Маросими издивоҷ ва ақди никоҳ дар миёни қавмҳои гуногуни олам як амри муқаддас ба ҳисоб меравад. Оинҳо ва суннатҳои ин маросим қобили таҳқиқу пажӯҳиш мебошанд. Дар миёни халқҳои ориёӣ ҳам маросими издивоҷ ва ақди никоҳ тибқи расму оинҳои вижа сурат мегирифтааст. Паймонномаҳои ақди никоҳ, ки аз даврони бостон то ба имрӯз расидаанд, барои ошкор кардани вижагиҳои ин маросим санади муътабаре ба ҳисоб мераванд. Омӯзиши ин аснод ва паймонномаҳо равзанаи тозаеро дар боби мақоми марду зан дар ҷомеаҳои қадимро равшан хоҳад кард.
Намунаи чанде аз паймонҳои издивоҷ ба забонҳои форсии миёна, суғдиву бохтарӣ боқӣ мондааст ва ин суннат аз даврони Ҳахоманишиҳо сарчашма мегирад. Ногуфта намонад, ин гуна паймонномаҳо, ки аз ҳуқуқи занҳо дар баробари мардҳо расман ҳимоят мекард, дар қонунгузории ҷаҳони мутамаддини Ғарб дар охири асри ХIХ (брачный контракт, marriage сontracts) пайдо шудаанд. Дар Тоҷикистон ҳангоми издивоҷ илова бар никоҳи суннатӣ, тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» издивоҷ расман дар асноди ҳуқуқӣ – шаҳодатномаи ақди никоҳи навхонадорон сабт мегардад.
Ҳадаф аз ин паймонномаҳо ҳифзи ҳуқуқи тарафайн буд. Паймонномаҳои шаҳрвандон маъмулан дар шакли хаттӣ ва ақди динӣ ба таври шифоҳӣ анҷом мешуд. Дар он вазифаҳои мард, ҳаққи мерос, ҳуқуқи тарафайн ва шартҳои талоқ сабт шудаанд. Дар паймонномаи суғдӣ зан ҳаққи талоқ талаб карданро аз шавҳар дошта, молики амволи шавҳар буда, ҳангоми ҷудо шудан ба ними амволи шавҳар ҳақ дошт. Ҳамчунин, дар ин паймонномаҳо аз мамнуъ будани бисёрзанӣ сухан меравад. Дар санади дигари суғдӣ, ки исми кафолатномаи арӯс (vuδkarnē ət nāmē- «bride’s document»)-ро дорад, домод вазифаи худро ба зимма гирифта, ба сарвари хонаводаи арӯс онро месупорад.
Қарордоди издивоҷ ба фарҳанги хоси ҷомеа вобаста аст. Аз ин рӯ, дар бархе аз кишварҳо бо пешниҳоди тарафҳо қарордод ё шартнома баста мешавад. Чунин қарордод дар фарҳанги мо, тоҷикон, хидмати наздики дуҳазорсола дорад…
Муҳтавои се паймонномаи заношӯӣ ба забонҳои ориёӣ-эронии мансуб ба ҳазорсолаи якуми милодӣ то замони мо расидааст: 1) матни паймоннома ба забони бохтарӣ, асри IV аз Бохтар; 2) матне аз ашрофони Самарқанд аз кӯҳи Муғ дар Тоҷикистон ба забони суғдӣ аз ибтидои асри VIII, ки аз паймонномаи издивоҷ ҳамроҳ бо номаи кафолат ё замонат иборат аст; 3) ду намунаи паймонномаи издивоҷ аз порсии миёна: яке дар Порс ва дигаре дар Ҳинд тартиб дода шудаанд, ки бозгӯи куниши нек аз дини беҳӣ дар замони Сосониён аст.
Дар асрҳои миёна ин маросими шаҳрвандӣ, илова ба никоҳ, ки шифоҳӣ анҷом мешуд, ҳифзи ҳуқуқи зану шавҳарро ба таври хаттӣ низ сабт менамуданд.
