Киҳо рухсати рӯза хурдан доранд?
Чун Ислом дини фитрату табиати одамист ва аз тарафи Худованди ҳолдону банданавоз фиристода шудааст, табиъист, ки дар мавриди рӯза низ рухсатҳое дорад. Мардуме, ки аз доштани рӯза дар моҳи Рамазон узр доранд, 13 гурӯҳанд:
1. Ғайримусулмонон
2. Хурдсолон
3. Девонагон
4. Зан ҳангоми ҳайз
5. Зане, ки нифос мебинад
6. Зани ҳомиладор
7. Зане, ки сина мемаконад
8. Беморон
9. Маъюбон
10. Пири барҷомонда
11. Мусофирон
12. Иштирокдорони ҷиҳоди роҳи худо
13. Зери фишор
Онҳое, ки бо хӯрдани рӯза қарздор намешаванд:
Аз ин 13 гурӯҳе, ки иҷозати рӯза нагирифтан доранд, 3 гурӯҳи аввал, яъне ғайримусулмонон, кӯдакон, девонагон баъди рамазон ҳам қарздор намешаванд ва рӯза намедоранд.
Аз 10 гурӯҳи боқимонда ду гурӯҳи дигар низ баъди рамазон рӯза намедоранд:
1) Маъюбе, ки рӯза дошта наметавонад
2) Касе, ки ба пириву барҷомондагӣ расидаасту рӯза гирифта наметавонад.
Вале ин гурӯҳҳоро зарур аст, ки кафорат диҳанд ва кафорат иборат аст аз таом додани як камбағал дар рӯзҳое, ки рӯза намегиранд.
Ва аммо 8 гурӯҳи боқимондаи одамоне, ки рухсати хӯрдани рӯза доранд, баробари тамом шудани шароиту вазъияте, ки дар он қарор доранд, бояд гирифтани рӯзаро идома бидиҳанд.
1. Зан ҳангоми ҳайзЗане, ки ҳайз (бенамозӣ, menstruation, менструация) мебинад, баробари тамом шудани ҳайз бояд рӯза бидорад.
2. Зане, ки нифос мебинад, баробари қатъ гардидани нифос (хунравии баъди таваллуд, post childbirth bleeding, выделение крови после родов), агар қобилияту шароити рӯза дошта бошад, лозим аст рӯза бигирад. Вале агар баъди қатъ шудани хуни нифос шир додани кӯдак пеш биёяд, зан бояд рӯза нагирифта, бо кӯдаки худ машғул бишавад.
3. Зани ҳомиладор баробари тамом шудани ҳомиладорӣ ва пайдо шудани шароити рӯза медорад.
4. Зане, ки сина мемаконад, баробари анҷоми давраи синамаконӣ ва пайдо шудани шароит рӯза мегирад.
5. Мусулмони бемор ҳам баробари шифо ёфтан рӯза медорад.
6. Мусофир ҳам баробари тамом шудани сафараш ба сафи рӯзадорон бармегардад.
7. Шахсе, ки дар ҷиҳоди роҳи худост, бо хотимаи он рӯза медорад.
8. Касони зери фишор баробари рафъ шудани он ҳолати маҷбурӣ бояд рӯза бидоранд.
Содиқтарин ёри рамазон дар дунё зани тоҷик, бонуи боимону парҳезгори тоҷик будаасту ҳаст. Чунон ки дидем, рухсату осонгириҳои дини мубини Ислом бештар дар мавриди занон татбиқ мешаванд. Аслан ҳамаи 13 гузашт ба занон дахл доранд, чаҳортояшон махсус барои занону бонувонанд ва боқӣ - барои ҳарду ҷинс. Ин рухсатҳову иҷозатҳо баёнгари таҷаллӣ ва демократӣ будани дини мубини Исломанд. Яъне, таълимоту ритуалҳои Ислом бо замонаву шароит мутобиқатанд ва барои бандагони худо фазои мусоиди рӯҳонӣ эҷод мекунанд, то занону мардони мусулмон ҳам фармудаи илоҳиро ба ҷо биёрад ва ҳам ба саломатии ҷисму равони худ зарба назанад.
Аммо мутаассифона….
Бо афсӯс бояд гуфт, ки аз нигоҳи равонӣ ва менталитети динфаҳмӣ мардуми мо дар риояи таълимоти дин максималистанд ва мекӯшанд ҳарчӣ бештар бар худ сахт бигиранду зери азобу ранҷу шиканҷа диндорӣ кунанд, на бо меҳру дилгармиву ошиқона. Ин яке аз офатҳои бузурги диндории мост. Алалхусус, вақте ба осонгириҳои шариат мерасанд, онҳоро ба ҳадде тангу нозук мегиранд, ки натанҳо аз осонӣ тақрибан чизе намемонад, балки осонӣ ба душворӣ табдил меёбад.
Осонгириҳои шариат барои зан
Дар ҳадисе аз Пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва салам ба ривояти имом Бухорӣ ва имом Муслим омадааст, ки барои як зани мусулмон вақти ҳайз ё нифос рӯза ҷоиз нест ва сабабаш ин аст, ки дар ҳангоми ҳайзу нифос бону хуни зиёдеро талаф медиҳад ва шариати ислом бар болои ин намехоҳад бар зан боз рӯза доштанро бор кунад ва ин боиси нотандурустии ӯ шавад. Пас дар чунин ду ҳолат зан ҳатман бояд рӯза нагирад ва бихӯраду биошомад ва аз неъмати осонгирии шариат шукр гуфта, бо сипарӣ шудани ин ду марҳила қазои онро бидорад. Дигар осонгирии шариат барои зан вақтест, ки ҳомиладор бошад ва ё кӯдаки хурди синамак дошта бошад. Дар чунин ҳолат ҳам зан рухсат дорад бихӯрад, зеро ғизои ӯ танҳо барои худаш не, балки барои он кӯдаки маъсуми батну дасташ низ ҳаст.
Саъдӣ ЮСУФӢ