Муаррифии нотамоми филологи то имрӯз ноумеднагашта:
Савриннисо Юсуфова зодаи ноҳияи Маскав (Ҳамадонии ҳозира).
Солҳои 1969 –1972 донишҷӯи омӯзишгоҳи касбӣ - техникии ноҳияи Восеъ. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ ба ҳайси механизатор дар ноҳияи Маскав ба кор шурӯъ мекунад.
Соли 1973 ҳуҷҷатҳояшро ҳамчун довталаб ба Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленини пойтахт месупорад, аммо бо хӯрдагириҳои ҷузъии устодон, ки гӯиё аз ҳусни хаташ эрод доштанд, ноком ба хона бармегардад.
Соли 1975 бо ҷавони дӯстдоштааш издивоҷ намуда, соли 1978 боз ҳам барои таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб месупораду баъд аз ду соли таҳсил мушкилоти хонаводагӣ маҷбураш месозад тарки таҳсил кунад.
То соли 1995 дар мактаб аз фанни омӯзиши трактор дарс гуфта, соли 1995 ба ноҳияи Қумсангир мекӯчаду то соли 1997 ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият менамояд.
Соли 2009 дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ мудирияти кӯдакистони рақами 3 - ро бар ӯҳда мегирад.
Соли 2010 довталаб ва донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи ба номи Носири Хисрави вилояти Хатлон.
7 нафар фарзанд дорад, қисме аз онҳо маълумоти олӣ доранду чанд нафар донишҷӯянд.Бибии 9 набера.
Мома, кай хона меравем?
Вақте аз тариқи шиносе хабар ёфтам, ки бонуе аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имсол довталаб барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хисрави шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон шудаву ӯро зимни навиштани иншо наберааш садо намуда: «Мома, имтиҳонро зудтар бисупор, ки ба хона баргардем» хоҳиши дидору сӯҳбат дар зеҳнам ончунон рахна кард, ки бедиранг роҳии ин ноҳия шудам.
Бо кӯмаки роҳбалад вориди ҳавлие шудам озодаву тамиз, пур аз гулу хеле қашанг, ки хабар аз соҳибе медод тозакору хушзавқ ва ҷаҳондидаву хушрӯзгор. Ғайричашмдошт бонуе аз хона берун шуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ намегӯӣ соҳиби 10 набера асту муҳассили соли аввали донишгоҳ. Чеҳраи хеле зебои ориёӣ, чашмони бузург ва дилрабо дошту либоси хушдӯхт ва шинами ӯ нишоне аз фарҳанги волояш буд .
Аслан таҳия намудани мавод дар бораи шахсоне, ки зиндагии хушбахтона доранд ва фаъолияти онҳо дар чаҳорчӯбе намегунҷад, мушкил ва ҳамзамон хеле ҷолиб аст. Чунин шахсон худшиносанду ҷӯянда, гоҳе барои пешрафти кори шавҳар, бародар ва ё хоҳаре аҳдофи худро қурбон мекунанду гоҳе ба иборае барои анҷоми ибтикоре аз байни «обу оташ» мегузаранд. Онҳо «хаста шудан» - ро намепазиранд. Мисли шамъ месӯзанду роҳи наздиконро рӯшан мекунанд. Онҳоро атрофиёну пайвандон дӯст медоранд.
Қурбонии орзуҳо
Аз ҳамсӯҳбатам суол мекунам, ки оё механизатор шуданро орзу дошт ва ё тасмими дигаре ӯро ба ин роҳ бурд. «Замони таҳсил дар мактаб орзуи рӯзноманигор шудан доштам ва андешаи механизаторӣ ҳеҷ гоҳ ба сарам наомада буд. Се бародари бузургам коммунист буданд ва барои пешрафти корашон аз ман хоҳиш намуданд, барои таҳсил ба омӯзишгоҳ биравам (зеро ин супориш аз роҳбарияти болоии бародаронам буд). Бароям хеле сахт буд даст кашидан аз орзуҳо, аммо агар не мегуфтам, роҳбарияти ҳизбӣ барояшон мушкил эҷод мекард. Пешрафти кор ва хушбахтии бародарон бароям хеле муҳим буд, –посух медиҳад Савриннисо ва эҳсос менамоям, ки барои муддате хотираҳо варо аз ман дур мекунанд.
