Ҷомеашиносони ҷаҳонӣ дар натиҷаи тадқиқот ба хулосае омадаанд, ки ба ҳисоби миёна ҳар зан тули умри хеш як соли ҳаёташро ба андешаи “Чӣ пӯшам?” сарф мекунад. Ин хабар дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳаводорони зиёд пайдо намуду бори дигар исбот сохт, ки бонувон табиати мармуз доранд.
Воқеан, саволи “чӣ пӯшам?” ҳар субҳ бонувонро нороҳат мекунад. Бо вуҷуди ҷевонҳои пур аз либос, занҳо боз барои пӯшидан либоси мувофиқи табъро пайдо намекунанд. Аксаран аз батакрор ба бар кардани як либос нороҳат мешаванд.
Бонувон дар мавриди либоси хонагӣ низ таваҷҷуҳи доимӣ доранд. Ҳатто онҳое, ки хонашинанду дар як ҳафта шояд як-ду маротиба ба бозор ё меҳмонӣ мераванд, истисно нестанд.
Теъдоди ками бонувон, ки аз ҳадди андешаи “Одамон чӣ мегӯянд” фаротар рафтаанд, либоси ба худ шинаму писандро мепӯшанд ва парвои мӯди замонро надоранд. Ин гуруҳи бонувон аллакай ба камолоти шахсӣ расидаанд ва андешаҳои фаротареро аз фикри “Чӣ пӯшам?” ба сар доранд.
Зебоишиносон дақиқ кардаанд, ки бонувони аз чиҳилсола боло алакай дар интихоб ва пӯшидани либос меъёри мушаххасро пайдо кардаанд. Новобаста аз самти фаъолият ва мавқеи иҷтимоӣ ҷевонашон либоси кофӣ дорад ва посух ба саволи “Чӣ пӯшам” барояшон саҳл менамояд. Бо вуҷуди ин, онҳо дар ин бора меандешанд ва мехоҳанд ҳамқадами замон бошанд.
Бо омадани баҳор ин суол бонувонро бештар ташвиш медиҳад, зеро мисли табиат рангоранг будану мисли гул ҷилваи зебо намудан, сарфи назар аз синну сол, ба ҳар бону хос аст. Либосро муаррифгари мавқеъ, арзишҳо ва дидгоҳи занон низ медонанд. Он дар густариши фарҳангу маданият дар байни занон мавқеи пасипардагӣ дорад. Аз ин рӯ, вақте андешаи “Чӣ пӯшам”-ро дар сар мепарварем, каме дар бораи тоҷикияти либоси худ биандешем ва бо таҳияи либосҳои миллӣ дар густариши фарҳанги худ бетаваҷҷуҳ набошем.
М. Назирова