Зубарзят Саркисян зодаи Русияву шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ҳанӯз дар синни 23-солагӣ барои идомаи зиндагии хушу гуворо бо шавҳари азизаш, ки азми кор ва зистан дар Тоҷикистон дошт, ба ин ҷо омаду дигар дил барнаканд.
–Фаъолияти меҳнатиамро низ баъди хатми Донишкадаи кооперативии шаҳри Маскав миёни тоҷикон оғоз намудам. Ҳам оғози хуши зиндагии оилавӣ, ҳам муҳити наву бароям хеле дилнишини тоҷикӣ якбора дар зиндагиям дари ҷаҳони тозаеро во кард, ки худро ҳамчун як фарди ин кишвари бароям азизгашта меҳисобам,– мегӯяд ӯ.
Дар омӯзишгоҳи кооперативии шаҳри Хуҷанд он давра ба чунин мутахассисон ниёзмандӣ эҳсос мешуд ва Зубарзят аз муаллими оддӣ то муовини директори ин муассисаи таълимӣ бо дили гарму самимият кор кард. Баъдан, соли 1995 ӯро ба соҳаи хӯроки умумӣ ба кор даъват намуданд ва дере нагузашта, чун мутахассиси пешбари ин соҳа маъруфият пайдо кард. Бо гузашти чанд сол фаъолият дар коллеҷи металлургӣ-кӯҳии шаҳри Чкаловск, ӯ ҳамчун омӯзгори ботаҷрибаву навовар ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси омӯзгор даъват мегардад ва то соли 2006 он ҷо фаъолият карда, шогирдони зиёдеро аз касбу ҳунари хеш воқиф месозад.
Зубарзият Саркисян бонуи ҳунарманди соҳаест, ки ҳамагон орзӯяшро доранд. Охир кӣ намехоҳад, ки чӣ дар хона ва чӣ дар корхона нафаре паҳлӯяш бошад, ки завқи зебоиофарияш беинтиҳост.
У дар ороиши дастурхон, хонаву муассиса ва ҳатто хиёбону ҳавливу боғ назари хоси хешро дорад. Хурдтарин ҷузъиёти зебоӣ аз назараш дур намемонад. Бонуест пурдон, соҳиби завқи хоса, дониши қавӣ, дарёдилу муҳиб. Бо ӯ, ки ҳама чун Зоя Фуатовна мешиносандашу дӯсташ медоранд, дар ҳама масъалаву мавзӯъ метавон сӯҳбат кард, маслиҳат намуд, андеша пурсид. Дар муошират ҳалиму маданист. Чун устод, роҳбар ва корманд хеле сахтгиру серталаб аст, вале дили ғамхоре дорад, ки барои кӯмак ба корафтодагон ё тобеинаш дарёист.
Медонад, ки ҷавонон ва умуман ҳамкорон гоҳе аз ин сахтгириҳояш меранҷанд, вале барояш муҳим натиҷаи кор аст. Бо гузашти мӯҳлате онҳо дармеёбанд, ки устоди сахтгир беҳтар аст, аз нармдилии бенатиҷа.
Зоя Фуатовнаро ба Маркази таълимии Бонки миллӣ ҳамчун кадбонуи хушзавқ, дизайнер-ороишгари соҳибтаҷриба барои муҷаҳҳаз кардани ин гӯшаи зебоманзари диёр ва ҳам мушовири хубу ташкилотчӣ даъват намуданд. Ва дере нагузашта, роҳбариро ҳам бовар карданд.Зеро Зоя Фуатовна чун як бонуи покизакор, ҳунарманд, бомаърифату кордон дар ташкили кори ин муассисаи тозатаъсису замонавӣ хеле зарур буд.
Аслан дастурхондорӣ хоси бонувон аст, вале нафаре, ки завқи ғарбиву шарқиро бо ҳам омезиш дода тавонад, бо эҷоди нотакрор ҳар бор навҷӯиву навовариҳо боз беҳтару беҳтар карда тавонад, кам андар каманд. Аз ин рӯ, ин бонуи хушҳунар ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи онҳое буд, ки завқи зебоипарастии баланд доранд.
Зоя Фуатовнаро насиб гаштааст, ки борҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун мизбон пазироӣ намояд. Барои меҳмонони сатҳи олӣ таҳияи номгӯйи ғизо ва ҳар як ҷузъиёти хурдтарини ороиши мизро роҳбарият танҳо ба ӯ бовар карда метавонад.
Ба Маркази таълимии «Бонки миллӣ» меҳмонони хориҷии зиёде меоянд. Он ҷо семинарҳои байналмилалӣ ҳам баргузор мегарданд. Ва ин рӯзҳо Зоя Фуатовна хобу қарорро гум кардааст. Мехоҳад, ки ҳама кор бе камбудӣ гузарад. Меҳмонони сатҳҳои гуногун барои омӯзиш ва истироҳат аз ин Маркази воқеан олидараҷа дидан кардаву аз маҳсули ҳунари Зоя Фуатовна истифода намудаанд. Ва ҳар кадоме аз онҳо порае аз муҳаббати ин бонуи хушзавқу кордонро бо худ бурдаанд.
