин рӯ овардаанд, - мегӯяд Солеҳҷон Комилов. - Пас чаро мо имрӯз сатрро, ки ба мавзӯи доғи ҷомеа табдил меёбад, дар доираи арзишҳои миллии худ баррасӣ намекунем, то алорағми ҳуҷумҳои маънавии беруна дину оини худро ҳифз намоем ва ҳамзамон ҳуввияти миллиамонро аз даст надиҳем?
Мусаллам аст, ки мо соҳиби кишвари соҳибистиӣлол шудаем, аммо ҷои таассуф аст, ки ҳанӯз истиӣлолияти идеологӣ надорем. Зеҳнҳоямон аксаран то ҳол фарогири маънавиёти беруна аст. Алъон кор дар самти маънавиёт каму беш пеш меравад, аммо барои баргаштан ба арзишҳои худӣ, аз ҷумла либоси миллӣ кори зиёде бояд кард. Бояд ошкоро гуфт, ки алҳол ҳамкорӣ миёни дастгоҳи маънавии ҳукумат ва рӯҳониён густурда нест, аз ин рӯ, муллоҳо аксаран сиёсати давлатро доир ба арзишҳои миллӣ дуруст дарк намекунанд.
Суоле матраҳ мемонад, ки оё масъулини маънавиёт дар маҳалҳо – муовинони идеологии маӣомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷавобгӯйи вазифаҳои худ аӣлу заковат ва донишу малакаи корбарӣ доранд?
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