Оё ин касб барои бону сангин нест, мепурсам аз ӯ. «Хеле сахт аст. Мавсими ғундоштани пахта аз ибтидои рӯз то дершаб кор мекардем. Барои шустушӯи мошин одам намерасид, аз ин рӯ бо сатил об кашида болои трактор мебаромадаму онро тамиз менамудам. Аммо ҷавонӣ хастагиро намепазирад», – мегӯяд Савриннисо бо лабханди малеҳ.
Арӯс дар Маскав
Ба чеҳраи ором ва чашмони зебову андешаманди Савриннисо менигараму мегӯям, шунидаам, ки ба тӯйи арӯсиатон дер кардед. Оё ҳамчунин кор имкон дорад ва оё домод наранҷид? «Як ҳайате иборат аз механизатордухтарони тоҷикистонӣ бояд ба пойтахти кишвар –шаҳри Маскав мерафт. Ман ҳам шомили ин гурӯҳ будам. Фикр мекардам, ки то рӯзи тӯй бармегардам, аммо барномаи сафар дигар шуду ба ҷашни арӯсиам омада натавонистам», – посухам медиҳад ҳамсӯҳбатам ва дар чашмонаш розеро ниҳон мебинам.
Муҳаббат барои як умр
«Эҳтимол домодро дӯст намедошту махсус ба тӯй дер омад, то ӯ аз райъаш бигардад», русух мекунад андешае ба мағзам. «Не–не, ин фикратон нодуруст аст», – гӯиё андешаамро хонда бошад, ба ман муроҷиат менамояд ӯ. «Музаффарро дӯст медоштаму баъд аз гузашти 35 сол бештару бештар дӯсташ медорам. Шахси меҳрубон, шавҳари содиқ ва падари хуб аст барои фарзандон. То имрӯз ҳатто тоқати ҷудоии кӯтоҳро бо ӯ надорам. Системаи давлатдорӣ чунин буд. Бояд дар ҳамон чаҳорчӯб фаъолият ва зиндагӣ мекардем. Илова бар ин бовар доштам, ки маро мефаҳмад. Одаме, ки дӯст медорад на танҳо як ҳафта, балки умре интизор хоҳад шуд. Зиндагӣ бе ишқ маънӣ надорад», – ҷавоб медиҳад ӯ ба суоли нагуфтаам ва лаҳзае бо ин посухаш маро зери бори гарони шарм мемонад.
Меҳри модар
Аз ҳамсӯҳбатам суол мекунам, ки аз мавзӯъҳо кадомро интихоб кард. Ба таври ногаҳ чеҳраи хандони Савриннисо тағйир мехӯраду дар чашмонаш қатраҳои ашк пайдо мешавад. Худро аз миз дуртар гирифту беихтиёр ашк маҷро пайдо кард. Лаҳзае баъд рухсораҳояш пур аз ашк шуд. Аз суоли додаам пушаймон шудам. Ҳолати маро дарк кард, ки бо садои паст посухам дод: «Меҳри модар» – ро. Модарам барои ба воя расонидани мо заҳмати зиёд кашид. Бештар аз дигар бародарону хоҳарон ман инро дарк мекардам. Кош, Худо умри бештараш медоду метавонистем дар хидматаш бошем, зеро аз нақли модарам ҳини кӯдакӣ ман нисбати дигар фарзандон бештар бемор мешудаам. Ва шояд модарро ранҷи бештаре дода бошам. Лаҳзаҳои охирини ҳаёташ аз ӯ дур будам. Ҳарфҳои охиринашро нашунидам, ин дард солҳо боз дарунамро мехӯрад. Модарамро дӯст медоштам…». Дигар ин бонуи ғампарвар ва дилсӯз таҳаммулро аз даст дод. Ашкҳои чашмонаш мерехтанду ӯ барои нигаҳ доштани онҳо тавон надошт.
