Симои гарми ҷавонзани лоғарандоми мил¬липӯше, ки мӯйҳои дарозашро кокулҳои муҳрабофӣ зеб медиҳанд, гоҳ-гоҳ дар саҳфаи маҷозии шабакаҳои ҷаҳонӣ падид меояду аз пешгомии насли имрӯз пайки хуш меорад.
Ҳине, ки ба ҳамоишҳои бузурги байналмилалии панҷ шаҳри дунё сафар дошт, рӯи тоқии сар намое аз ҳунари асили зардӯзии бонувони тоҷикро чун паёме бо худ бурд. Хориҷиён мафтуни мӯйҳои дарозу ҷомаи адрасиву тоқии зардӯзӣ ҳамвора мепурсидандаш, ки аз кадом қитъаи ҳунархез омадааст? Ҳамватанони савори ҳавопаймо бехабар аз он, ки ин бону модари се ҷигарбанд аст, ӯро арӯси навхона мегумоштанд. «Либоси миллӣ ҳар куҷо бонуи тоҷикро зебанда аст», - мегуфт вай ҳамвора.
Ба ҷойи писар
Фарзанди нахустини хонавода аз овони бачагӣ паҳлуи қиблагоҳи зироаткораш рост мешуду аз гапҳои мардум, ки Муллораҷаб писар надораду кори саҳроаш нотамом, меандешид. Коре мекард, ки падар аз норасоии бозуи сахти писарона заррае ҳам наандешад ва барои се хоҳар гӯё бародар ҳам буд. Дертар бахт дари иқболи худро ба рӯи хонаводаи онҳо кушод ва ду бародар пайиҳам дида ба ҳастӣ рӯшан карданд.
Шаҳло Раҷабалиева аз норасоии вақт шикоят надошт ва фурсат меёфту дарсҳои мактабиашро бо ҳавсала анҷом медод ва китобҳои бадеӣ зиёд мехонд. Аълохони синф, дар тамоми чорабиниҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ва баъдан 50-и деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ пешсаф буд ва аз озмуну олимпиадаҳо фақат ҷойи аввалро мегирифт. Шавқ дошт ба суханпардозии ровиёну наттоқони телевизион, соатҳо ба лаҳни гуфтори онҳо гӯш медоду худро ба ҷойи онҳо медид. Андешаҳо амалишавандаанд, гуфту дар чорабиниҳои мактабӣ ровии ширинзабоне гардид. Шуҳрати истеъдодаш доираи мактабро убур намуд ва ҳамакнун дар чорабиниҳои ноҳиявӣ баландгӯяк дар даст гарму бо ҳарорат сухан меронд. Ҳама аз ӯ ба унвонии «Шаҳлои журналист» ном мебурданд. Чаҳор мактаби таҷриба
Шаҳло баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) аз мактабҳои барояш бузург таҷриба андӯхт. Нахуст фаъолиятро аз омӯзгорӣ дар Мактаб-интернат барои кӯдакони душвортарбия оғоз кард ва се сол ба бачаҳо сабақ дод. Пас, ба шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии АМИТ пайвасту зери роҳбарии Хуршеда Отахонова ба навиштани рисолаи илмӣ пардохт. Аммо бо тамоми ҳастӣ моил ба орзуи бачагӣ дошт ва бо даст додани аввалин имконият бо раҳнамоии журналист Моҳлиқо Шарифова соли 2011 ба дунёи рангини телевизиони «Сафина» пайваст.
Муҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ ва варзиш, баъдан муҳаррири идораи фарҳанг буду барномаҳои «Шифо», «Ёрии таъҷилӣ», «Этикет», «Зиндагиафрӯз» ва «Дар талоши ҳаёт»-ро таҳия мекард. Дар ин росто, барои барномаҳои «Хонадон», «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» ва «Субҳи якшанбе» сужаҳои ҷолиб омода месохт. Хушбахт аст, ки дар боло бурдани маърифати фарҳангӣ ва тиббии мардум, аз кунҷи зистгоҳ берун овардани нафарони имконияти маҳдуддошта заррае ҳам бошад, саҳме гузоштааст.
Соли 2022 самти фаъолияташро дигаргун карду ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гузашт. Ҳамчун мутахассиси шуъбаи таҳлилу иттилоот муддате фаъолият намуд ва ректори Донишгоҳ, бонуи огоҳу донишманд Жило Гулназарзода бо назардошти фаъолияти пурмаҳсул ӯро ҳамчун мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ таъин намуд.
