Аз таъин шуданам ба симати муовини сардабири расонаи бурунмарзии «Овози тоҷик» як рӯз мегузашт. На касеро мешинохтаму на талоши суҳбат бо кормандон доштам…
Шоме кор дер анҷом ёфт, мебоист ба хона равам. Дидам, ки даре аз ҳуҷраҳо боз асту чароғаш фурӯзон. Рафтам, чанд нафаре нишаста. Аз ман ҳол пурсидаву аз унсгирӣ бо кормандон ва нахустрӯзҳои корӣ пурсон шуданд. Дарёфтам, ки ҳамсуҳбатон хилофи тасаввури мананд. Суҳбат гарм мешуду дар омади гап назарашонро роҷеъ ба хеле аз масоили сиёсии ҷаҳон гуфтанд.
Як замон чашмам ба соат афтид, ки ақрабак 7-то кам 1-и шабро нишон медод…
Ҳасби ҳол
Заррина Абдулвоҳидова, собиқ мудири бахши форсии радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» ва ҳамакнун мудири шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аст.
Ӯ 6 марти соли 1964 ба дунё омада, айёми бачагиро дар деҳаи Совети ноҳияи ҳамном сипарӣ карда. Соли 1971 гулдаста ба дасту ҷузъгир дар пушт пой ба остонаи мактаби миёнаи № 1 гузошт. Аъло хонд. Дар кори хона ҳам ёвари апаву ака буд. Фурсат меёфту футбол мебозид, ҳамроҳ бо бачаҳои маҳалла медавид даври майдон. Шореҳи футболи синфу мактаб буд. Борҳо дар бозиҳои байни маҳаллаҳо аз сафи бачаҳо меронданд, вале якравиаш дастаҳои муқобилро маҷбур мекард, то ӯро таҳаммул кунанд. Вай пештози майдон мешуду тӯбро гирди пой мечархонд ва дар ҳолати зарурӣ дарвозаро дифоъ мекард.
Дар корзори меҳнат
Соли 1981 синфи 10-ро поён оварду ҳамчун телефончии МТС-и узели алоқаи ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ду сол кор кард, таҷрибаи ҳаёт омӯхт. Соли 1983 вориди бинои донишгоҳи маъруфтарини ҷумҳурӣ – Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ) шуд, ҳуҷҷат супурд. Баъди чанде аз синфхонаи имтиҳонӣ бо сари баланд берун шуду номи нав гирифт – донишҷӯ.
Солҳои омӯзиш аз худ лаёқатмандӣ нишон дод ва бо пайроҳаи ҷаддаш рафт. Ин шоҳроҳ ӯро ба боло мебаровард, вале масираш осон набуд, чун шеб ҳам дошту фароз низ. Ин ҷода омӯзгорӣ буд, ки соли 1990 мақоми мазкурро ба симати омӯзгори забон ва адабиёти форсӣ бо тасдиқи диплом барояш сазовор диданд.
Бо роҳхат ба ноҳияи калонтарини ҷумҳурӣ –Рӯдакӣ омад. Аз шуъбаи маориф ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 98 ҳамчун омӯзгори забони форсӣ роҳхат доданд. Чун ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ доман зад, ба пойтахт баргашт.
Соли 1991 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48-и шаҳри Душанбе муаллими забони форсӣ таъин шуд. Се соли душвортарини рӯзгораш чашми бозашро калонтар кушод. Ҳанӯз дар оғози нобасомониҳо бародари ба ҷон баробараш, ки ба ҷойи падар сарпарасташ буд, ҳадафи тири дайдуе гашт. Ака барои ҳимояи 2 хоҳар омаду худ қурбон шуд…
Дар меҳвари муноқиша
Акнун чархи рӯзгораш дигаргуна гашт ва такягоҳи ду хоҳарбузург шуд. Бим аз онҳо дошт, зеро хонаашон дар меҳвари муноқишаҳо ҷой дошт. Ҳар рӯз чанд ваҳшигариро бо чашми сар медид. Кор кардан ҳам мушкил буду рӯзгор низ душворӣ пеш меовард дар чунин муҳит.
Солҳои 1994 - 1996 дар МТМУ № 55-и шаҳри Душанбе ба хонандагон аз забони форсӣ сабақ дод. Барояш осон науфтод омӯзгорӣ, чун қишри бедордили ҷомеа гуфта, пинҳонӣ таъқиб медид. Аз моҳи ноябри соли 1996 то моҳи майи соли 1997 китобдори Институти миллии патентии Тоҷикистон буд.
Муфассири сомеони бурунмарзӣ
Соли 1997, пас имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, яъне бо қудуми Ваҳдати миллӣ дар шуъбаи форсии идораи барномаҳои бурунмарзии Радиои Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Бо гузашти солҳо таҷриба андӯхту акнун набзи Тоҷикистонро барои сомеони бурунмарзӣ тафсир месозад. Мактаби бузурги таҷриба коргар шуд ва чун идораи барномаҳои бурунмарзӣ бо студияи «Фурӯғи Ориёно» ба радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» бадал гашт, мудири бахши форсӣ таъин шуд. Аз он даврон то соли қабл дар ин симат фаъол буд. Баъд тағйири пеша кард.
Аз пайи адолат
Ӯ дар радио аз ҷумлаи кормандони фаъол буд, ки ҳам шунавандааш аз ҳар нашри ӯ иттилои фаровон мегирифту ҳам дар сабқатҳои зиёди тахассусӣ бо ҳузураш соҳибмақом мешуд. Узви фаъоли Раёсати Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи кормандони Кумитаи телевизион ва радиои кишвар буд. Ба баёни Лолахон Сатторӣ, раҳбари вақти ин ниҳод, Заррина ҳини узвият дар Раёсат омода буд ба хотири дифои ҳаққи корманд аз баҳри хеле чизҳо гузарад, зеро барои ӯ таъмини адолат ва риояи ҳақиқат шиори рӯзмарра аст.
Имрӯз шогирдонаш ҳар куҷо пайи фаъолиятанд ва акнун дар шуъба ба ҷойи ӯ Малвинаи Хушқадам мудир асту якҷо бо Ҳадятуллои Амриддин тавофуқи дӯстӣ ва равобити Тоҷикистону Эронро ташреҳ медиҳанд. Малвинаро аз ҷумлаи шогирдони хубаш медонад ва ӯ ҳам ба устодаш эҳтироми зиёд қоил аст, чун назокатҳои журналистикаи радиоро маҳз аз ӯ омӯхт.
Ба ҷойи охирсухан
Зарина қаҳрамони воқеии радио буду ин маконро сидқан меписандид. Шабу рӯз заҳмат кашид. 27-уми феврали соли 2023 ба нафақа рафт. Ӯ акнун барои мо собиқадор аст. Ба баёни ҳамкорон, қаҳрамони мо энсиклопедияи ҳақиқии «Овози тоҷик» асту итминон дорем, ки ҳамеша мушовиру ёвари шогирдон дар тамоми масоил боқӣ хоҳад монд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
Рӯзноманигор