Дари осорхонаро ба рўям бону Шањидї боз кард. Бо нахустин нигоњ дар чашмонаш оташакеро дидам, ки хоси ашхоси пажуњанда аст. Новобаста ба сардии њавои пойиз ва утоќи кории Мунирабону сўњбати мо зуд тафсон шуд. Њарфњои ў гўиё аз оташи ашъори Муњаммад Иќбол, ирфони Мавлонои Балх ва њикмати Сино маншаъ мегирифт. Шумораи охирини маљаллаи «Фонус» ба тавре норасоии рўшноии барќро љуброн мекард.
- Ањли фарњанги тољик ва эљоди онњо замони шўравї пурра аз хост ва иродаи сохторњои давлатї ва идеологияи замон бастагї дошт, - мегўяд њамсўњбатам. Аз ин рў онњо рисолати худро то љойе, ки мехостанд, анљом дода натавонистанд. Новобаста ба ин њангоми сафарњоям ба хориљи кишвар ва ё суханронињоям дар донишгоњњои Аврупо ва Амрико, ман такя ба эљоди њамондавраи ањли хирад, њунар ва фарњанги тољик мекунам, зеро онњо ба мушкилињои давру замон нигоњ накарда, зербинои ќавие бунёд намуданд. Бояд ба он арљ гузошт ва љињати њифз ва нигањдошти он талош кард. Тољикистон имрўз аз бўњронњои иќтисодї ва сиёсї берун шуд, вале вазъи илму фарњанг њанўз хуб нест. Баъд аз њаводиси солњои 90 ум ќисме аз ањли илм ва фарњанг тарки кишвар намуд, Ки ба назари ман чандон кори шоиста нест. Набояд дар њолатњои вазнин ва мушкил ватанро танњо гузошт ва ѓами худро хўрд. Гурўње њам солхўрда буд ва умр ба онњо вафо накард. Омилњои мухталиф боиси парешонии ањли илму фарњанги тољик шуд. Аз ин рў барои ба њам овардани ќисми боќимонда ва љалби љавонон ба илму фарњанг бояд назарияи нави љањонишавии фарњанги миллии тољикї тањия гардад.
Аксари коршиносон бар ин назаранд, Ки охири солњои 80 ва аввали солњои 90 уми ќарни гузашта фарњанг ва илм дар Тољикистон рушд кард ва љомеа њам то андозае ба сатњи худшиносї расида буд. Шумо бо ин назар мувофиќед, мепурсам аз ў.
- Агар аз нуќтаи назари илмї ба ин масъала назар андозем, худшиносї ва худогоњї дар љумњурии мо аз солњои 60 ум оѓоз гардид. Театр, синамо ва мусиќии навин асосан њамин солњо нумўъ кард. Аммо ба шумо њам маълум аст, ки замони шўравї барои эљодкорон_аз љониби сохторњои мављуда ва идеологї барномањои корї тањия мешуд, бинобарин шурўъ аз мушкилоти иќтисодї то монеањои сиёсї ва равонї вуљуд дошт. Давлат бехудоиро тарѓиб менамуд. Оё мардуми ломазњаб метавонад созанда бошад? Фикр мекунам, ки наметавонад. Новобаста ба ин бо талоши зиёиёни тољик заминањои ибтидої барои расидан ба марњалањои аввали худогоњї дар солњои 60 фароњам гардида буд, - посух медињад Мунира Шањидї. Феълан дар иртибот ба рушди фарњанги мардуми бумии Осиёи Марказї намояндагони созмонњои байнулмилалї алоќамандї зоњир мекунанд. Оё ин њамкорињо метавонад иллати пешрафти илму фарњанг бошад, мурољиат мекунам ба њамсўњбатам.
- Солњои аввали ба даст овардани истиќлол сафирњои тоза воридшуда ба љумњурї ба пешрафти илм ва фарњанги Тољикистон таваљљўњи зиёд зоњир менамуданд. Онњо суроѓаи осорхонањоро пайдо карда, ба назди мо меомаданд ва пешнињоди њамкорї менамуданд. Ба тадриљ сафирњо дигар шуданд ва таваљљўњ њам коњиш ёфт. Ман чањор насли дипломатњои хориљиро мешиносам. Намояндагони кишварњои дигар, маќсаду ормонњои мухталиф доранд. Аммо бояд ёдовар шуд, ки намояндагони созмонњои хориљї ба умќи масъала сарфањм намераванд, фарњанги муосир ва ќадимаи тољикро хуб дарк намекунанд. Набояд пешрафти илм ва фарњанги миллї аз созмонњои байнулмилалї бастагї дошта бошад. Дар ин ришта бояд барномањои давлатї тањия гардад, то дар ба дари ташкилотњои хориљї нагардем.
