Ба одамї супориш кардем, ки ба падару модари худ некї кунад. (Сураи Анкабўт, ояти 8).
*****
Аз Абиабдуллоњ(р) ривоят шудааст ки гуфт: Шахсе ба њузури Паёмбари гиромї(с) расид ва аз боби некї ба падару модар пурсиш намуд. [Он Њазрат се бор] фармуд: Ба модарат некї кун, ба модарат некї кун, ба модарат некї кун! [Сипас афзуд:] Ба падарат [низ] некї кун.
*****
Аз Абуњурайра(р) ривоят аст ки гуфт: Марде ба њузури Паёмбари Худо(с) омад ва гуфт: Эй Паёмбари Худо, нисбат ба чї касе аз њама бештар хушрафторї кунам? Фармуд: Ба модарат. Гуфт: Сипас? Фармуд: Ба модарат. Гуфт: Сипас? Фармуд: Ба модарат. Гуфт: Сипас? Фармуд: Ба падарат.
*****
Аз Љобир(р) ривоят шудааст, ки гуфт: Шахсе ба њузури Паёмбари Худо(с) омад ва арз кард: Ман марде љавон [ва] бонишот њастам ва љињодро дўст дорам, вале модаре дорам, ки нисбати он нохушнуд аст. Паёмбари гиромї(с) фармуд: Баргард ва бо модарат бош. Савганд ба Зоте ки маро ба ростї [ба унвони паёмбар] барангехт, як шаби унси ў бо ту бењтар аз як соли љињоди ту дар роњи Худост.
*****
Аз Абуњурайра (р) ривоят шуда, ки гуфт: Паёмбар(с) фармуд: Фарзанд њаќќи падарро адо карда наметавонад, магар ин ки падарашро ѓулом ёбаду харида озод кунад. (Яъне адои њаќќи падар ончунон сангин аст, мисли ин Ки ўро ѓулом ёбию озодаш кунї).
*****
Паёмбари Худо(с) фармуд: Хушнудии Парвардгор дар хушнудии падар ва хашми Парвардгор дар хашми падар аст.
*****
Паёмбари Худо (с) фармуд: Падару модари ту бињишту дўзахи ту њастанд. (Яъне агар хидматашон кардї, бињишт равї, накардї, дар оташи дўзах сўзї).
*****
Паёмбари Худо(с) фармуд: Њар ки ба нийяти падару модараш њаљ анљом дињад ё ќарзи эшонро бипардозад, Худованд дар рўзи Ќиёмат бо солењон (некон) мањшур фармояд (дубора зинда гардонад).
*****
Аз Имом Љаъфари Содиќ(р) ривоят шудааст ки гуфт: Њангоми марги љавоне Паёмбари гиромї(с) канори бистараш њузур ёфт ва ба љавон фармуд: Бигў: «Ло илоња иллАллоњ». Забонаш банд омад, чанд бор такрор кард, вале забонаш банд шуд. Паёмбар(с) ба зане, ки дар канори љавон буд, фармуд: Оё ин љавон модар дорад? Зан гуфт: Оре, ман модари ў њастам. Фармуд: Оё аз ў норозї њастї? Зан гуфт: Оре, шаш сол аст бо вай сўњбат накардаам. Фармуд: аз ў розї шав. [Модар гуфт:] Ман аз ў розї шудам. Сипас Паёмбар(с) фармуд: Бигў: «Ло илоња иллАллоњ». Љавон дар ин њангом гуфт: «Ло илоња иллАллоњ». Ва пас аз лањзањое мурд.
*****
Паёмбари Худо(с) фармуд: Кайфар(љазо)-и се гурўњ ба Ќиёмат намемонад (яъне дар њамин дунё мавриди љазо ќарор мегиранд): 1. Оќќи падару модар. 2. Зулму таљовуз ба мардум. 3. Носипосї дар баробари эњсон ва некї.
Тањияи А. Солењиён__