Маҳфилҳои навтаъсис
Ба дунёи ҷавонон шомил шудан барои Шаҳло олами наву рангине буд, ки шавқу шӯри айёми шубобро мехост бар нафъи ҷомеа раҳ намояд. Ба ин тариқ, аз ҳисоби донишҷӯён беш аз 40 волонтёр омода намуда, ба 6 маҳфили нав бунёд ниҳод: «Матонат», «Дастони моҳир», «Пайравони Пешвои миллат», «Аёдат», «Мутарҷим» ва «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат».
Дар маҳфили «Матонат» варзишгарони моҳирро аз шумори донишҷӯён кашф карда, бо ёрии онҳо толибилмони дигари Донишгоҳро ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ташвиқ менамояд. Маҳфили «Дастони моҳир» донишҷӯёни ҳунарманд, рассом ва эҷодкоронро ба ҳам меорад. Ба маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» зиёиён, адибон ва рассомони муваффақ даъват мегарданду суҳбат меороянд, то ба ин васила ҷавонон аз кору пайкори онҳо сабақ андӯзанд. Дар маҳфили «Аёдат» гурӯҳи донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони ҷавон ба дидори шахсони баруманди ҷомеа, ки умри хешро сарфи хидмат ба Ватан намудаанду ҳоло бознишастаанд, рафта, аз рӯзгори ибратбахши онон ҷаҳони маънӣ мегиранд. Ҳар маротибаи аёдат сафи донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон иваз мегардад, то ҳама ба дидори шахсиятҳои барҷаста мушарраф шаванд.
Дар маҳфили «Мутарҷим» донишҷӯён бо тарҷумонҳои касбӣ мулоқот намуда, тавсияҳои муфид мегиранд. Баъдан бо пешниҳоди нависандаи номӣ Абдулҳамид Самад дар ин маҳфил донишҷӯёни фаъол ҳикояҳои хурди тоҷикиро ба забонҳои дигар бармегардонанд. Аз рӯи 11 забоне, ки дар Донишгоҳ тадрис мешавад, волонтёрони ин маҳфил дар чорабиниҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, ки дар асоси нақшаи кории муштарак бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ доир мегардад, ҳамчун мутарҷим ба ёрии меҳмонон мешитобанд. Дар маҳфили «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат» донишҷӯёнро ба озмуни ҷумҳуриявӣ омода месозанд. Роҳбарони маҳфилҳо аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол интихоб шудаанд.
Шаҳлобону дар радифи ин, бо мақсади бедорсозии ҳисси худогоҳии ҷавонон дар ҳар иду ҷашнвораҳо ва санаҳои таърихӣ бо волонтёрон аксияву чорабиниҳои гуногун мегузаронад.
Омӯзгори зиндагӣ
Шуълаи донишро дар қалби ӯ марҳум амакаш – профессор Талбак Салимов, ки собиқ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вакили МН МО буд, барафрӯхтааст. «Зери сояи касе нагардед, ки соя абадӣ нест», ё «таги чатри дигарон мабошед, ки он ҳам поянда нест. Бикӯшед, то бо асои худ гардед», - гуфтанҳои амакро ҳеҷ гоҳ аз хаёл берун наандохтааст. Барои таҳсилдида шудани Шаҳло ва хоҳаронаш, ки сеи онҳо алъон табибанд, саҳми амакашон хеле бузург аст. Ду бародараш ҳамчун мутарҷим дар Аврупо кору таҳсил доранд. Оромӣ, покизагӣ ва зебоипарастиро аз модар ба мерос гирифтааст, кадбонугӣ ва дарси зиндагидориро аз хушдомани хушхулқаш омӯхтааст. «Агар 10 келин ҳам дошта бошам, ҷойи Шаҳло дигар аст», - мегӯяд модари ҳамсар. «Ба ту касе баробар шуда наметавонад», - исрор менамояд падар.
Ӯ ҳамеша мушоҳидакор буд ва аз омӯзгорону бонувони пешоҳанг мекӯшид сифатҳои беҳтаринро ба худ гирад ва ҳамчун шахсияти ба ҷомеа судовар бисабзад ва то ҷое тавонист ба муроди дил расид.
Шаҳло Раҷабалиева муаллифи китоби «Достони зиндагӣ», китоби дувуми хешро бо номи «Зимистони сиёҳ» ба чоп омода менамояд. Хушбахт аст, ки дар баробари бунёди оилаи обод паҳлуи бонувони муваффақу номовари кишвар заҳмат мекашад ва аз шаҳди самари истиқлоли Ватан нӯш менамояд.
Ситора АШӮРОВА