Пойдеворе гузорї, ошёне мешавад,
Њар чи бахшої ба кас, аз ту нишоне мешавад.
Ошёни маънавиро зинањо тай кардаем,
Зинаи маънии мо њам нардбоне мешавад.
Ку касе, то дил паноње љўяд аз љабри фалак,
Аз алам гўям суханњо, достоне мешавад.
Тирамоњи умр мегўяд ба лафзи пуралам:
Сабзбарги њар чаман охир хазоне мешавад.
Дарди танњоро агар бошад давои талх бењ,
Дарди дилњоро даво ширин забоне мешавад.
З-ашки шодї мазрае сарсабз мегардад, яќин,
Аз гулў бар лаб садо ояд, фиѓоне мешавад.
Тирарўзї љумла мебошад чу абри даргузар,
Сабр кун, Раъно, ки некўтар замоне мешавад.
Гули ишќ
Ман - наварўси навбањор,
Чашмам сияњмасту хумор,
Бо накњати зулфи тарам
Рўи рањи ту интизор.
Нахли умеди зиндагї
Парварда дар боѓи дилам.
Ту – дўстдори равшанї,
Ман шабчароѓи манзилам.
Бин печутоби љони ман,
Дар печутоби кокулам.
Бе боѓи ишќи ту хазон,
Дар боѓи ишќи ту гулам.
Бигзашта аз дашти фироќ,
Рўзе агар ої ба боѓ,
Аз байни гулњо, эй азиз,
Бинмой Раъноро суроѓ.
Дубайтињо
Нигањ бар роњи ту медўзам имшаб,
Чу шамъе то сањар месўзам имшаб,
Ба ёди рўзи пуранвори фардо
Ба дил ишќи ту меафрўзам имшаб.
Туро, эй ёри љон, пазмон бувад дил,
Ба кўят зору саргардон бувад дил,
Намеої, намеої, зи доѓат
Ба ранги лолаи алвон бувад дил.
Сари роњат кушоям ман диламро,
Дињам оро зи мењрат манзиламро,
Туї дарёи ишќи љовидонї,
Гулафшон кун нињоли соњиламро.
Бизан чашмак ба сўям, ахтари субњ,
Кушо авроќи поки дафтари субњ,
Гули толеи мардум то шукуфад,
Заминро об дењ, эй духтари субњ.
Масъули бахш: Н. Ќосим