Илм ва фарњанг барои ояндаи миллат наќши муњим дорад. Мо имрўз њам ба ашъори шоирон такя мекунем, њол он ки назарияро мутафаккирон эљод менамоянд. Бояд ба фалсафа ва њикматњои бузургоне чун Абў Алї ибни Сино такя кард. Дар Ѓарб то имрўз осори ин мутафаккиронро меомўзанд ва аз он бањра мебаранд. Чаро худи мо ин корро накунем, ба ман нигариста суол мекунад бону Шањидї.
Бо шумо мувофиќам, аммо дар сафоратхонањо маъмулан нафаре масъули бахши фарњанг аст, ба ибораи дигар муаррификунандаи фарњанги миллї дар хориљи кишвар мебошад. Шумо бонуе њастед, ки дар хонаводаи њунарманди шинохта парвариш ёфтаед ва њамчун донишманди тољик сафарњои зиёди хорљї њам доред. Оё масъулини бахши фарњанги сафоратхонањои Тољикистон дар хориља њангоми сафар ба ин ва ё он кишвар бо шумо мулоќот мекунанд ва умуман дастгирии онњоро эњсос намудаед?
- Ба сафарњои хориљї зиёд рафтаам, аммо то њанўз надидаам, ки намояндаи сафорати Тољикистон бо мо дар тамос шуда бошад, ё дар симпозиумњое, ки дар мавриди рушд ва таъсири фарњанги тољик ба тамаддуни мамлакатњои дигар созмон дода шудаанд, ширкат намоянд, чї расад ба кўмак ва дастгирї! Фикр мекунам сабаби ин гуна муносибат бо шањрвандони дар хориљ буда, мањдудияти имконоти молии сафоратхонањо аст. Дар баъзе њолатњои дигар мо намояндагони сафоратхонањои Тољикистонро ба чорабинињои фарњангї, махсус даъват мекунем, аммо онњо намеоянд. Агар аз як тараф имкониятњои мањдуди иќтисодї дошта бошанд, аз љониби дигар на дар њама сафоратхонањои мо мутахассисини фарњанг
дар ин ришта фаъолият доранд. Агар шавќу завќ бошад, ба андешаи ман ширкат дар чунин чорабинињо њазинаи зиёдро талаб намекунад. Вале сад афсўс…
Ду сол ќабл вобаста ба љашни Мавлоно Љалолиддини Балхї дар Донишгоњи Мориланди Амрико конфронси илмие баргузор гардид. Ман њаммуаллиф дар тањияи девони «Љалолиддини Румї» дар Тољикистон Будам ва ба њамин хотир ба конфронс даъват шудам. Дар ин конфронс олимон ва донишмандон аз тамоми љањон љамъ шуданд. Сафирони Љумњурии Исломии Эрон ва Афѓонистон дар њама музокироти илмии ин конфронс ширкат намуда, ба хотири ин мутафаккири бузурги Шарќ барои тамоми ширкаткунандагон зиёфат доданд. Аммо намояндагони сафоратхонаи Тољикистон на танњо дар ин конфронс ширкат накарданд, балки аз њоли мо њам хабар нагирифтанд. Нагуфтанд, ки хуш омадед, ё чаро омадед?! Ин њам дар њолест, ки мо омодагии љиддї доштем. Аз њаёт ва эљодиёти Мавлоно филм тањия намуда, тасбит кардем, ки ворисони ў дар иртибот бо идомаи равобити фарњангї миёни миллатњо ва њамзистии халќњо фаъолияти ин абармардро идома медињанд. Намояндагони дигар миллатњо аз дидани барномаи тањиякардаи мо ба ваљд омада, даќиќањои зиёде кафкўбї карданд. Ман аз рафтори ин гуна афрод намеранљам, аммо мехоњам фарњангеро, ки ниёкон бароямон ба мерос мондаанд, ба љањониён муаррифї намоем. Донишмандони Аврупо аз осори ниёкони мо то замони Абдурањмони Љомї хабар доранд. Аз ин ќарн то замони шўравї мероси аљдоди мо ба онњо дастрас нест. Равобити фарњангиро бояд ба таври густурда ба роњ монд, таъкид мекунад бону Шањидї. Шояд хонандагони маљаллаи мо мехоњанд бидонанд, ки осорхонаи Зиёдуллоњ Шањидї кадом сол ва чї гуна таъсис ёфтааст, хоњиш мекунам дар њамин маврид сўњбат намоед.
