Анзурат. Арӯси нозҳо, арӯси шаҳбачаи «ошиқ», ки ҳанӯз дар зери чодар пас аз соате танҳояш мегузораду ба мушту лагадзании ҳамсоя меравад. Ва то ҳол худро намебахшад, ки чаро ҳамон лаҳза дарк накард, ки ба чи доме афтодаасту раҳоияш осон нест.
Анзурат. Журналисти радиои «Садои Душанбе», ҳамзамон ҳамсари гирифтори хушунат, ки роҳи наҷоташ аз худкушӣ танҳо хотири ду писари аз тарс қариб ақлбохтааш буд, ки ҳанӯз сарфаҳм намерафтанд, падарашон ба чи хотир модарашонро ин қадар латукӯб мекунад.
Анзурат. Зани аз зарбу лати бадан кӯфтхӯрдаву аз зарбҳои ногаҳонии тақдир раҳгум, ки талоқро барои худ шармандагӣ ва бепадарии фарзандонашро айби танҳо зан пиндоштаву ҳар лаҳзае даст аз ҳаёт шустан мехост. Ӯе, ки пеши чашмонаш дидаҳои хунпечи шавҳар, мушту лагади беҳисобу таҳқиру дашномҳо, беҳуқуқиву зиллат ва дар муқобили он тифлакони ба ҳукми гул баробараш, ки ба зонувони падар часпидаву бо дандонҳои кӯчаки худ модарро аз зарбу лати шавҳар «наҷот» доданӣ мешаванд, ҳамеша ҷилвагар аст.
– Оре, ман як зани бадбахт будам. Нахуст оғози бадбахтиям ин буд, ки нигоҳи шаҳватбори мардеро ба унвони ишқ пазируфтам. Замоне инро фаҳмидам, ки дигар масъулияти модарӣ доштам. Вале корди ба устухон расида ин буд, ки тифли ҳаштмоҳаи шикамам аз зарби шаттаҳои шавҳарам пеш аз мӯҳлат таваллуд шуда фавтид ва дарёфтам, ки ба ҷуз раҳоӣ аз ин зиндони ба ном «зиндагӣ» чораи дигари зистанам нест, - мегӯяд бо чашмони пурашк баъди солҳо ӯ.
Бо таассуф ёдовар мешавад, ки чунин хушунати оилавиро на танҳо дар хонаи волидон надидааст, балки боре ҳам чунин зиндагии пурашкро ба худ тасаввур ҳам накардааст. Ҳини мактабхонӣ мерақсиду месароид ва нигаҳҳои саршор аз муҳаббати волидон ӯро ба хаёлҳои ширин раҳнамоӣ мекарданд. Муҳассили курси як буд, ки даргириҳои кишвар ба кохи орзӯҳояш оташ заданд. Ва боқӣ ҳаёташ пур аз ашку ҳасрат шуд.
Ба шавҳар додани Анзурат, чун ҳамаи тӯйҳои саросемавори давраи ҷангӣ, баҳри иҷрои мақоли «духтарро ба обрӯи Муҳаммадӣ ба дасти соҳибаш (яъне шавҳар) супоридан» буд. «Волидон маро аз боевикҳову қумондонҳо эмин доштан хостанд, вале бехабар аз он ки маҳз дар тақдири ман силоҳбадасте «навишта» шудааст…»
Акнун шавҳари золим ӯро чун бачаҳои боғча дар кунҷак мемонд, истинтоқ мекард, таҳдиди куштан менамуд ва, агар инсоф кунад, «футбол» мекард ва, агар ҳамсояҳо пинҳонаш намекарданд, куштанӣ мешуд.
Шикастани бинӣ, даридани лаб, кафидани пешонӣ, рехтани дандонҳо, зарба ба ҷигар, кабудии дасту по ва бадани ҳамсар дили ин марди хундидаро тар намекард. Ҳатто ӯ метавонист гоҳо бо чунин усул фарзанди кӯчаки худро истинтоқ намояд. Ҳақорат лафзи ширини шавҳар буду волидони раҳдури Анзурат ҳамеша бо он «таъмин».
