Оё имрўз ваќти сохтани хонаву мањаллањо, хиёбону боѓњо ва шањрњо, мо назари бонувонро мепурсем? Оё марде ваќти сохтани хона аз бонуяш суол мекунад, ки чї гуна хонаи хоб, мењмонхона, утоќи бачањо ва ё ошхона тарњрезї шавад? Оё шароити ќабул ва пазироии мењмон дар хонањои пойтахт ба назар гирифта шудааст?
Аксари хонањои пойтахт ва њамчунин шањрњои дигари Тољикистон замони шўравї сохта шуда, шабењи њаманд ва якрангу дилгиркунанда. Љойи аз њама муњими хона, яъне даромадгоњ он ќадар танг ва номувофиќ аст, ки на танњо пазироии мењмон, балки гузаштани ду нафарро ѓайриимкон мекунад. Эњтимол бархе аз меъморони ватанї бигўянд, ки хонањо тибќи меъмории шўравї тарњрезї шудаанд ва ин љо гуноњи онњо нест. Аммо метавонам дар посух ба онњо бигўям, ки хонањои бисёрошёнаи љумњурињои дигар, аз љумла Ўзбекистон, Ќирѓизистон ва Ќазоќистон њам замони шўравї тарњрезї ва бунёд шудаанд, аммо онњо хеле васеъ ва барои зиндагии мардум ва пазироии мењмон мувофиќанд. Аз ин љо бармеояд, ки бар хилофи меъморони Тољикистон, меъморони кишварњои њамсоя њама ваќт њангоми тарњрезии хонањо шароити хуберо барои њамватанон дар назар доштаанд.
Аз љониби дигар имрўз њам ваќти сохтани хонањо дигаргунии љиддие дар меъмории љумњурии мо дида намешавад. Истисно чанд хонаест, ки аз љониби ширкатњои дохилї ва хориљї тайи солњои ахир дар пойтахт сохта шудаанд. Аз сўйи дигар ин хонањо воќеан барои буду бош мувофиќанд, аммо сокинони маъмулї, яъне ќишри миёна ва пойини љомеа(мутаассифона, аксарияти шањрвандон шомили ин ќисманд) ќобилияти харидории онњоро надорад, зеро ќимати хеле гарон доранд. Њамчунин дар пойтахт мањаллањое њам мављуданд, ки тибќи меъмории суннатї сохта шудаанд, аммо бархе аз онњоро, ба мисли мањаллањои Доманкўњ( Нагорний) ва Комбинати гўшт наметавон бидуни шарму њасрат ёд кард. Ба назар мерасад, ки ин гуна мањаллањо дар замони шўравї бидуни барномарезие аз љониби шањрдорї сохта шудаанд, зеро онњо на аз љињати меъморї ва на бењдоштї љавобгўи талаботи љомеаи инсонї нестанд.
Номзади илмњои меъморї, узви вобастаи Академияи муњандисии Љумњурии Тољикистон, Акрам Акбаров дар мавриди сохтмони шањрњо мегўяд: «замони шўравї шањрњо ба микрорайонњо таќсим мушуданд ва тибќи барнома бояд ин воњидњои шањрї бо нуќтањои маишї –хизматрасонї таъмин мешуданд, аммо ваќт нишон дод, ки ин тарзи шањрдорї таќлид ба Аврупо буда, натиљаи мусбат намедињад. Тарзи мањалладории шарќї, ки ќаблан дар таљрибаи шањрсозии мо истифода мешуд, хеле бењтар аст. Намунаи онро дар шањрњои ќадимаи тољикнишин – Самарќанд, Бухоро, Истаравшан, Хуљанд ва Кўлоб дидан мумкин аст. Ё мисоли дигар, баъзе аз меъморони мо ба Аврупо рафта, лоињањои дорои болохонаро меоранд, вале баъд аз сохтани он аз болохонањо истифода намекунанд. Аз ин маълум мешавад, Ки мо бояд аз меъмории ба муњит ва иќлими худамон мувофиќ истифода барем.
Хонасозии мо дар доманакўњњо анъанаи хеле ќадима дорад, аммо имрўзњо бидуни ба назар гирифтани он, хонањоро дар њамворињо месозанд. Дар чунин њолат замин ба мардум кифоят намекунад. Мо хонасозии зинашакли ба доманкўњњо монанд ва зеборо аз ёд бурдаем Сохтмони хонањо бояд таљассумгари санъати баланди меъмории Шарќ бошад».
Дар мавриди ба назар гирифтани хоњиши мардум ваќти хонасозї ва ё таъмири он, Акрам Акбарович чунин гуфт:« Дар бархе аз љумњурињо, аз љумла Русия, Белорусия ва Украина ќабл аз анљоми корњои ороишї соњибхона даъват карда мешуд ва сохтмончиён аз бону мепурсиданд, ки дар кадом хона чї гуна мебел хоњад гузошт ва вобаста ба он ба деворњо рўкаш( обое) мечаспониданд. Њамчунин дар мавриди људо кардани хона ба ин ё он хонавода шумораи фарзандон ва умуман ањли он ба назар гирифта мешуд, яъне 9 метри квадратї ба њар нафар, то шахс худро дар хона роњат њис кунад. Дар шароити феълї бошад аз чањор се њиссаи умри инсон дар хона мегузарад, зеро мардум ба театр, кино ва чорабинињои варзишї камтар мераванд. Сохтмони хонањо њам бояд мухталиф бошад, чунки ба шахсе утоќи равшан хуш меояду ба дигаре камнур, нафаре тарафи офтобрўяро дўст медорад ва чањорумї бошад торикї ва танњоиро». Замони шўравї корхонањои сохтмонї бештар аз меъмории аврупої пайравї мекарданд ва њукумат барнома дошт мардумро бо хона таъмин намояд. Аз ин рў бештар хонањои оддї ва арзон сохта мешуд. Дар ин гуна хонањо одам худро озод ва роњат њис намекунад. Бинобарин дар шароити феълї баъзе шањрвандони тољикистонї бидуни њамоњангї бо шањрдорї деворњои байни утоќњоро шикаста хонањоро васеътар мекунанд. Аммо ин раванд метавонад ба харобии хона барад, зеро љумњурии мо дар минтаќаи зилзилахез ќарор дорад.
