.
Масъалаи таъмини хона ва ҷойи зисту истиқоматро метавон яке аз чолишҳои ҷаҳони муосир номид. Дар тамоми кишварҳои олам мушкили хонахариву хонасозӣ хеле ҳам масъалаи муҳимму ҳалталаб аст. Маълум аст, ки беш аз нисфи аҳолии Амрико дар хонаҳои иҷора ба сар мебаранд. Дар кишварҳои аврупоӣ, ки аз лиҳози сатҳи зиндагӣ вазъияти хеле олие дар ҷаҳон доранд низ, ин мушкил ҷой дорад ва таъмини ҷойи зист ва ё хона аз масъалаҳои душвор ба шумор меравад. Чанд сол қабл Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Ирон, аз буҷети давлатӣ маблағи ҳангуфти чанд миллиардиро маҳз барои дастгирии насли ҷавон дар масоили издивоҷу хариди хонаву мошин ихтисос дод.
Дар ҷумҳурии мо низ ин мушкил ҷой дорад. Пӯшида нест, ки дар пойтахти кишварамон дар хонаҳои як ва дуутоқа, ки усулан барои оилаҳои хурд сохта шудаанд, на танҳо оилаҳои бузурги серфарзанд, балки чанд хонавода бо ҳам зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле, ки бештари ин хонаҳо танҳо як ҳоҷатхонаву як душ доранд. Сухани мо инҷо ангушт ниҳодан сари ин масъала нест. Балки ҳадаф расидагӣ ба чанд масъалаи дигарест, ки яке аз омилҳояш маҳз ҳамин камбуди ҷойи зист аст.
Дар оғоз бояд бигӯям, аз ҷонибдорони оилаҳои бузурги тоҷикиям ва тарзу сохтори оилаи тоҷикро меписандам. Яъне дар як хонаи бузург хусуру хушдоман бо чанд синҳор (арӯс) -у набераҳои зиёде бо ҳам зиндагӣ кунанд. Сари як суфра бинишинанду дар дарду шириниҳои зиндагӣ шарику паҳлуи ҳам бошанд. Аммо ин ҳамаро танҳо дар ҳолате мепазирам, ки зиндагӣ дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар бошад. Вагарна ҳаёт дар чунин фазо ба қавли Пири румӣ «танг ояд на ояд иртиёҳ».
Равоншиносон бар ин боваранд, ки сохти капиталистӣ одамонро нозук ва зудранҷу асабонӣ мекунад. Ҳаётро моддӣ намуда, одамонро бераҳмона ба сӯйи фардгароӣ меронад. Як инсон дар сохти капиталистӣ дар талошу кӯшиши наҷоти шахси худ ва ҳадди аксар зану фарзанд мебошад. Ба хешу табораш чандон расидагӣ карда наметавонад.
Дар чунин вазъият аст, ки нофаҳмиҳо ва ҷангу ҷидолҳои ноамон дар хонаводаҳои бузург ба вуҷуд меоянд. Кишвари мо дар ҳоли гузариш ба ҷамъияти демократии тамоили иҷтимоидошта аст ва баъди шикасти сохти шӯравӣ ба дунболи он мушкилоти нави иҷтимоӣ низ домангири мо шудаанд.
Вақте танишҳои хонаводагӣ сар мезананд, дар аксари ҳолот қурбонии чунин мушкилот синҳорҳои хонаводаҳои бузург ва дар бархе маврид кӯдакони навпои он хона мегарданд. Мо, алҳамдулиллоҳ, ки мусулмонем ва бароямон фармудаҳои динамон азиз аст. Матлаби феълӣ маҳз ба ҳамин масъала бахшида шудааст. Яъне ҳангоми сар задани нофаҳмиҳо дар як хонавода оё синҳорҳо аз лиҳози шаръӣ ҳаққи талаб намудани ҷойи зисти алоҳидаро доранд? Агар аз хидмати хусуру хушдомани худ сарпечӣ кунанд, оё гунаҳгор мешаванд? Писар дар чунин ҳолат бояд хостаи киро ба ҷо орад: аз падару модар ва ё аз ҳамсар?
