Таронаи марғуби фолклории «Боғбон дарро кушо, бар сайри боғат омадам», ки духтаракони ширинсухану гулрӯ бо дуторҳои кокулчадори хеш иҷро карданд, вуҷуди моро лабрез аз мусиқии руҳбахши баҳор гардонд. Садои дилнишини асбоби мусиқӣ руҳу тафаккурро навозиш дода, ангезаи таҳсину офаринро ба ин кӯдакони дуторнавоз дар диламон бедор сохт. Офарин хондем ба маҳорати баланди ин гулрухакон, ки аз 9 то 12 сол доранду дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Турсунзода» таълими ҳунар мегиранд. Ба онҳо устоди ғамхор, навозандаи мумтоз Анора Негматуллоева, нозукиҳои ин касбро меомӯзонад.
Анорабону аз хурдӣ ба навозандагӣ дилбастагии зиёд дошт. Аз синфи панҷумӣ ба мактаби санъат омаду аз устод Раъно Абдуллоева ҳунар омӯхт. Маҳораташ баланд буду азмаш қавӣ. Ояндаи худро низ бе оҳангу мусиқӣ тасаввур карда наметавонист. Соли 1988, баъди хатми мактаби миёна, ба Коллеҷи мусиқии шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дохил шуд ва ҳамчун мутахассиси дуторнавозӣ ба даргоҳе баргашт, ки барояш мисли хонаи падар азиз буд. Аз соли 1992 дар ин муассиса шогирдони зиёдеро ҳунар омӯхт, ки онҳо дар дохилу хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ доранд.
Анорабону бо ҳунаромӯзони навраси хеш, ки дар як сол то 12 асари мусиқиро аз худ мекунанд, чорабиниҳои гуногунро дар худуди шаҳру водии зархези Ҳисор бо навозишҳои руҳафзои хеш шукӯҳ бахшида, муаррифгари Мактаби бачагонаи санъат ва шаҳри Турсунзода аст.
Роҳбарии ин муассисаро марди кордон Сад¬риддин Турсунов ба уҳда дорад. Ӯ, ки барои фаъолияти самараноки муассиса талоши пайваста дорад, барои рушди тафаккури фарҳангии ҷомеа ва хизматҳои пайваста бо медали Хизмати шоиста қадр шудааст. Мавсуф зимни суҳбат аз дастовардҳои назарраси омӯзгорону шогирдон зикр кард, ки дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии шаҳр дастпарварони Мактаби бачагонаи санъат маҳорати хешро нишон медиҳанд.
- Дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Турсунзода», ки аз соли 1965 фаъолият дорад, шуъбаҳои тори камонӣ, зарби нафасӣ, фортепиано, санъати тасвирӣ, овозхонӣ, хореография ва кулолӣ амал мекунанд, 26 нафар омӯзгори соҳавӣ ба 304 шогирдон ҳунар меомӯзад. Дар як соли хониш то 100 нафар шогирд ба мактаби санъат қабул шуда, баъди хатм соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегардад, - гуфт С. Турсунов.
Алоқамандони шуъбаи хореографӣ низ зиёданд. 31 нафар гулдухтараки мавзунқомат дар гурӯҳҳои гуногун аз устоди ҳунарманд Дилафрӯз Олтибоева нозукиҳои санъати рақсро меомӯзад.
Дилафрӯз соли 1991 факултаи хореографияи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Ифтихор аз он дорад, ки шогирдони зиёдеро таълим додаасту чорабиниҳои фарҳангиро бо барномаҳои ҷолиби рақсии шогирдонаш шукӯҳ мебахшад.
- Омӯзиши рақс дар вуҷуди шахс ҳисси нозукписандиро бедор мекунад. Дар ду-се моҳи азхудкунии нозукиҳои ин ҳунари зебо таъсири мусбат ба тарзи рафтори шогирдон зоҳир мегардад. Ҳам ба саломатии ҷисм манфиатбахш асту ҳам ба руҳ. Борҳо мушоҳида кардаам, шогирдоне, ки аз таҳти дил дар маҳфилҳо мерақсанд, агар ҳунари хешро идома надиҳанд ҳам, хушрафтору мавзунқомат мондаанд, - иброз медорад Дилафрӯз.
Дар шуъбаи фортепиано 41 нафар наврас аз омӯзгори фортепиано Фотима Алифова ин навъи олии санъати мусиқиро меомӯзад. Аксари дарсҳои ин гурӯҳ инфиродианду таълим ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад. Фотимабону аз 9-солагӣ дар муассисаи мазкур навозиши фортепианоро меомӯхту баҳри такмили маҳорати хеш ва ба дигарон омӯзондани ҳунари волояш Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро хатм кардааст. Аз соли 2012 дар Мактаби бачагонаи санъат фаъолият дораду ба хоҳишмандони зиёде ин ҳунари волоро омӯхтааст.
- Омӯзиши фортепиано аз ҳавасмандон талоши ҷиддиро тақозо менамояд. Бо саҳлангорӣ ва аз рӯи ҳавову ҳавас ин пешаро аз худ кардан ғайриимкон аст. Ба хотири дилгир нашудани кӯдакон аз дарсҳои гурӯҳи мо ҳар хонандаро дар соатҳои муайян дарсҳои иловагӣ медиҳем. Аксари асарҳои таълимӣ ба забони русиянд. Аз ин рӯ, хонандагони синфи яки гурӯҳ дар таълим каме душворӣ мекашанд. Онҳо аввал оҳангҳои мусиқиофарони тоҷикро машқ мекунанд ва баъдан ба омӯхтани асарҳои композиторони ҷаҳонӣ мепардозанд, - иброз медорад Фотимабону.
Дар шуъбаҳои санъати тасвирӣ, зарби нафасӣ, санъати тасвирӣ ва овозхонӣ низ наврасон аз устодони соҳа ҳунар меомӯзанд.
Шогирдони Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Турсунзода дар тамоми чорабиниҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона доранд. Ҳамасола дар вақти хатми муассиса барномаи консертии ҳисоботии хонандагон баргузор мегардад. Волидону омӯзгорон ва алоқамандони ҳунар ба ширкати насли наврас дар чунин чорабиниҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд ва дигар кӯдаконро низ дар баробари таълим дар мактабҳои миёна барои омӯхтани ҳунарҳои зебо тарғиб менамоянд.
М. ҚОСИМЗОДА,
Душанбе-Турсунзода-Душанбе