Муњандиси ботаљриба, Темур Љўраев дар робита ба сохтмони хонањо ёдовар шуд, ки: «тибќи тадќиќоти анљомшуда, баландии саќфи утоќњо бояд аз 3 то 3 метру 30 сантиметр бошад, аммо баландии деворњои аксар хонањои дар замони шўравї дар Тољикистон сохта шуда, ба 2 м 30 см баробар аст. Ин тарзи меъморї ба рўњияи сокинон таъсири манфї мерасонад».
Бо таќозои замон имрўзњо љавонон ба кишварњои дигар рафта, ба корњои сохтмонї машѓул мешаванд ва баъд аз баргаштан ба ватан хонањои худро шабењ ба онњо таъмир намуда, ороиш медињанд. Ќисме аз ин ороишњо дилчасп аст ва бархе њам хеле дилхарош. Акрам Акбаров, ки меъмори варзида ва шахси љањондида аст мегўяд: « Барои хонаи хоб бояд бонувони мо рангњои сабзча ва нимрангро интихоб кунанд. Агар утоќ дар тарафи офтоб бошад рангњои зардча ва кабудро бояд гирифт, зеро ин рангњо аъсобро ором менамоянд. Мебелро вобаста ба ин рангњо бояд интихоб кард. Барои мењмонхона рангњои гарм, яъне бунафша ва зардчаи офтобї хубтар аст. Ин рангњо табъи мењмонро хуш мекунанд ва самимият бештар мешавад. Даромадгоњ бештар ба рангњои равшан ниёз дорад. Дарњо бояд ранги чўбї дошта бошанд. Ошхона бошад ранги гармро мехоњад. Дар бисёр љойњо ба деворњои ошхона ранги сурх мезананд, ки чандон хуб нест. Масалан љопонињо барои ошхона рангњои ба табиат наздикро интихоб мекунанд. Деворњоро рўкаше мегиранд, ки манзарањои табиат дошта бошад. Барои хонаи бачањо рангњои кабуд, бунафш, ё нимранг, яъне сурху кабуди омехта мувофиќ аст. Дар хона бояд чанд дона оина бошад, то онро равшанї бахшад. Бонуњо гулњои хонагиро зиёдтар кунанд. Сабза ва гул хастагиро мегирад.
Дар даромадгоњи њавлї бояд гул корид. Агар дар васати њавлї њавзча бошад ва об даруни он резад, ба саломатї ва вазъи рўњии соњибхона муфид аст. Ба сандалї нишаста ба об нигоњ кардан хеле хуб аст. Об ба чашмњо равшанї мебахшад ва садои он ба гўшњо њаловат. Хонањо на танњо аз хишт ва бетон, балки аз гил њам бошанд, зеро хонањои аз гил сохташуда ва синљкоришуда хеле зебо буда, ба заминларзаи шадид тоб меоранд ва садсолањо њам хароб намешаванд». Аз гуфтањои боло ба натиља расидан мумкин аст, ки дар шароити феълї бояд ба фарњанги ќадима ва меъмории суннатї таваљљўњ зоњир кард, зеро меъморї бо маънавиёти мардум тавъам аст. Сохтани хонањои ќуттишакл ва якрангро канор гузорем. Миёни меъморон гуфтае њаст, ки меъморї мусиќии ба санг табдилёфта мебошад. Мусиќї бошад рукне аз маънавиёт мањсуб мешавад. Дар аксар шањрњои осиёї, аз љумла Чин љўйњои дохили шањр на бо семент ва бетон, балки аз сангњо сохта мешаванд, ки њам аз назари меъморї љолиб њасту њам ба муњит зебої зам менамояд. Илова бар ин аз назари иќтисод њам ба манфиати кор хоњад буд, зеро пайдо кардани санг дар Тољикистон мушкил нест.
Ногуфта намонад, ки дар масъалаи меъморї ва шањрсозии суннатии тољикон як рукни аслї бунёди боѓњо буд. Дар шањрњои ќадимаи мо боѓњое бо исмњои Чорбоѓ, Боѓи Бињишт, Гулбоѓ,Боѓи Шамол ва ѓайрањо машњур буданд. Аз ин рў агар мо мехоњем барои наслњои оянда меросе ба ёдгор бимонем, ки шоистаи тањсин бошад, боястї ба зиндагии худ таљдиди назар кунем ва аз меъморие даст бигирем, ки дархўри ниёзњо ва баста ба суннатњои ниёкон бошад. Мавриди ворид шудан ба дарвозањои Тољикистон нафари аз хориљ омада бо тааљљуб ва хушњолї бигўяд:
- Омадааст ба кишваре, Ки шањрсозии он аз суннатњои ќадима сарчашма мегирад ва бењтарин намунањои меъмории муосирро низ дар худ мунъакис намуда!
Э. Рањматов