Аз назари дини мубини ислом ин ҳаққи ҳалоли ҳар зани мусулмон аст, ки хонаи алоҳидаи худро дошта бошад. Ҳар зани мусулмон метавонад аз шавҳари худ талаб кунад, ки барои ӯ хонаи алоҳида, ҳатто иҷора ҳам бошад, таъмин намояд. Ҳеҷ зан маҷбур нест, ки бо падару модари шавҳари худ зиндагӣ кунад. Дар умум зан бар гардани шавҳари худ ҳақҳои гуногуне дорад, ки асоситаринашон инҳоянд:
1. Таъмини ҷойи сукунат. Яъне барои занаш ҳар марде вазифадор аст, ки ба ҳар шаклу навъе ҳатман хона ва ҷойи истиқомат таъмин намояд. Агар қудрат дорад , хона бихарад ва агар зӯраш намерасад хонаи иҷора бигирад. Дар Тоҷикистон духтарҳои мусулмон ё ин ҳаққи худро намедонанд ва агар ҳам медонанд, талаб намекунанд, ки ин иштибоҳи онҳост. Бисёр ҷангу ҷидолҳое сар мезананд, ки илоҷи ягонааш ҷудо зиндагӣ кардани синҳор (келин) бо шавҳару кӯдакони худ аст.
2. Хӯрока. Дувум ҳаққи шаръии ҳар зан бар гардани шавҳари худ ин таъмини хӯрокаи ҳамсари худ, яъне ӯро аз хӯрдану ғами рӯзӣ озод намудан аст. Ҳеҷ зани мусулмон вазифадор нест аз лиҳози шаръӣ, ки биравад ва кору заҳмат бикашад ва ба хона нон биёрад. Бонуи мусулмон метавонад, албатта, кор кунад, пулу молу тиҷорат дошта бошад, аммо ин ҳаққи хоси ӯст ва моликияте ҳаст, ки шавҳараш аз лиҳози динӣ бе иҷозати ӯ наметавонад як тангаашро бигираду истифода барад ва ин моликияти муштараки зану шавҳар низ ҳисобида намешавад, балки ҳаққи ҳалол ва ягонаи шаръии зан ҳаст. Фарқ надорад зан ин дороияшро пеш аз издивоҷ ба даст овардааст ва ё баъди ба шавҳар баромадан.
3. Либос. Сеюм, таъмини пӯшокаи зан ҳаст. Яъне мард дар назди худованд вазифадор аст, ки ҳамсарашро бо пӯшока таъмин намояд ва нагузорад, ки ӯ ранҷи белибосӣ бикашад.
Ин се шартро ҳар мард вазифадор ва мукаллаф аст аз лиҳози шаръи Ислом ба ҷой биёрад ва агар ба ҷо наовард, рӯзи қиёмат назди Худои мутаол пурсида мешавад. Яъне, агар ин ҳақҳоро ба ҷо наорад, хар шавҳаре рӯзи қиёмат азоб дода мешавад. Ба шарте ки зан аз ин ҳақҳои худ нагузарад ва онҳоро талаб намояд. Агар зан бигӯяд, ки барои ман хонаи алоҳида даркор нест, бо падару модарат зиндагӣ мекунам, пас дар чунин ҳолат мард дар назди худо ҷавобгар нест, чунки зан бо ихтиёри худ аз ҳаққи ҳалоли мусулмонияш даргузаштааст.