- Соли 1988 аз Аврупо ба Тољикистон, аз тариќи Маскав бармегаштам ва як рўњияи хуби бозсозї маро фаро гирифта буд. Њодисаи аљибе шуд. Пешхизмати њавопаймо ба наздам омада хоњиш кард, ки ба љойи дигар гузарам, зеро мансабдоре аз Тољикистон дар њавопаймо аст ва мехоњад њамин љо нишинад. Ба пешхизмат гуфтам, ки бигзор он мард дар љойи худаш бинишинад. Њамин ваќт Раиси Совети Вазирони Тољикистон Паллаев омада, бо табассум дар пањлўям нишаст. Ваќти парвоз китоберо дар дастам дида, пурсид, ки чї китоб аст. Ба ў посух додам, ки ба шумо дахле надорад. Одами бисёр кунљков будааст, ки гуфт: «Ба њар њол». Китоб дар бораи зиндагї ва эљодиёти Зиёдулло Шањидї буд. Ў китобро вараќгардон намуда, аз манн суол кард, ки чаро осорхонаи Шањидиро таъсис намедињед? Ростї то ин ваќт дар ин бора наандешида будам. Аз ин рў бо тааљљуб пурсидам, ки дар ин кор кї моро дастгирї хоњад кард. Телефонашро дода, хоњиш намуд, ки дар њамин масъала ба ў занг занам. Баъд аз чанд ваќт бо дастгирии Паллаев осорхона таъсис ёфт. Ман аз ў хеле минатдорам. Аммо он ваќт солњои охири фаъолияти давлати шўравї буд ва маблаѓ пайдо намудан барои пешбурди кор хеле мушкил шуд. Баъд аз чанд сол, тасодуфан бо Палаев дар хиёбон вохўрдем. Њол пурсид. Гуфтам, хеле бад, маблаѓ надорем. Хандида гуфт, ки хазинаи Шањидиро таъсис дињед ва тарзи анљом додани корро њам фањмонд. Баъд аз таъсис додани фонд ташкилотњои байналмилалии зиёде ба мо кўмак намуданд. Шукр то имрўз фаъолият дорем, - бо лабханди малењ посух медињад њамсўњбатам. Дар арафаи соли нав ба бонувони Тољикистон чї тамано доред, - мепурсам аз хонум Шањидї.
- Орзу дорам тамоми бонувони љумњурї соњибмаълумот шаванд ва аз њуќуќњои худ истифода намоянд. Бе дониши мукаммал фарзандони хуб тарбия кардан ѓайриимкон аст. Набояд фаромўш кард, ки мо идомадињандагони фарњанг ва илми мутафаккирони бузурги Шарќем.
PS: Як сўњбат ва хоса камии сањафоти маљалла имконам намедињад, як бонуи донишманди ќавиро ба хонанда ошно намоям, ки бо забондонї ва љањонбинии хеле фарр охаш ба њайси як олими шинохта, берун аз Тољикистон њам пазируфта ва эътироф гаштааст. Як њамкорамон, ки боре њамсафари Мунира Шањидї дар хориљи кишвар буд, амалњои зиёдеро њикоятам кард, ки ин бонуи тољики мењанпараст ба хотири тољику Тољикистон њам дар хориљи кишвар анљом додаву донишмандони зиёдеро ошиќи љумњурии ќашангамон гардонидааст. Бошад, ки бонувони имрўзи мо дар омўхтани фарњангу забон ва улуми муосир пайравони Мунирабону бошанд.
Эмомалии
Сайидамирзод