Анзурат ба волидон ҳаргиз чизе намегуфт. Зеро ҳам падару ҳам модараш дар ин ҷанг фарзанди падар гум кардаву ғамдор буданд.
Ва инак, баъди задану шикастанҳои навбатӣ шавҳар аз «футбол»–и даруни хона ба майдончаи назди бинои истиқоматӣ ба футболбозӣ мераваду Анзурат бо ду кӯдак роҳи гурезро пеш мегирад ва бо ҳамин роҳ ҳаёти оилавию таҳқирҳои ҷисмонии вай анҷом мепазирад.
Таваллуди дигар
Анзурат. Модари дур аз тифлаконаш, ки якеаш танҳо як сол дораду бо ёди онҳо аз дарди фироқ тамоми пайванди ҷонаш месӯзад.
Анзурат. Зани бевамондае, ки ҷаҳаннами зиндагиро бо чашми сар дидаву ҳанӯз «зинда» аст.
Анзурат. Роҳ ба қафо - ба ноҳия ё дар шаҳр мондану мубориза барои идомаи зиндагии шоиста.
Анзурат. Ҷавонзани бесарпаноҳ дар шаҳри шикастаи орзӯҳо.
Анзурат. Бо иродаи фитрии як зани тоҷик, ки бо шикастан ҳам намерезаду ҳамеша ба сӯйи оянда мехонадаш..
Анзурат. Таваллуди дигар аз ашку алам, ҷабру ҷафо ва бо умед ба ояндаи нек нигаристан.
Ӯзани оддиву бовиқори тоҷик аст, ки ба сахтиҳои тақдир тан додан намехоҳад. Ду далел барои таслим нашудан дорад: ӯ ҳам фарзандест, ки волидон боумед тарбияаш кардаанд ва ҳам модарест, ки бояд бори рӯзгори тифлонашро бикашад. Баъзан телааш медиҳанд, пешпояш мемонанд, вале ҳамоно қавидил ба пеш равон аст. Наменолад, амал мекунад. Наменозад, кор мекунад. Намесӯзад, месозад. Охир, ӯ зан аст ва рисолаташро Офаридгор ҳамчунин офарида.
Анзурат Назарзода. Журналисти телевизион, ки бояд ба тамошобин пайки шодиву нишот ва иттилооти саривақтиро тарзе бирасонад, ки осоре аз бадбахтиҳои худаш дар он набошад.
Анзурат Назарзода. Раҳнаварде ба дунёи «шоу-бизнес», ки ба қавле бераҳму шафқат асту пур аз макру рақобат, вале ҳамзамон олами ҳунар.
Анзурат Назарзода. Чеҳраи наве дар олами санъат ва бо албоми «Пайки Лайлӣ» қиссаҳои ранҷи дили занеро, ки барои дигарон марҳам шуданист, мерасонад.
«Сурудҳои аввалинам баъди замони кӯдакӣ дигар танҳо аллаҳои пурҳасратам сари гаҳвораи тифлонам буду дигар дар ҳама нақшҳо - чи рӯзноманигориву чи ҳунарвариям танҳо будам. То нисфи шаб суруд мехонаму гоҳе рақс ҳам мекунам, зеро ман бояд бизиям» - мегӯяд Анзурат бо ҳузни беандозае дар чашм.
Замоне, ки фасли Наврӯз оламро сабз мекард, Анзурат Назарзода бо таҳияи 18 суруд нахустин бор рӯйи саҳна омад, то садои ҳазини қалбашро баланд кунад. То пайк аз Лайлие бидиҳад, ки Маҷнуни хешро дарёфтааст. То ба рағми ҳама ғуссаҳо ба саҳнаи ҳунари тоҷик боз истеъдодеро тақдим бидорад. Бо кӯмаки ҳамкасбонаш аз телевизиони «Сафина» ва дастгирии роҳбари ғамхорашон - раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон, ки ба ҳунару истеъдоди журналистони телевизион эҳтиром қоил аст, ин имконро ба даст овард. Ӯро танҳо волидонаш, хешони наздик ва дӯстонаш сарпарастӣ карданд ва ин бахтро ҳамеша шукргузор аст.
