Кишвари овозадори тоҷикон аз аҳди қадим бо ҳунармандони овозадору чирадасташ машҳури олам гашта буд. Дар ин сарзамин ҳунармандӣ ривоҷу равнақ дошт, ки мардум барои пеш бурдани зиндагӣ ашёву маводи барои рӯзгордорӣ зарур сохта, аз ин ҳисоб, ризқу рӯзӣ меёфтанд.
Ҳунарҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, ҷомадӯзиву шероздӯзӣ ва даҳҳо ҳунарҳои қадимаи тоҷикона то имрӯз миёни бонувони ҳунарманди шаҳри Панҷакент ривоҷ дораду умри ҷовидона мебинад. Имрӯз ҳам нафарони ҳунардӯстдор ҳастанд, ки ин пешаҳои қадимаро ҳифз намуда, рушду равнақ медиҳанд. Ҷавондухтаре аз ин макон аз зумраи нафаронест, ки аз ҳунари қадими зардӯзӣ бархӯрдор буда, барои эҳё ва рушди он саҳми босазо дорад.
Фирӯза Воситова фарзанди хурдӣ ва дӯстдори аҳли хонавода ба шумор мерафт, зеро пас аз ёздаҳ бародару хоҳар чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ҳанӯз ҳафтсола буд, ки қиблагоҳашро аз даст доданд. Модараш Розиямоҳ бо 12 фарзанди ноболиғи худ танҳо монд. Он замонҳо одамон барои ба даст овардани қути лоямут шабу рӯз дар колхоз меҳнат мекарданд. Модар дар гирду атроф ҳамчун зани ҳунарманд ва яккабанддӯзи чирадаст ном бароварда буд. Беҳтарин василаи раҳоӣ ёфтан аз мушкилиро дар ҳунармандӣ медид. Фориғ аз кори саҳро ба фарзандонаш ҳунари гулдӯзиву шероздӯзӣ, бофандагиву дӯхтани яккабанд, рӯйболину гаҳворапӯш, ҷойнамозу рӯйҷоро ёд дод. Ҳунари бо сахтгириҳои модар омӯхтаи фарзандон мушкилкушои зиндагии онҳо буд.
Фирӯза аз хурдӣ бо чолокиву кордониаш аз дигар кӯдакон фарқ дошт. Ӯ бо ҳунарҳои омӯхтааш қаноат накард. Ба худ шарт гузошт, ки бояд ҳунареро ёд бигирад, ки аҳли оила онро балад набошанд. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби санъати шаҳри Панҷакент супурд. Нозукиҳои касби зардӯзиро аз зани ҳалиму меҳрубон ва ҳунарманди овозадор Маҳбуба Раҷабова омӯхт. Соҳиби диплом дар касби зардӯзӣ гардид. Дар дилаш меҳри ин ҳунари воло ҷӯш мезад. Пас аз хатми Мактаби санъат омӯзиши мустақилонаро давом медоду то дили шаб дар равшании шамъу генераторҳои барқдиҳӣ барои арӯсон ҷиҳоз медӯхт. Духтаракони ҳамсолу пайвандонаш ба ҳунармандии ӯ ҳавас карда, мехостанд зардӯзиро аз худ намоянд.
Соли 2008 ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент супурд, то тавонад бо гирифтани маълумоти педагогӣ ба хоҳишмандони бештаре ҳунар биомӯзад.
-Зардӯзӣ нозукиҳои зиёд дорад. Аввал дастгоҳи махсусеро, ки дукон мегӯянд, омода карда, матоъро дар он медӯзем. Баъдан нақшро дар рӯйи картон кашида мебурем ва ба рӯйи матои дукони зардӯзӣ мечаспонем. Бо риштаи махсус, ки аз нахи зар (сафед - «нуқрагӣ» ё зард - «тиллоӣ») тайёр карда шудааст, медӯзем ва бо сангу муҳраҳои гуногун оро медиҳем. Либосҳои домодӣ, арӯсӣ, ҷома барои тӯи хатнасури писарон, баъзе либосҳои кӯдаконаву занона, кулоҳҳо, кафшу ҷузвдони арӯсӣ, чойникпӯшҳо ва дигар ашёи рӯзгор зардӯзӣ карда мешаванд, - иброз медорад Фирӯзабону.
Зиёда аз бист сол мешавад, ки дар Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Панҷакент ҳамчун омӯзгори зардӯзӣ ва муҳрадӯзӣ фаъолият менамояд. Маҳсулоти омоданамудаи Фирӯза ва шогирдонаш дар як қатор чорабиниҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба намоиш гузошта шуда, бо диплому ҷоиза ва ифтихорномаҳо сазовору қадрдонӣ шудаанд. Маҳорати баланди зардӯзӣ ва талоши пайвастаи ӯ ба ин касби аҷдодӣ сабаб гардиду соли 2009 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок ва дар даври шаҳриву вилоятӣ соҳиби мақоми аввал ва дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷоизаи махсуси «Зан - соҳибкори беҳтарин» ва бо ифтихорномаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуд.
Ҳангоми ба шогирдон омӯхтани ҳунараш, ӯ низ маҳораташро сайқалу равнақ медиҳад. Баҳри такмили ҳунару дониши педагогии хеш соли 2017 «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон»-ро бо ихтисоси зардӯз ва соли 2020 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм кард. Дар ин давра истеъдодҳои зиёдеро тарбия ва барои кушодани маҳорату малакаашон раҳнамо шуд. Шавқу рағбати беандозааш ба ин касб аҳли оилаашонро натавонист бетафовут гузорад. Ҳама бонувони оилаашон аз Фирӯза ҳунари зардӯзиро омӯхтаанд.
Воқеан, дастони Фирӯза зебоиофаранд. Маҳсули дасти ӯро домодҳову арӯсон дар рӯзҳои хурсандиашон ба бар намуда, манзили худро бо эъҷози дастони ин бону зеб медиҳанд.
- Санъати қадима чун рукни муҳими фарҳанги миллӣ муаррифгари розу ниёзи халқ ба шумор меравад. Дар даврони пеш танҳо шоҳу маликаҳо онро метавонистанд дастрас намоянд. Бо мурури замон ҳунари зардӯзӣ дар байни ҷомеа доман густурда, дӯстдорони зебоиро ҷалб намудааст. Имрӯз ҳар шахс метавонад дилхоҳ намуди либос ва дигар маҳсулоти зардӯзишударо мувофиқи табъу завқи хеш дастрас намояд. Алоқамандии насли ҷавон ба омӯзиши фарҳанги миллӣ бовариро ба ҳифз ва гарон будани сарвати бебаҳо қавӣ месозад, - изҳор медорад ин зани ботаҷриба.
Маҳз дастони муъҷизаофари ҳунармандон зиндагии инсонҳоро рангину фараҳбахш, ҳастии одамро маънӣ ва камолоти одамро пурра мекунанд. Дасти ҳунармандон нишонаи зиндагӣ, шукуфоии кишвари биҳиштосо ва василаи ташаккули эҳсоси зебопарастию худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Воқеан, ҳунару ҳунармандӣ дар ҳама давру замон дорои мақоми махсус буда, анъанаҳои қадим маҳз ба воситаи дӯстдорони санъат аз насл ба насл мерос мемонанд.
Мадина БАЛАҶОНОВА