Ба хотири Дилафрӯз
Барои ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридан Савриннисо ду сабаб дошт. Аввалан, мехост соҳибдиплом шавад. Билохира факултаи дӯстдоштааш – филологияи тоҷикро хатм намояд. Дигар – духтараш Дилафрӯз чанд сол қабл касби падар – ҳуқуқшиносиро интихоб карду баъд аз ду соли таҳсил бо сабаби гирифториҳои оилавӣ онро тарк кард. Дили модар ором нагирифт. «Дар ҳар сурат бояд духтар маълумоти олӣ дошта бошад. Дар зиндагӣ ба кор меояд. Агар дар оила зану шавҳар кор кунанд, таъмини хонавода, тарбияи фарзандон ва соҳибмаълумот намудани онҳо осонтар аст», – мегӯяд ӯ.
Бо ҳамин ният рӯзе бо домодаш ҳамсӯҳбат шуд. «Ман розиам, агар шумо ҳамроҳи завҷаам таҳсил кунед», – гуфт домод. Барои модаре, ки андешаи соҳибмаълумот шудани фарзанд барояш хеле муҳим аст, ин ҳарф кофӣ буд, ки ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ биспорад. «Маъмулан хешу табор вақти супурдани имтиҳонҳо ба иборае аз онҳо «болешики» мекунанд, аммо «болешик» - и ягонаи ман набераам – Фирдавс буд, ки ҳар замон садояш аз берун меомад: «Мома, имтиҳонро зудтар бисупор, ки ба хона баргардем», – мегуфт бо табассум ӯ.
Аз хотираҳо…
Сифати дигари хуб ва омӯхтании Савриннисо ин меҳрубонӣ ва дилсӯзии ӯст. Замони даргириҳо дар ҷумҳурӣ ӯ ҳамроҳи шавҳараш дар ноҳияи Шаҳритус зиндагӣ мекард. То ёфтани манзили зист онҳо дар як гӯшаи бинои суди ноҳия ба сар мебурданд. Шабе дузд омада дари хонаи хоби онҳоро аз берун мебандаду тамоми маводи ғизоии доштаашонро мебарад. Вақте дузд аз ҷонби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир мешавад, модари ӯ ба назди Савриннисо омада, саргузашти худу писарашро нақл мекунад. ӯ шаби дароз ҳамроҳи модари дузд гиря кардаву фардо ба назди судя рафта, хоҳиш менамояд, ки дуздро озод созанд, то азобу дарди модар бештар нагардад. Аммо посух якранг садо медиҳад: қонун қонун аст…
Дили саршор аз муҳаббат
Вақте ӯро мудири кӯдакистон таъйин карданд, рӯзи аввали корӣ ба хона бо табъи гирифтаву оби дида баргашт. Духтари Савриннисо ҳикоят кард, ки модар вазъи бади кӯдакистонро дида, муддате хобу оромиро аз даст дод. Рӯзи дигар аз хонааш қолини калон ва зебоеро гирифта ба он ҷо бурд, то тифлон дар ҷойи тоза ва мулоим бинишинанд.
Кӯдакон ҳар субҳ бо худ нон меоварданд, то дар давоми рӯз гурусна намонанд. Савриннисо бо ин ҳол созиш карда натавонист ва охири ҳафта волидайнро ба кӯдакистон даъват намуд. Баъд аз мулоқот, ба натиҷае расиданд, ки барои ҳар тифл 10 сомонӣ пардохт шавад, то маъмури харид бо он маблағ барои онҳо маводи ғизоӣ харидорӣ намояду ҳар рӯз ақаллан як маротиба хӯроки гарм таҳия шавад. «Агар он маблағро барои як моҳ тақсим кунем, ба ҳар тифл барои як рӯз 25 дирам рост меояд. Магар бо ин маблағ мешавад тифлро солим ба воя расонд?», – мегӯяд бо алам Савриннисо.
