Ҷилваи рангҳо ва пироҳани зебои чакан дар тамоми ҷашну маросимҳо диққати атрофиёнро ҷалб месозад. Чакан, ки қадимтарин мероси фарҳангии аҷдодони мост, аз баланд рафтани мавқеи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ бори дигар дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт. Ҷаҳониён ба чашми ҳайрат мафтуни эъҷози дасти ҳунармандони чакандӯзи тоҷик мешаванду бо диққати хос ҳар риштаву ҳар нақшро ташхис медиҳанд. Ҷашну маросимҳо ва базму сурҳо низ бо ҳузури бонувони чаканпӯш таровату ҷаззобияти бештар касб кардаанд. Тарроҳон дар офаридани либосҳои зеботар байни ҳам сабқат меварзанду ҳар кадоме бо тахайюлоти рангини хеш дар густариши ин фарҳанги миллӣ саҳм мегирад. Махсусан бонувон бо талоши дучанд дар роҳи эҳёву парвариши анъанаҳои миллӣ нақши бориз доранд. Дар дурдасттарин гӯшаҳои кишвар духтарон орзуҳои хешро дар рӯйи матоъ қалам мезананд ва бо риштаҳои рангоранг зебоӣ меофаранд.
Дар Кӯлоби бостон, ки маркази асосии рушди ин ҳунари миллист, аз даврони қадим қариб тамоми бонувон санъати гулдӯзиро баладанд. Насли ҷавон аз модару модаркалон ин ҳунарро омӯхта, мисли онҳо танҳо ба хотири бекор нанишастан нақшдӯзӣ мекарданд. Ҳунармандони мумтоз бе таманнои ҷоҳу ҷалол, бе орзуи шуҳрату сарват заҳмат мекашиданду аз тасвирҳои офаридаи худ лаззат мебурданд. Бештар тоқиву болин ва либоси арӯсиро гулдӯзӣ мекарданд. Дар асри гузашта ҳунарварони чирадаст кам набуданд, аммо ҳунарашон дар доираи хонаводаву маҳал маҳдуд монда буд.
Дар давраи тиллоии таърихи тоҷик-расидан ба истиқлоли сиёсиву фикрӣ ҳунари чакандӯзӣ низ чун дигар мероси ниёгон вусъати тоза ёфт. Арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ дар интихоби либос низ таъсири судманд гузошт. Чакан бо таърихи ниҳоят қадимии худ ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад. Хушбахтона, моҳи ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир шуд, номинаи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ҷаласаи мазкур беш аз 800 нафар намоянда аз 120 давлати дунё иштирок дошт, ки аксарияти онҳо номинаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дар замони Истиқлоли давлатӣ ин падида ҳамчун дастоварди бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофари дорои таърихи куҳан ва фарҳангу адабиёти бою ғанӣ пазироӣ намуданд.
Олимону бостоншиносон дар гулдӯзиҳо беш аз 700 намуди нақшу нигорро муайян намудаанд. Чакан ё кашидадӯзиҳои кӯҳистонӣ бештар мазмуни бадеӣ доранд. Дар кӯҳистон пироҳани чакан хеле васеъ ва доманкушод омода карда мешавад, ки аз китф то домани пироҳан ва то домани остин пур аз нақшҳои ислимӣ, яъне нақшҳои гулу рустаниву набототи гуногунранг, ба монанди аштақ, косагул, барг, баргак, себарга, зулфи печон, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак ва ғайра сабк шудаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон арӯсе нест, ки дар қатори либосҳояш куртаи чакану адрасу атлас надошта бошад. На танҳо арӯсон, балки тамоми бонувони тоҷик мувофиқи табъи худ аз нақшдӯзӣ пероҳан доранду тарроҳони чирадаст бо пайванд додани суннати гулдӯзӣ ва либосҳои замони муосир пираҳанҳои шинаму назаррабо омода месозанд. Махсусан бонуҳои қавииродаву чашмикордон дар тарғиби чакан ва офаридаҳои худ муваффақанд. Дар сафари деринтизор ба шаҳри бостонии Кӯлоб бо бонуе дидору суҳбат доштем, ки дар чакандӯзӣ номвар асту маҳбуб.
Мавлуда Сафарова ҳунармандест, ки бо муҳаббати беандоза ба нақшу нигори миллӣ ва эҳёи фарҳанги гулдӯзӣ барои таъсис додани маркази либосҳои миллӣ азми қатъӣ дошт. Ҳарчанд хатмкардаи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо дипломи аъло буд, меҳри чакандӯзӣ дар дилаш бештар туғён мезад. Худ ки ҳунарманди мумтоз аст ва нақши дас¬тонаш талабгорони зиёд дорад, бонувони ҳунармандро, ки дар паси пардаҳои зиндагӣ монда буданд, ба ҳам овард ва мактаби хурди чакандӯзиро дар назди Маркази либосҳои миллии шаҳри Кӯлоб созмон дод. Мавлуда муштариёни зиёд дораду маҳсули дастонаш на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми Тоҷикистону гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон дастраси дӯстдорони чакани тоҷикӣ гаштаанд.
- Дар чакандӯзӣ ва таҳияи либосҳои гуногун бо нақшу нигори миллӣ хаста намешавам. Матову риштаҳои баландсифатро аз хориҷи кишвар дастрас мекунам ва мувофиқи талаби муштариён пираҳанҳои нозанину баландсифатро ҳамроҳи кормандонам таҳия менамоем. Қаламкашону нақшдӯзон ва дӯзандагони гулдастро аз ҳар гӯшаи шаҳри азизам ба ҳам овардам, то ҳунарашон на танҳо барои пайвандон, балки бо даромади хуб барояшон хизмат кунад. Шукр, ки то ҳол ягон нафар аз либоси таҳиянамудаамон шиква накардаст ва мо низ бо дили пур ва шавқи дучанд аз сипоси онҳо фаъолиятро пеш мебарем, - мегӯяд Мавлудабону.
- Ман ин пираҳани зебои аврупоиро бо нақшу нигори миллии чакан қариб 6 сол аст, ки дар бар дорам. Чандин маротиба ҳам дастиву ҳам бо мошини ҷомашӯӣ шустаам, вале зебоияш коста нагаштааст. Ҳатто ҳини озурдадилӣ низ ҳамин ҷомаи нақшини худро ба бар карда, дар пеши оина руҳи хешро болида месозам ва аз тамошои гулҳову муҳраҳои ҷилодораш, ки зеботар аз гулҳои гулистонанд, лаззат мебарам, - иброз медорад муштарие, ки борҳо аз Мавлудабону либоси чакан фармоиш додаасту ба дӯстони хориҷии худ ҳадия кардааст.
Хурсандибахш аст, ки чакани мо марзҳоро убур ва диққати хориҷиёнро ҷалб намудааст. Тоҷикон аз қадим анъанаву суннатҳои аҷдодиро дар замири худ мепарвариданд ва имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон худро чун таблиғгари арзишҳои башардӯстона машҳур гардондааст.
М. НАЗИРОВА,
Душанбе – Кӯлоб - Душанбе