Ашке, ки зи чашми ман ба рў ѓалтидаст,
Дар гўш кашидаї, ки марворид аст;
Аз гўш бурун ор, ки бадномии туст,
К-онро ба рухам тамоми олам дидаст!
Бо ман чу шаби васли ту бикшояд роз,
Ногоњ њам аз шом кунад субњ оѓоз,
Бо ин њама, гар иваз кунандам, надињам
Кўтоњшабе аз он ба сад умри дароз!
Вале камина итминон дорад, ки рубоии аввал моли шоира не, моли шоир аст. Агар аз шоира бошад, бо лутф ба дугона ва ё ѓуломи мањбуби њалќабаргўшаш гуфтааст!