Ду афсар пур аз гавҳари шоҳвор,
Ду ёра: яке тавқу ду гӯшвор.
Зебу зиннат ва ороишоти занона бо урфу одат ва зиндагию рӯзгори мардум пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳар давраи таърихӣ осоре аз зебоӣ ва ҷиҳози ороиширо аз худ боқӣ гузоштааст. Яке аз маъмултарин ороишоти қадимаи занон гӯшвор (халқа) мебошад. Гӯшвор аз замонҳои қадим байни бонувони Машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон, маъмул буд. Дар тадқиқоти археологии солҳои 1947-1966 дар Панҷакент 24 намуди гӯшворҳои биринҷии гуногунсохт ёфт шудааст. Ин гӯшворҳо маҳсули заргарони асри 8 мебошанд.
Гӯшвор одатан маҳсули ҳунари заргарист. Гӯшворҳои оддии қадима бештар бенигину бепоя, яъне беовеза буда, дар байни мардум бо номи «гӯшвори холак», «гӯшвори дилак» маъмуланд. Дар гузашта одатан гӯшворҳоро бо унвони масолеҳе, ки аз он сохта шудаанд, номгузорӣ мекарданд: гӯшвори тилло, гӯшвори нуқра, ҳалқаи марворид, ҳалқаи садаф ва ғайра. Гӯшворҳо дар аввал бечашмак (бенигин) буданд. Баъдтар гузоштани чашмаку нигин аз сангҳои гуногуни ороишӣ ба расмият даромад.
Гӯшворҳои қиматбаҳоро одатан дар тӯйу идҳо меовехтанд ва онҳо овезаҳои зиёд дошта, бо сангу шаддаҳои марҷон ороиш дода мешуданд. Чунин гӯшворҳоро дар ҳар маҳал ҳар хел ном мебаранд: гӯшвори чапарак, гӯшвори қафасӣ, гӯшвори қуббанок (Кӯлоб), гӯшвори муҳаммадӣ (Кӯлоб, Ҳисор, Бухоро), гӯшвори «ёрбедоркунак» (Панҷакент).
Байни занону духтарони хуҷандӣ гӯшворҳои истеҳсоли заргарони таҳҷоӣ бо чунин номҳо маъмул буданд: ҳалқаҳои балдоқ, балдоқи пашшахона, қошғарӣ, қашқарбалдоқ, маҳак, ойбалдоқ, ғӯза, қубба, туркистонӣ, сӯзан, ғаззолӣ, яккадур, бағдодӣ, ҳалқаи шилдирма.
Гӯшворҳоро ба ду гурӯҳ: овезадор ва беовеза ҷудо мекунанд. Гӯшворҳои доирашаклро ҳалқа меноманд. Лекин ин номгӯй на ҳамеша риоя мешавад. Дар аксари маҳалҳо, масалан дар Хуҷанд, Панҷакент, Қаротегину Дарвоз, Вахшу Ҳисор ҳамаи намуди гӯшворро ҳалқа мегӯянд. Замонҳои пеш дар Кӯлоб ва деҳаҳои болооби Зарафшон ба бинӣ насб намудани гӯшвор расм буд, ки онро нати бинӣ, холбинӣ, латибинӣ ва ё арабак меномиданд.
Дар миёнаҳои асри XIX нуқра дӯстдоштатарин маҳсулоти заргарон маҳсуб мешуд. Ҳунармандон аз нуқра ороишоти гуногуни занона сохта, бо сангҳои зумуррад, лаъл, фирӯза, ақиқ, марҷон, дурру садаф оро медоданд. Ин гӯшворҳо бо нақшу нигорҳои гуногун кандакорӣ ва бо сангҳо хотамкорӣ карда мешуданд.
То охири асри XIX дар Ҳисор ба гӯши яккаписарон як ҳалқаи нуқрагин меандохтанд. То замони оиладоршавиаш писар онро овехта мегашт ва ақидае буд, ки гӯё он чун тилисме ӯро аз бадиҳо нигоҳ медорад. Дар Панҷакент заноне, ки фарзандонашон мефавтиданд ва ё нуқсе доштанд, як гӯши ин тифлонро, новобаста аз ҷинсашон, шикоф карда, гӯшвор меовехтанд.
М. Бобомуродова