Вале дар ин расм диққати маро бонуе, ки бо ранги заъфаронӣ, зери маҷнунбеде нишаста, банди хаёл асту хотирпарешон, ба худ бештар ҷалб мекунад. Симои маъюсу дилшикаста зебогияшро пинҳон накардааст, чашмони шаҳлояш, ки майле ба тамошои табиати дилфиреб надоранд, гӯё ҳусни дигаре ба зебоиаш зам кардаанд. Кокулони навшоназадааш парвое аз рашки навдаҳои ба замин овезони маҷнунбед надоранд. Ором асту сархам. Хуллас, олами зоҳирӣ, яъне табиате, ки занро ба оғӯш гирифта, моҳирона тасвир шудааст, аммо симои зан, ки дарак аз ботини ғамзадааш медиҳад, ҷолибтару дилкаштар аст.
- Чӣ маъние зери ин ангора нуҳуфтааст? Магар метавон дар оғӯши чунин табиати зебо мисли ин бону ғамгину дилшикаста буд? – аз расм чашм наканда, мепурсам аз рассом.
Посухи ӯ батафсил ва андешамандона аст:
- Бале, ин расм бозгӯи зиндагии бонуест, ки замоне аз ин зебоиҳои атрофи худ лаззат мебурд ва он латофату назокати худододашро қурбони фиреби зиндагӣ кард. Имрӯз пушаймон асту дилмонда аз ҳаёт. Ҷои чашмони хумори рашки ҳамагонашро нигоҳи ҳазину дарднок гирифтааст ва табиати рангин, ки замоне дар оғӯши он худро осоишта ва хушҳолу бардам эҳсос менамуд, имрӯз барои ӯ берангу дилгир аст. Табиат эҳё мешавад, вале умри инсонӣ не. Агар росташро бигӯям, офаридани тасвири зане, ки ҳастияшро барбод додаву дар чорсӯи зиндагӣ яккаву танҳо мондааст, бароям бисёр мушкил буд…
Хонае, ки Зебуннисо Давлатшоева зиндагӣ мекунад, корхонаи рассомиро мемонад. Як сӯ қуттиҳои рангҳои гуногун, дар тарафе тахта, мӯқаламу лавозимоти ҳархелаи рассомӣ…Расмҳо яке аз дигаре ҷолибтаранд. Дар ангораи дигараш марди чӯпон рамаро пеш-пеш мебарад. Аз тамошои он хаёл ба дурӣ парвоз мекунад, гӯиё ба гӯш садои ҳаёҳӯи даҳмарда мерасад.
- Барои тасвири ин расм шумо ба кадом кӯҳу тал рафтед? - мепурсам аз ҳамсӯҳбатам.
Ба расми офаридааш бори дигар бо ҳавас менигараду табассум гирди лабонаш ҳувайдо мешавад. Ва лаҳзае сукут менамояд, шояд ин замон парастуи хаёлаш ба фазои хотироташ парвоз мекунад.
- Шахсе, ки ташнаи об аст, бо дидани дарё худро ба он мезанаду «серӣ» об менӯшад. Замоне ташналаб будам. Давраи таҳсил дар омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе устодамон Аҳмад Умаров мо - шогирдонро барои офаридани манзараҳои табиат ҳар фасли сол ба чор гӯшаи Ватани зебоманзарамон мебурд. Барои ман, ки духтари шаҳрӣ будам, ҳар як баргу гулу гиёҳ аҷоиб менамуд. Абрҳои осмонро аз наздик медидам. Марди деҳқонро дар киштзор, бонуи деҳотиро сари танӯри тасфон. Хулоса, оламе, ки пештар онро дар китобҳои афсона дида будам, ба таври ҳақиқӣ пеши чашмонам ҷилвагар мешуд… - Зебуннисо, шояд аз тасаввури ҳамон замону ҳамон манзараҳо, табассум мекунад.
Зебуннисо Давлатшоева, пас аз хатми омӯзишгоҳи рассомӣ, замони донишҷӯи Донишкадаи давлатии санъати ба номи Турсунзода буданаш, дар чандин рӯзномаву маҷаллаҳо ба ҳайси рассом фаъолият дошт. Замоне расмҳои кашидааш дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал» ва «Чашма» дили ҳар хонандаро тасхир мекард. Ҳоло бошад, расмҳои офаридаи Зебуннисоро дар китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо намебинем. Чаро?
- Рассомӣ ҳунари «куҳнамӯд» шудааст гӯем, хато намекунем. Зеро бо пешрафти илму техника ва пайвастан бо шабакаҳои интернетӣ ҳоҷат ба рассом ва ангораҳое, ки бо мӯқаламу рангҳои оддӣ тасвир мешаванд, намондааст. Беҳтарин расмҳоро ба таври ройгон аз Интернет дастрас менамоянд, ки ин барои нашриётҳо осону қулай мебошад. Рассомӣ кори мушкил аст ва барои офаридани як манзара, ё расме вақти зиёд сарф мешавад. Ба ивази он маҷаллаву рӯзномаҳо ба рассом ҳаққи ночизе мепардозанд.-
Рассомӣ касб аст ё ҳунар? – мепурсам боз.
- Барои нафаре, ки танҳо манзара ё мавҷудотро тасвир менамояд, ҳунар аст. Рассоми касбӣ қодир аст нозукии ин ҳунарро бо тамоми ҷузъиёташ ба бинанда пешкаш кунад. Пас барои шахсе касб аст, ки аз ӯҳдаи ба риштаи тасвир кашидани ин нозукиҳо ба хубӣ мебарояд.
Имрӯз Зебуннисо Давлатшоева дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ аз фанни нақшакашӣ ба шогирдон дарс мегӯяд.
- Мо, рассомон, аз табақаи камбизоати ҷомеа нестем, - мегӯяд ӯ, - Азбаски имрӯз рассомӣ чандон касби маъруф ва маҳбуб ҳисоб намешавад, баробари ин пеша ба шогирдонам омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва дигар тахассусҳои замонавиро, аз қабили тиҷорат, талқин менамоям. Бигзор соҳибҳунар бошанд. Бо омӯхтани як касб ва ё ҳунар набояд иктифо кард. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ба як шахс чил ҳунар кам»!
Раҳораҳ эҳсос мекунам, ки суханҳои ҳамсӯҳбатам аз сӯзи дил аст. Инсоният дар ҳама давру замон ба офарандагони ангораву тасвирҳо ниёз дошт. Умед аст, ки марҳалаи мушкил пушти сар хоҳад шуд ва ангораҳои зебову дилбари Зебуннисо ва шогирдонаш дилу рӯҳи миллатро боз ҳам шодоб хоҳанд кард.
Қутбияи Неъматулло