Инак албоми дуввуми Анзурат Назарзода зери унвони «Ҳасрати танҳоӣ» ба дасти тамошобин расид Ӯ тавонист дар ин давра базмҳои тӯёнаи чандин касонро низ чун як ҳунарманд гарм созад. Ба хотир меорад, ки чун бори нахуст ба тӯй чун ровӣ даъваташ карданду аз тарс ларзид. Чӣ тавр ӯ ба саҳнаи базм мебарояд? Чӣ мегӯянд мардум? Айбаш намекунанд? Таънааш намезананд? Ин суолҳо оромаш намегузоштанд.
Вале садое посухаш мегуфт, ки «ту ҳам ҳаққи зистан ва садо баланд кардан дорӣ. Ҳунармандӣ айб нест…»
Инак, ӯ аз дарди хеш месарояд ва медонад, ки ин танҳо дарди ӯ нест. Акнун ӯ аз фиреби мард месарояду медонад, ки танҳо ӯ фиребхӯрда нест ва бояд ба духтари навдилдодае ҳушдор диҳад. Кунун ӯ ба хотири ояндаи тифлаконаш ба рағми сахтиҳои рӯзгор гом мегузораду медонад, ки ҳазорон зани тоҷик бо чунин мақсад мезиянд. Ва месазад, ки танҳо ба ҳамин хотир ҳам зист Ба хотири ояндаи нек.
Субҳи содиқ тариқи телевизиони «Сафина» муҳаррири варзидаАнзурат Назарзода ба мардуми кишвар аз «Файзи саҳар» пайк мерасонаду шоми торро дар хонаи иҷорааш ба тамрини суруд кӯтаҳ мекунад.
Замони тифлӣ Гугушро чун идеал мепарастид, вале боре ҳам дарк намекард, ки чӣ роҳи сангину тӯлонист то пазируфта шудан чун Гугӯш.
Имрӯзҳо дигар чашмаи ашки ӯ хушк шудааст. Худро аз хеш меҷӯяд. Мавқеашро мекобад. Ҷояшро дар ҷомеа муқаррар карданист. Акнун ӯ Анзурати ашкбор не, бонуи ҳунар Анзурат Назарзода аст.
Ту ӯро мешиносӣ, хонандаи азиз?
Анзуратро дар клип-консертҳо дидаӣ?
Бале, ин ҳамон овозхони пурдардест, ки чашмонатро пуроб месозаду аламҳоятро тоза. Вале ӯро бубахш, охир ӯ замоне барномаи радиоии «Сабзхазон»-ро бароят эҳдо мекарду аз пастиву баландӣ, бурду бохт, сабзу хазони зиндагӣ огаҳӣ меёфтӣ. Ва боз бидон, ки Анзурат базми осмонкаф ҳам меорояд, охир, сабзу хазон таззоданд ва рӯзгори ӯ ҳам гоҳе ғам дошту кунун шодӣ.
Ин аст қиссаи рӯзгори Анзурат Назарзода, ки худро гоҳе Лайлие дар ҳасрату танҳоӣ дармеёбаду гоҳе аз бераҳмии рӯзгор лаб ба шиква мекушояд, вале пайи рисолати азалии хеш дар такопӯст. ӯ ҳанӯз ҷавон аст. Дунёи хушбахтиҳояш дари хешро ба рӯяш нав кушудан доранд. Ва рӯзе фаро хоҳад расид, ки Анзурат Назарзода танҳо аз рӯзгори муҳаббатбори ҳар хонадони тоҷик месарояд.
Мижгон