Аз ин се нуқтаи боло хонандаи азиз, агар таваҷҷӯҳ намуда бошад, аввалин шарт ин хона аст ва ё ба таъбири дигар ҷойи истиқомат. Маънои ин аст, ки бар гардани ҳар шавҳар воҷиби шаръӣ аст, ки ҳамсарашро бо хонаву ҷойи истиқомат таъмин намояд. Ногуфта нагузарем, ки ҳуқуқи зан бар гардани шавҳар зиёд аст, вале инҷо фақат бо зикри ҳамин иктифо мекунему идомаашро ба фурсати дигар во мегузорем. Ва аз мардҳои азиз хоҳиши ман ин аст, ки бо додани ин се ҳақ ба зани худ фикр накунанд, ки масъулияту ӯҳдадориҳои шавҳарияшонро ба тамом адо намудаанд.
Мард бояд гапи занашро бигирад
Агар хусуру хушдоман шарт бимонанд, ки ҳатман синҳорашон бо онҳо зиндагӣ кунад, вале вай инро нахоҳаду аз шавҳараш талаб кунад, ки ба ӯ хонаи алоҳидае таҳия намояд, дар чунин сурат аз лиҳози шаръӣ мард бояд гапи занашро бигирад. Зеро ин ҳаққи зан бар гардани шавҳараш воҷиби шаръӣ аст. Аммо ҳамеша ҳолу ҳавои падару модарашро дошта бошад ва ҳамеша хидмати онҳоро ба ҷо биёрад, зеро ҳаққи падару модар бар гардани писар фарзи илоҳӣ аст.
Дар рӯзи қиёмат аз лиҳози исломӣ ҳеҷ зане аз итоати хусуру хушдоман пурсида намешавад. Балки зан аз итоати шавҳари худ пурсида мешавад. Ва ҳамчунон ҳеҷ домоде аз итоати хусуру хушдоманаш пурсида намешавад, балки аз итоати падару модари худ пурсида мешавад.
Арӯси хона хизматгор нест
Бисёре аз падару модарони тоҷик писар калон мекунанд ва дар оянда барои ӯ ҳамсаре меҷӯянд, ки хонакору сархаму гапшунаву гапгир бошад, ба таъбири дигар як хидматгор ва ё ғуломи ҳалқабаргӯш. Ва чунин синҳорро намунавӣ мегӯянду меситоянд. Ин дар ниҳояташ урфи мардум аст на шариати ислом. Аз лиҳози шаръӣ ҳеҷ марде ҳақ надорад маҳз барои падару модари худ издивоҷ кунад ва ё зани худро хидматгори падару модар бигардонад. Агар писаре мехоҳад воқеан ҳам ба падару модари худ хидмат кунад, ё бояд худаш инро амалӣ созад ва ё барои онҳо хидматгори алоҳидае бигирад ва ба ӯ дар муқобили хидматҳояш пул пардохт намояд. Агар ин корро натавонад, набояд ҳамсарашро ғуломи падару модараш бигардонад. Ин кор бо таълимоти дини мубини ислом ҳамхонӣ надорад. Ҳар синҳор як шахсияти мустақили соҳиби ҳуқуқ аст, на як ғуломи ҳалқабаргӯши беҳуқуқ.
Дар фароварди сухан бори дигар ёдовар мешавам, ки ҳадаф аз нигоштани ин сатрҳо танҳо пешниҳоди як роҳи ҳал барои мушкилоту нофаҳмиҳое аст, ки ба сабаби тангӣ ва камбуди ҷойи истиқомат ба вуҷуд меояд. Албатта, ба ин маъно нест, ки бояд оилаҳо ҳатман ҷудову мустақил зиндагӣ кунанд. Ман тарафдори инам, ки навзодҳои як хонаи тоҷик на танҳо бо меҳри падару модари худ, балки ҳамарӯза аз лутфу меҳрубониҳои бобову бибӣ ва амаку аммаи худ баҳравар гарданд. Кӯдак махлуқест, ки сахт ташнаи меҳру муҳаббат ва бозиву хушгузаронӣ бо наздикони худ аст. Пас, ҳар қадар сарчашмаи меҳр бештар бошад, беҳтар аст. Вале, агар чунин фазо сохта нашуд, пас роҳи ҳалли шаръияш ин хонаи алоҳида барои арӯс/синҳор аст.
Саъдии ЮСУФӢ