Сарчашмаи маърифат ва фурӯғи хиради инсонӣ аз китоб аст. Ин мафҳумро сокинони шаҳри Турсунзода ба хубӣ эҳсос намуда, ба хотири такмил додани шахсияти хеш ва баҳравар гаштан аз ганҷҳои бегазанд ба хазинаи маърифат –китобхонаҳо рӯй меоранд. Алҳол 33 китобхона бо фонди умумии 190972 нусха китоб ташнагони илму донишро шодобӣ мебахшад, ки аз ин шумор 28-то дар деҳот ва 5-то дар ҳудуди шаҳр воқеъ аст.
Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода дар бинои зебову барҳаво ҷойгир буда, бо таҷҳизоти муосир муносиб таъмин шудааст. Як шуъбаи электронӣ, ду толори хониш барои кӯдакон ва калонсолон, толори маҷлисгоҳ ва дигар биноҳои зарурӣ ҳамарӯза дар хидмати нафарони китобхону китобдӯстдоранд.
Роҳбарии китобхонаро бонуи ҳалиму фурӯтан, китобхону фарҳанггустар Гавҳар Саидова ба уҳда дорад. Ӯ ҳамроҳи кормандони худ дар расондани ёрии маънавӣ ба дӯстдорон хизматрасонии китобдориро дар сатҳи олӣ ба роҳ мондааст. Бо гузарондани чорабиниҳои маърифативу адабӣ дар рушди зеҳнии муштариёни китобхона саҳми арзанда мегузоранд. Суҳбати мо аз китобу маърифат ва таваҷҷуҳи насли наврас ба омӯзиш бо Гавҳарбону, ки худ гавҳари пурарзиши ин хазинаи маонист, самимонаву доманадор буд. Ӯ, ки аз соли 2005 дар ин даргоҳи маърифат хизмат мекунад, ҳар муштарии китобхону китобдӯстдорро мисли фарзандони худ азиз медонаду аз хондаҳои онҳо мудом ҷӯё мешавад. Ҳамроҳашон дар мавриди осори мутолаакардаашон суҳбат меорояду хонандагони фаъолро ҳавасманд мегардонад.
- Мо ба ҳама ниёзмандон китобҳои дилхоҳашонро дастрас мекунем. Агар дар фонди китобхона набошад, шакли электрониашро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ё Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанбе дархост намуда, пешкаши хонандагон мегардонем, - иброз медорад Гавҳарбону.
Аъзои китобхонаҳои шаҳри Турсунзода дар озмунҳои фарогири «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат», «Библиомарафон», «Шоҳномахонӣ» ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ дар миқёси шаҳру ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Соли 2023 барои кормандону муштариёни Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода соли бобарор буд. Дар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз рӯйи номинатсияҳои «Хонандаи фаъолтарин» ва «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд…» дар даври ҷумҳуриявии озмун 2 нафар сазовори ҷойи 3-юм ва дар Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» 2 нафар хонандаи МТМУ № 59 иштирок намуд. Дар ҷамъбасти озмун хонандаи синфи 9 Самира Саидзода ҷойи якум ва хонандаи синфи 10 Меҳрона Сапиева ҷойи ифтихориро сазовор гашта, бо диплом ва мукофоти пулии Вазорати фарҳанги кишвар қадр шуданд, ки боиси ифтихори мост, - мегӯяд китобдор.
Гавҳарбону, ки ба сухану маънии баланд муҳаббати самимона дорад, китобхонҳои фаъолро ҳамеша дастгирӣ мекунад. Хонандагонеро, ки аз деҳаҳои дурдаст меоянд, китобҳоеро, ки дар китобхонаи деҳаашон набошад, ба муҳлати муайян бо худ мегиранд. Барои бозхонии китобҳо барояшон муҳлати иловагӣ медиҳаду барои санҷидани донишашон аз асари мутолаакарда худ низ он китобҳоро такроран мехонад.
- Гоҳо эҳсос менамоям, ки волидони бомаърифатам маро барои китобдорӣ ба дунё овардаанд. Аз кӯдакӣ ошиқи китоб будам. Аксари адабиёти китобхонаи мактабро хонда будаму интизор мешудам, ки кай китоби нав меоранд. Достонҳои «Шоҳнома» ва қиссаҳои «Маснавии маънавӣ»-ро аз ёд медонистам. Асарҳои устодон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигар адибони муосирро такроран мутолаа мекардам ва порчаҳои калонашро аз худ карда будам. Соли 2005 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷойи дуюмро сазовор шудам ва ин ғолибият пайванди маро ба китобхона ҷовидонӣ намуд. Ҳар рӯз то даҳ саҳифа китобу як-ду ғазал нахонам, рӯзам комил намешавад, - изҳор медорад мудир.
Дар китобхона маҳфили адабӣ низ амал мекунад, ки навқаламон ба хотири сайқал додани истеъдоди хеш аз шоири номвари диёр Абдуқаҳҳори Қосим санъати сухан меомӯзанд ва кормандони китобхона муҳити адабиро бо китобҳои суханшиносӣ ва қонуниятҳои шеъриро барояшон фароҳам меоранд.
Истифодабарандагони шуъбаи электронии китобхона низ ба хазинаи бузурги китобҳо дастрасии комил доранд. Бештар китобҳои илмӣ ва техникӣ, ки аз соҳаҳои гуногунанд, ба базаи шуъбаи электронӣ ворид шудаанд ва кори доништалабону ташнагони илмро дар пайдо намудани маълумоти дилхоҳ осон мекунанд.
- Баъди эълон шудани озмунҳои маърифатӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳолӣ ба китобу китобхонаҳо бештар гаштааст. Сарфи назар аз синну сол муштариёни китобхона нисбат ба солҳои пешин фаъолтаранд ва ин ба кори мо шавқу сурур бахшид. Махсусан дар рӯзҳои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нишоту шодмонӣ кулли китобхонаро фаро мегирад ва боиси дилгармии китобдорон ба пешаи пурмасъулияташон мешавад, - афзуд Гавҳарбону дар фарҷом.
М. НАЗИРОВА,
Душанбе – Турсунзода - Душанбе