Сафармоҳ Муродҳусейнова зодаи шаҳри Хоруғ аст ва дар оилаи омӯзгор ба камол расидааст. Модараш – холаи Марҳаматнисо, дар баробари он ки муаллимаи фанни забони тоҷикӣ буд, ҳунари хайётиашро низ дар зиндагӣ фаровон истифода мебурд. Вай дар мактаб хуб кор мекард, ба шогирдон самимона дарс мегуфт, аммо дар хона ҳунарашро сайқал медод. Холаи Марҳаматнисо ҳунари дӯхтану бофтанро аз овони кӯдакиашон ба фарзадонаш меомӯхт.
Аслан, Сафармоҳ аз синни хурдӣ дилбохтаи касби дӯзандагӣ ва бофандагӣ буд ва пас аз хатми мактаби миёна ба фабрикаи «Ҳайёт»-и шаҳри Хоруғ ба кор омад. Дар ин коргоҳ ҳудуди 13 сол кору фаъолият карда, ҳамчун дӯзандаи моҳир дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок мекард.
Қиссаи рӯзгори Сафармоҳ низ пур аз муҳаббату солорист. Вай соли 1987 бо Чоршанбе Ғуломносиров, ки корманди шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ишкошим буд, во мехӯрад ва пас аз чанд вақти ошноӣ онҳо издивоҷ мекунанд. Ҳамсари нахустини амаки Чоршанбе соли 1985 аз дунё даргузашта, тарбияи чаҳор фарзанд бар души падари хонавода вогузор шудааст. Ҳамчунин нигоҳубин аз хоҳари маъюбаш ҳам бар зиммааш афтодааст. Табиист, ки як мард ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ин корҳо баромада наметавонад ва дар ҳамин замон издивоҷаш бо Сафармоҳ беҳтарин гардиши рӯзгораш будааст.
Сафармоҳ, ки нигоҳубини фарзандон ва хоҳари маъюби шавҳарашро ба душ гирифта буд, бо чолокии худ аз ӯҳдаи ин корҳо мебаромад. Аммо боз ҳам меҳри ҳунар дилашро ором намегузошт. Ниҳоят дар шӯъбаи корхонаи хизмати маишии деҳаи Қозидеҳ ба кор даромад. Чун таҷрибаи зиёди корӣ дошт, аз ӯҳдаи иҷрои кори коргоҳ ба хубӣ мебаромад ва дар баробари ин бо хислати ҳамидааш дар миёни кормандон базудӣ шӯҳратёр шуд.
Аммо дар оғози даҳаи 90-и саддаи гузашта, бинобар нооромиҳои кишвар, фаъолияти коргоҳ қатъ гардид ва Сафармоҳу чандин зани дигар бекор монданд. Вале ҳунар худ чашмаест, ки меҷӯшаду меҷӯшад. Сафармоҳ барои наварӯсон кӯрпаю болин ва куртаҳои зебоӣ арусӣ медӯхт. Либосҳои ӯ бо дӯхти босифат ва тарҳи замонавӣ на танҳо дар Қозидеҳ, балки дар деҳаҳои гирду атроф низ шӯҳрати зиёд касб карданд. Сафи муштариёнаш рӯз аз рӯз меафзуд, вале дар хона барои иҷрои фармоишҳои зиёд имконият надошт. Бинобар ин вай ба хулосае омад, ки дар деҳааш як коргоҳи дӯзандагиро ба роҳ андозад ва духтарону занонро ба кор ҷалб кунад.
Сафармоҳ Муродҳусейнова бо дастгирии ҷамоати деҳаи Қозидеҳ ва мақомоти маҳалии ноҳияи Ишкошим дар назди хонааш коргоҳи хайётӣ сохта, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Коргоҳро дар зарфи як сол бо малағи 7,5 ҳазор доллари амрикоӣ, ки Барномаи Рушди инкишофи манотиқи кӯҳистон ихтисос дода буд, сохтааст. Нахуст 20 духтари деҳаро ба дӯзандагию мӯҳрабофӣ ҷалб карда, дар тӯли се моҳ нозукиҳои ин касбро ба онҳо ёд дод. Коргоҳи нав гоҳе ба мушкилот рӯ ба рӯ мешуд. Масалан, барои омӯзиши духтарон матоъи зиёд лозим мешуд, вале дар ин ноҳияи дурдаст дарёфти он мушкил буд.
Соли 2009 аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии бонувони соҳибкор грантҳои президентӣ пешниҳод шуд ва Сафармоҳ низ лоиҳаи худро пешниҳод кард, ки сазовори гранти президентӣ шуд. Ӯ пас аз дарёфти гранати президентӣ, ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ аз шаҳри Душанбе матоъҳои гуногун оварда, ба духтарони зиёде ҳунари хайётиро омӯзонд. Дар зарфи чанд сол шогирдони зиёд тарбия кард ва ҳанӯз ҳам дар коргоҳаш касбомӯзиро идома медиҳад.
Дар коргоҳи «Нисо», ки Сафармоҳ онро ба хотири модараш бо исми ӯ номгзорӣ кардааст, шаш бонуи ҳунар Нигина Ошурбекова, Ҷонбегим Нурмамадова, Фаришта Олимбекова, Ҳайёти Раҳмондод ва Бибинақд Фаридуншоева бо кори доимӣ таъминанд. Ҳайёти Раҳмондод хурдтарин корманди ин коргоҳ аст ва ӯ ҳанӯз дар синфи 10-ум мехонад ва ба мӯҳрабофӣ машғул аст. Оилаи Ҳаёт аз ҳафт нафар иборат аст ва ӯ фарзанди нахустини хонаводаашон аст. Ин духтараки ҳунарманд бо музди меҳнаташ дар пешбурди зиндагии оилааш саҳмгузор аст.
Сафармоҳ мақоли қадимии тоҷикиро тағйир додаст ва чунин шиор дорад: «Ба як зан чил ҳунар кам аст». Бино бар ин дар коргоҳаш ғайр аз дӯхтани пероҳанҳои зебову ҷолиб дӯхтани тоқӣ, бофтани ҷӯроб ва мӯҳраро низ ба роҳ мондааст. Ҳар гоҳе ки меҳмонони дохилию хориҷӣ ба ноҳияи Ишкошим меоянд, ҳатман аз коргоҳи ӯ боздид мекунанд.
Ин бонуи ҳунар аз он меболад, ки бахти баланд ва ҳунари воло насибаш шудааст. Самимият ба зиндагӣ, дилбохтагӣ ба ҳунар, ҷаҳду талош ба иҷрои кор ва ниҳоят сидқан омӯзондани дигарон – апаи Сафармоҳро ба эҷоди як пайроҳаи зебое дар ин кӯҳистони дурдаст расондааст. Ҳоло ӯ соҳиби 5 духтар ва як писар аст. Ҳамаи фарзандонаш соҳиби таҳсилоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд. ӯ ният дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои ба дастоварда коргоҳашро калонтар кунаду занони бештареро ба кору фаъолият ҷалб кунад.
ПАРИНОЗ АЗИЗӢ