–Ӯ дар фаъолияташ як эҷодкореро мемонад, ки дунёи хоси хешро дорад. Гоҳо он қадар ба андешаҳои худ дода мешавад, ки касеву чизеро намебинад. Бонувоне бо чунин завқи баланд ва ҳамзамон хоксору заминӣ ва дилсӯзу ҷонфидо ба касбу амали хеш, кам андар каманд ва насли ҷавонро месазад, ки аз онҳо биёмӯзанду пайравӣ созанд,–мегӯяд Муҳаббат Пирназарова–бонуе, ки тобистони имсол дар ин Марказ чанд рӯзе фароғат дошт.
Ӯ инсонест ҳамеша дар ҷустуҷӯ. Сермутолиаву кунҷкоб. Пайваста пайи такмили ихтисоси хеш ва донишҳои наву муосир.
Нафарони танбалу камсаводро таҳаммул надорад. Орзуяш ин аст, ки ҳар як бону завқи зебоипарастӣ дошта бошаду зиндагии рангоранг ва ороста, хонаву дари хушҷиҳозу бо завқ оро ёфта ва саломативу дониши қавӣ. «Ин ҳамаро ноил шудан осон аст», андеша дорад ӯ. Фақат танбалӣ нашояд. Охир зан худ рамзи покиву зебоист ва агар аз офаридаҳои вай атрофиён лаззати маънавӣ набардоранд, набахшиданист.
Бо ҳар зане, ки андешаманду закист, дӯстӣ меҷӯяд. Зеро медонад, ки ҳар як инсон нотакрор асту метавонад сарчашмаи омӯзиши дигарон бошад. Яъне, агар шахс беҳтарин хислатҳои дигаронро бигирад, бурди калоне мекунад, андеша дорад ӯ.
Зоя Фуатовна аз илми тиб ва рӯҳшиносӣ тариқи худомӯзӣ он қадар дониш андӯхтааст, ки гоҳо зимни сӯҳбат кас бовар намекунад, ки мутахассиси ин соҳот нест. Дониши густурдааш имкон медиҳад, ки дар сӯҳбати ҳар гуна инсон хешро озод эҳсос намояд ва ба нишастҳо вижагиҳои хосе ворид созад.
Духтараш Анжелла Саркисян касби рӯзноманигориро пеша кардаасту писараш Артур системаи иттилооти иқтисодро аз худ кардаву пайваста чун модар завқи ҷӯяндагӣ дорад.
–Зоя Фуатовна дар омода кардани мутахассисони соҳаи хӯроки умумӣ, пешхизматон, ороишгарони мизҳои тӯёна, хулоса, зебоиофарон дар вилояти Суғд саҳми калоне дорад. Чун ӯ мутахассиси дараҷаи баланд, ки ду дипломи ин соҳаро дорад, ман надидаам. Муҳимаш ин аст, ки вай дорои эҳсоси баланди масъулият аст. Агар ташрифи Ҷаноби Олӣ, ё дигар меҳмонони баландпоя ва ё семинарҳо дар назар бошад, Зоя Фуатовна ҳатто шабона ба хонааш намеравад. Ӯ бо завқи махсус ҳар як меваву сабзавотро шахсан худаш ба бозор рафта интихоб мекунад, ҳар як хӯриш ва хӯрокро шахсан омода ё назорат мекунад. Мутахассиси олидараҷа буда, масъулиятшиносиашро борҳо собит кардааст.
Аслан ӯро барои ҳамин поквиҷдонӣ ва ҳунари волои дастурхондорияш, собиқ раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардон ба Маркази таълимӣ даъват кард. Ин дар ҳоле буд, ки Зоя Фуатовна директори тарабхонаи номдор ва ҳама меҳмонони олиқадр мизоҷони он буд. Дар бораи касбият ва масъулиятшиносии ӯ ҳар қадаре бигӯем, кам аст,–мегӯяд духтури Маркази мазкур ? Қаюмов.
Оре, зиндагии як бонуе, ки хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва болотар аз он масъулиятшиносиву касбияташ эътироф гардидаанд, воқеан сазовори омӯзишу пайравист. Зубарзят (Зоя) Саркисян ҳанӯз саропо ҳунар, дониш, энержӣ ва эҷод аст. Ӯ ба наслҳои оянда аз касб ва ҳунари сайқалхӯрдаи хеш донишу таҷрибаи фаровон бахшида метавонад. Ва моро месазад, ки бар он бовар бошем, ки ҳунару ҳунарварӣ касро сарафрозу болонишон месозад.
Ҳ.Юсуфӣ