Дидаед, ки касе гулро дӯст надорад? Шояд бошанд инсонҳое, ки ба офаридаҳои табиат чандон таваҷҷуҳ зоҳир намесозанд, аммо дилҳои пок ҳамеша дӯстдори зебоӣ буданду ҳастанд. Қувваи ҷозибаи гулҳои рангоранг ва ҳатто қақнус, ки фақат хор аст, бо накҳату тароват сангинтарин қалбро нарм, руҳи нооромро низ тасхир месозад ва инсонро ба лабханд водор менамояд. Гулҳо нозуктарин муъҷизаи табиату инсонанд ва танҳо шахсони ботаҳаммул ва нозбардор метавонанд дар парвариши онҳо муваффақ шаванд.
Вақте аз дарвозаи Кӯлоби бостон вориди шаҳр мешавед, нахустин маркази гулфурӯшии қади роҳ бо накҳату зебоияш чашм мерабояд. Соҳиби мағозаи гулфурӯшӣ Гулрафтор Шарифова аст, ки мардум ӯро бо унвони Гули Кӯлоб мешиносанд. Мисли гул рафтору гуфтори латиф дорад. Номаш низ ба шахсияту фаъолияташ зебанда. Соҳибкори муваффақест, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ ба орзуҳои зеботарини кӯдакиаш расидааст.
Аз хурдӣ ба ҳама гулу гиёҳ, махсусан атргулҳо муҳаббати зиёд дошт. Аз ҳар куҷо қуттиҳо ҷамъ меоварду дар онҳо гул мешинонду парвариш мекард. Вақти холии худро ба гулҳояш мебахшид ва ҳамеша қаҳрамони бозию нағмаҳои маъсумонааш ҳам гулҳо буданд. Он рӯзҳои хуррами кӯдакиро Гулрафтор бо гултабассум ёд меорад:
- Ба хотири маро аз гулҳо дур намудан, корҳои сабуки хонаро бароям бисёр мефармуданд. Дар рафти иҷрои супоришҳо ва ҳини дарстайёркунӣ ҳатман аз гулҳоям хабар мегирифтам ва барояшон рози дил мегуфтам, - изҳор медорад гулпарвар.
Зебоиписандӣ ва гулпарварии Гулрафтор ба рафтору кирдораш низ беасар намонд. Дар мактаби миёна хушсухану меҳрубон ва ҳам сардори синф буду ҳам котиби ташкилоти ҷавонон. Синфхонаҳои мактабашонро бо гулҳояш оро медод. Ба фанни ботаника алоқаи бемаҳдуд дошт ва китоби дарсиашро варақ-варақ азёд медонист. Аз устодони ин фан дар бораи хусусиятҳои ҳар гулу гиёҳ мепурсиду дар лавҳи хотир нақш мебаст.
- Дар аввал маро фақат зебоии гулҳо мафтун мекард. Баъдтар, вақте ба Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шудам, ҳарчанд ихтисосам педагогика ва психология буд, ҳамеша аз устодони таҷрибадори илмҳои табиатшиносӣ ва китобҳои гуногун дар бораи хусусиятҳои шифобахшӣ ва тарзи парвариши хоси гулҳо маълумоти ҷолиб пайдо мекардам, – ба ёд меорад бонуи дарёдил.
Гулрафтор бо руҳи устувору талоши бисёр ва дастгириҳои оилаи меҳрубонаш тавонистааст дар гулпарварӣ дар Кӯлоб беҳамто бошад. Тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ бо гулҳои ӯ оро дода мешаванду қадам ба қадам дар ҳар ваҷаби гулгашту хиёбонҳои ин шаҳри озодагону зебописандон нақши дастони гулпарвараш ба назар мерасад.
- Вақте хостам дар шаҳр мағозаи фурӯши гулҳо бо гармхонаи гулпарварӣ таъсис диҳам, наздикон зид баромаданд ва ин корро сарфи беҳудаи вақту маблағ медонистанд. Ин орзуи ман бо Гранти президентӣ барои занони соҳибкор амалӣ гардид. Ман ҳамеша ба қувваи ҷозибаи зебоӣ ва руҳбахшии гулҳо бовар доштам. Дар давраҳои душвори бемории фарогири COVID-19 ҳамин мағозаву гулзори боғчаи он буд, ки моро шавқи зистан мебахшиду аҳли хонавода аз хатари вирус эмин мондем.
Ӯ ба ҷуз гулпарварӣ дар замини наздиҳавлигии худ гармхона сохта, дар як сол аз 12 садяк замин то чор ҳосил мерӯёнад ва бо маҳсулоти тару тозаи сабзавот, аз қабили помидору бодиринг ва кабудӣ дар таъмини озуқаворӣ саҳм мегузорад. Дар ду гармхона гулҳои мавсимиро парвариш мекунаду дар ду гармхонаи дигар дастаҷамъона заҳмат мекашанд ва бо тақозои меҳнат занони хонашинро низ ба кор ҷалб менамояд. Ҳамчунин, аз меваҳои дарахтони ҳота дар фасли тобистон нӯшобаву ширинӣ ва шарбатҳои гуногун тайёр мекунанд. Заҳмат мекашанд ва ба подоши он шоиста зиндагӣ доранд.
- Бисёр мешунавам, ки баъзеҳо шикоят аз тангии рӯзгор мекунанд. Бо нишастану шиква намудан кор пеш намеравад. Шахс, агар бо дилу нияти пок дастбакор бошад, ризқашро аз як ваҷаб замин метавонад пайдо созад. Дар заминҳое, ки дар ихтиёр дорем, дар мавсими баҳор боимҷону помидор ва ниёзбӯву карам мепарварем. Дар фасли баҳор аллакай ҳосили якумро ба бозор бароварда, бодирингҳоеро, ки тухмашро пешакӣ дар қуттичаҳо мешинонем, дар байни ҳар ниҳолак кӯчат мекунем. То калон шудани ниҳоли бодиринг ниҳоли хушкшудаи сабзавоти баҳориро канда, помидорро аз каланд мебарорем. Аз ҳосили сеюм барои зимистон консервҳои гуногун, аз қабили шакароб, афшураи помидор ва хӯришҳои гуногун захира мекунем. Дар охири моҳи сентябр то охири зимистон дар ҳамон гармхонаҳо кабудӣ мерӯёнем, ки даромади солонаамон танҳо аз кори деҳқонӣ то 50 - 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, - мегӯяд бонуи заҳматқарин.
Гулҳои рангоранги солонаю мавсимӣ ба Гулрафтор таровату ҷавонӣ бахшидаанд. Ба як назар ӯ ҳанӯз бонуи наврӯзгору зеборо мемонад. Дар асл чор фарзандро ба камол расондаву соҳиби маълумоти олӣ ва оилаҳои намунавӣ намудааст. Фарзандон, дар баробари фаъолияти ҷамъиятӣ, ба волидон дар кишти зироатҳо ёрӣ мерасонанд ва аз натиҷаи кори худ қаноатманданд.
Дунёи ин бонуи пешдасти соҳибкор бо гулҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дастагулҳояшро мизоҷон ҳафтаҳо нигаҳ медоранд. Гулпарвар бошад ҳам, беҳтарин туҳфа барояш гул асту дастони навозишгараш гулҳои пажмурдаро низ ҷони дубора мебахшанд.
Мафтунаи ҚОСИМ,
Душанбе - Кӯлоб – Душанбе