Муҳаббат Раҳмонова муддати мадидест, ки бо гулдӯзӣ ва нақшу нигори дилпазир дар ҷомеа маъруф буда, барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми шоиста дорад. Алҳол мураббии неккирдор доираи ҳунари худро васеъ намуда, шогирдони зиёдеро барои омода сохтани гулдӯзиҳои миллӣ тарбият мекунад.
Номбурда дар оилаи ҳунармандон ба камол расида, нозукиҳои ин касби бобоиро аз модараш андӯхтааст, ки ӯ касби тӯппидӯзӣ дошту аз овони хурдсолӣ майлу рағбати духтарашро ба ҳунармандӣ бедор намуд.
Дар назди модар аз матоъҳои реза маҳсулоти гуногунро омода месохт. Мекӯшид, то майдатарин матоъро низ сарфи назар накунад. Вай ифтихормандона модари худро устоди аввалини худ медонад. Шоёни зикр аст, ки Муҳаббат аз синфи 5 мустақилона ба дӯхтани болишту пешдоман гузашта, ба ҳунармандии худ ибтидо гузошт.
Ҳамин дилбастагӣ ба ҳунару ҳунармандӣ буд, ки ӯро ба хонаи пионерон барои боз ҳам такмил додани ҳунар раҳнамун сохтанд. Аз ҳамин даргоҳ хубтару беҳтар ҳунарҳои мардумиро азбар намуд. Устодонро маҳорати сӯзанидӯзӣ бо нӯгӣ сӯзан, бо риштаҳои гуногун офаридани мазмунҳои нави вай мафтун месохт. Модар аз ояндаи фарзандаш дилпур буд. Ҳар дастоварди ҷигарбандашро бо чашмони сар медид.
Дар дабистон низ бо баҳои хубу аъло мехонду дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзид. Он солҳо масъулони дабистон пешқадамонро ба лагери умумииттифоқии «Артек» мефиристоданд. Дар қатори беҳтаринҳо Муҳаббат низ ба лагер рафт. Вай дар шаҳри Қрим низ бекор наистода, байни хонандагони 15 ҷумҳурии бародарӣ дар озмунҳои гуногун ширкат намуд. Ӯ қаҳрамони филми тасвирии «Чебурашка»-ро бофта, ҷойи аввалро соҳиб шуд. Баъди бозгашт ҳамчун ҳунарманди ояндадор дар борааш дар рӯзномаи серхонандатарини кишвар - «Пионери Тоҷикистон» маводе низ ба табъ расида буд.
Муҳаббат соли 1987 мактаби миёнаи №15-уми шаҳри Хуҷандро ба итмом расонда, ба филиали Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1992 бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм намуда, ба фаъолият пардохт. Корро сараввал дар Комбинати истеҳсолии «Абрешим» ҳамчун бофанда оғоз кард. Баъдтар ба вазифаҳои устои баст ва иқтисодчии банақшагирии истеҳсолот гузаронда шуд.
Муҳаббат дар Корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» фаъолияти худро давом дода, ҳамчунин дастурдиҳандаи таълимии истеҳсолоти бофандагӣ, ташхисгари истеҳсолоти бофандагӣ буд. Алҳол ҳамчун шахси масъул оид ба сифати истеҳсолоти бофандагӣ фаъолияти пурсамар дорад.
Самти дигари кори Муҳаббат басо ҷолиб аст. Ӯ солҳои 2012 -2017 бо Литсейи касбӣ-техникии №44-уми шаҳри Хуҷанд ҳамкорӣ намуда, ба ҷӯяндагони ҳунар, толибилмон касбҳои бофандагӣ ва ҷӯроббофиро омӯзонд.
Соли 2018 Муҳаббат Раҳмонова ба гирифтани Гранти раиси шаҳри Хуҷанд муваффақ гардид ва он дар ривоҷу равнақ додани ҳунари гулдӯзию қуроқдӯзиаш замина гузошт, зеро бо маблағи бадастовардааш тавонист мошинҳои чокдӯзӣ, дастдӯзӣ, аверлок, ресмону матоъҳои гуногун ва сангҳои ороишӣ харидорӣ намояд. Имконият пайдо шуд, ки бо бонувони ҳунарманд маркази касбомӯзӣ созмон дода, ҳунарҳои худро омӯзонад. Муҳаббатбону тули фаъолият даҳҳо шогирдонро ҳунар омӯхт, гулдӯзиро ёд дод. Имрӯз шогирдонаш дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо ҳунари азбаркардаи хеш ангуштнамои ҷомеа гардида, дар ҳамаи озмунҳо ширкат варзида, ҳунару истеъдоди худро сайқал медиҳанд. Аз ҳама муҳим иқтисодиёти хонаводаи худро баланд мебардоранд.
Муҳаббат Раҳмонова бо пешниҳоди лоиҳаи «Армуғонҳои Муҳаббат» дар қатори беҳтаринҳо соҳиби гранти раиси вилояти Суғд гардид. Мақсад дорад ба ин маблағ мошинаи дарздӯзию чокдӯзӣ, компютер гирифта, ҳунари худро боз ҳам сайқал диҳад.
- Алҳол ба ман имконият фароҳам омад, ба воситаи компютер нақшу нигорҳои гуногунро гирифта, дар сатҳи қолини дастӣ, тасвири манзараҳои дилпазири Тоҷикистонро эҷод намоям, - мегӯяд Муҳаббат.
Бале, қолинҳое, ки ӯ омода месозад, басо ҷолиб буда, табиати зебою дилорои кишвари афсонавиамонро таҷассум менамоянд.
Солҳои охир дар кишвар бахшида ба санаҳои гуногуни таърихӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабиниҳои гуногун доир мешаванд. Дар ҳар як чорабинӣ армуғонҳои омодасохтаи Муҳаббат гули сари сабади намоишҳост.
- Барои ҳунармандон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хеле саривақтӣ буд. Зеро ҳунарҳои аз хотирҳо фаромӯшшуда, гулдӯзиҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданду мардум боз бори дигар ба ҳунарҳои бобоӣ рӯ оварданд, - мегӯяд гулдӯзи моҳир.
Муҳаббат Раҳмонова барои меҳнати пурсамару эҷодкорона дар рушду нумӯи соҳаи саноати сабук бо ифтихорномаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сазовор гардидааст…
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
вилояти Суғд