Илова бар «паймонномаи заношӯӣ» зарур буд, маросими динӣ бо хондани матнҳои дуои неки afrihuana – «ситоиш, раҳмат, таҳсин» тариқи шифоҳӣ анҷом мешуд. Як матни дуо ба забони суғдӣ дар Туркистони Чин пайдо шудааст, ки монанди матнҳои маросимҳои тӯйи порсиён Afrin ī Vazurgān – «Ситоиши бузургон» хонда мешуд.
Барои бастани аҳдномаи издивоҷ мебоист чанд марҳалаи бобарорро тай кард: иддаои издивоҷ, бастани ақди никоҳ ва ғайра. Масъалаҳои ҳадияи ақди никоҳ, маҳр, талоқ, ҳуқуқи мерос мебоист то қабули санади ниҳоӣ ҳаллу фасл шаванд, зеро онҳо қисмҳои қонуни хонавода дар ҷаҳони порсӣ-ориёӣ мебошанд.
Ҳамсари оянда, ба хостгорӣ барои муаррифии худ бо падар ё аъзои бузургсоли хонаводааш ба хонаи духтар рафта, аз солораш хостори духтараш мешавад. Маросими хостгорӣ тартиби муайян дошт, ки ин маросимро дар нисбати падари домод duxtaganih (духтарганиҳ) – «ба духтарӣ қабул кардан», дар нисбати домод zanih (заниҳ) – «ба занӣ қабул кардан» меномиданд. Аз матнҳои суғдиву форсии миёна бармеояд, ки домод бевосита ба духтар на, балки ба падари ӯ муроҷиат мекард. Аз матни бохтарӣ бармеояд, ки тартиби хостгорӣ дигар буд: ҷавонмард бидуни муроҷиат ба падар ё ҳомии духтар нияти издивоҷашро ба духтар иброз медорад.
Дар санади суғдӣ шартҳои бекор кардани қарордод омадааст. Мувофиқи қарордод зану шавҳар барои бекор кардани ақд ҳуқуқи баробар доранд ва ду банди алоҳидаи санад иқдоми тарафайнро дар бар мегирад. Тибқи асноди суғдӣ мард метавонад танҳо як зан бигирад ва расман ба зани дувум гирифтан ҳақ надорад. Пас аз издивоҷ, духтар kadagbānūg– «кадбону», сарвари хонавода ҳисобида мешавад. Дар матнҳои форсии миёна, суғдӣ ва бохтарӣ пас аз издивоҷ зани расмӣ чунин унвон (-и подшоҳзан) дошт.
Ин намуди бастани қарордод аз нигоҳи ҳуқуқӣ комилан дуруст аст, зану шавҳар меросбари ҳамдигар буда, фарзандон ҳуқуқи моликияти зодмандони худро ба мерос гирифтан доранд ва писарон вориси қонунии падар мешаванд.
Мутобиқи матни форсии миёна вазифаҳои мард чунинанд: занро бо зиндагии шоиста ва осуда таъмин намудан; иҷозати истифодаи молу мулки мард ба зан; мард нисфи моликияташро пешакӣ, ҳангоми хонадорӣ ва дар сурати пошхӯрии хонавода нисфи дигари онро бояд диҳад. Маблағи туҳфа бо ризояти арӯс таъин шуда, онро kābēn (кобин) – «маҳр» гӯянд.
Дар форсии миёна намунае аз паймонномаи заношӯӣ – «peymān ī zanih» (паймони заниҳ) дар 11 банд мавҷуд аст. Ин матн намунаи хуби аҳдномаи никоҳии замони Сосониён буда, истилоҳоти он комилан бо истилоҳҳои «Занд»-и Авесто мувофиқат мекунад. Шартномаи издивоҷи форсии миёнаро Ҷомоспҷӣ Минучеҳерҷӣ Ҷамасп-Асана (Бомбай, 1913) таҳрир кардааст…
Фарҳанги бостонии ниёгони мо шоистаи таҳсину офарин аст, зеро он дар доираи қонунҳои гуманизми башарӣ амал мекард, агар чунин намебуд, суннатҳои мардуми мо тули садсолаҳо устувору ҳифз намешуд. Месазад ин фарҳанги ғаниву шуҳратёфтаро омӯхту дар рӯзгори имрӯз ҳамчун таҷрибаи бани башар ва мероси ниёгон истифода ва татбиқ кард.
Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