Кормандони кӯдакистон ва ҳамсояҳо бо эҳтиром ёдовар мешаванд, ки мудири кӯдакистон моҳе чанд маротиба дар хонааш хӯрок таҳия менамояд ва онро барои кӯдакон ва сарбозони қисми ҳарбӣ мебарад.
Орзу барои модар
Аз Таманно – духтари Савриннисо мепурсам, ки кадом хислати модарро меписандад. ӯ лаҳзае сукут карда мегӯяд: «Меҳрубон аст, аммо дар тарбияи фарзандон хеле сахтгир мебошад. Ба масаълаи тозагӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад. Он қадар дӯсташ медорам, ки тоқати дуриашро надорам. Ҳар рӯз барои диданаш ба хонаи падар меоям. Агар билфарзе ҷойе рафта бошад, бе дидори ӯ шабро ғамгину бо табъи гирифта рӯз мекунам. Орзу дорам ҳама вақт тансиҳату хушбахт бошад».
«Кӯҳансолтарин довталаб?»
«Холаам Савриннисо табиатан бонуи зиндадил, хушсӯҳбат ва завқи хосаи шӯхӣ кардану шӯхӣ пазируфтан дорад, – мегӯяд хоҳарзодааш Сафаргул. Зимни маъракаҳои хонаводагӣ ҳамаи хешу табор ва ҷияну ҷиянчаҳо гирди ӯ парвона мешаванд ва аз он ҷо садои ханда ба само мепечад. Чун огаҳ шудем, ки ӯ ҳуҷҷатҳояшро чун довталаб ба донишгоҳ супурдааст, шӯхиаш мекунем, ки «Рекорди Гиннесро дар Тоҷикистон монданиӣ, кӯҳансолтарин довталаб?» Баъди шомил шуданаш низ мо хандида холаамро «Кампирстудент», ё «Соҳибдипломи нафақахӯр» мегӯем. Вай бошад, хандида посух медиҳад, ки «Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуда: Зи гаҳвора то ба гӯр дониш биҷӯй». Барои мо ҳам дар синни 57 – солагӣ қасди маълумоти олӣ гирифтани холаамон ҳайратовар буд.
Падида
Солҳои охир ба чашм мерасад, ки бонувони мо маъмулан то синни 20–26 солагӣ кӯшиш мекунанд дар донишгоҳе таҳсил намоянд. Агар мавриди супурдани имтиҳонҳо ноком шуданд, ё мушкиле монеи ин кор гардад, ба қавле «дасту дил» мешӯянд. Аммо дар кишварҳои дигар, ба хусус Афғонистону Эрон занҳо ба куллӣ аз бонувони мо фарқ мекунанд Онҳо барои худ чаҳорчӯб таъйин накарда, то охирин лаҳзаи ҳаёт, бо пеш омадани нахустин имконият таҳсил менамоянд, маълумоти дуввуму саввум мегиранд. Ва ин тарзи амалу зиндагӣ қобили дастгирист.
Хушбахтона, ин падида ба кишвари мо ҳам омада. Савриннисоро аз самими қалб бо донишҷӯ шуданаш табрик гуфта, аз бонувони дигари ҳамватан таманно дорем, аз ӯ пайравӣ намоянд. Шамъи дониш дар ҳама синну сол роҳ рӯшан хоҳад кард.
Фурсати худоҳофизӣ ба чашмони қаҳрамонам нигаҳи амиқе кардаву дар он ғарқ шудам. Худоё қурбонат! Дар чашмони ин бону он қадр меҳрубонӣ, самимият, муҳаббат ба зиндагӣ, фарзандону пайвандон ва он қадр зебоӣ ҷо кардаӣ, ки бетардид метавон гуфт: Модар аст, бо ҳама сӯхтанҳову сохтанҳо, бо ҳама ғамҳову шодиҳо! Ва модаре, ки саводу хиради занро ҷузъи муҳими рӯзгораш медонаду дар синни 57 – солагӣ ҳам донишҷӯиро қабул дорад.
Фароруни Сабзқадам