Рӯзгор ашхосеро чун дурдонаҳои пурҷило ба мардум эҳдо менамояд, то бо поктинатӣ ва озодагӣ ба ҳаёти дигарон сафову рӯшанӣ оранду афкори неку созандаро дар мағз андар мағзи фарзандону шогирдон мақом диҳанд ва роҳи онҳоро сӯи фардои некфарҷом нур бахшанд.
Руъё кай медонист, ки фироқи абадӣ бо қиблагоҳ чӣ дардҳои миёншикан дорад, хосса барои яккадухтаре, ки миёни панҷ бародар бузург шудаву аз падари хирадманду некрояш ҳикмату андарзи зиндагӣ андӯхтааст.
Ҷони падар
Падари Руъё - Сафар Маҳмудов, полковники Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чун намояндаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 5 сол фаъолият дошт, дар ташаккулёбии шахсияти ҷигарбандаш саҳми бориз гузошт. Мавсуф соле чанд дар давлати ҳамҷавор – Афғонистон дар сафари хидматӣ буд.
Сафар Маҳмудов, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз таъриху адабиёти тоҷик огаҳии хуб дошту бо бедории миллӣ табъи шоириаш буруз мекард. Панҷ китоб - «Паргор», «Ангор», «Ангораҳои ориё», «Ҳафт тилисм» ва «10-солагии Артиши миллии Тоҷикистон»-ро таълиф намуду дар Вазорати мудофиа амрҳои сафороиро аз русӣ равону шево ба тоҷикӣ баргардонд.
Ба Руъё падар ҳамвора панд медод, ки паси молу шуҳрат нарав, бигзор молу шуҳрат туро дунболгир бошанду ба давлату миллат содиқ мон.
- Маънии гуфтаҳои падарро акнун дарёфтам ва ба он мувофиқам, ки вақте кас дар раҳи рост асту аз бадиҳо дур, ба заҳмат қарину дар рушду ташаккули худ дар талош, эътибору обру худ ба пешвози шахс меомадаанд. Агарчи қиблагоҳам ҳоло миёни мо нестанд, хаёлам, ки тавонистанд нишоне аз худ монанду заррае ҳам бошад, ба халқу Ватан хидмат намоянд, - изҳор дошт Маҳмудзода Руъё Сафарӣ, ки ҳоло ҳамчун мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲ Д-и шаҳри Кӯлоб фаъолият дорад.
Ташаббусҳо
Ҳини суҳбат дарёфтам, ки ғурури миллиаш волосту аз таъриху фарҳанг, аз забону адабиёти пурғановат бо ҳарорат ҳарф мегӯяд, нақшаву ниятҳои навро тарҳрезӣ менамояд, ташаббускор асту фаъолу пайи ҷустуҷӯву такопӯ. Баҳри иҷрои вазифа соли 2023 аз ҳисоби бонувони фаъоли шаҳри Кӯлоб 17 гурӯҳ таъсис дода, аз Шурои занони шаҳр дунафариро ба ин гурӯҳҳо вобаста намуд, ки ин бонувони фаъоли касбу кори гуногун, аз мақомоти милитсия, суду прокуратура, бахши дин, раисони маҳалла ва ҷамоатҳо, директорони мактабҳо ва ғайра, ки ҳар кадоме дар гурӯҳҳо 7-нафариро ташкил дода, миёни бонувони шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ӯ мекӯшад, ки чунин вохӯриҳо дар маҳаллаҳо низ бештар доир гарданд. Ният дорад, ки аз ҳисоби бонувони фаъоли маҳаллаҳои шаҳр, донишҷӯён, омӯзгорон ва директорони мактабҳо 100 гурӯҳи дигар созмон диҳад. Ҳатто корҳои фаҳмондадиҳиро дар муассисаҳои томактабӣ низ ба роҳ монда, бо мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳо ҳамкориро дар ин самт тақвият бахшад.
- Аз қонун ҳамоне наметарсад, ки аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор нест. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бамаврид ва саривақтист, зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси хирадманду дурбинанд ва медонанд, ки бо баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон метавон пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифт. Мо низ тасмим гирифтаем, ки имсол ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва молиявии бонувон талош варзем ва дар фуроварди соли 2024 натиҷаҳои хуб нишон диҳем, - изҳор намуд Руъёбону.
Бо мусоидати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки бо шарикони рушд ҳамкориҳои зиёд дорад, тасмим гирифтааст, барои дастгирии бонувони ҳунарманд теъдоди мошинҳои дарздӯзиро биафзояд.
- Чаро маҳз дӯзандагӣ? Ин ҷо се ҷанбаро ба инобат гирифтаем - талаботи бозор, яъне либоси миллӣ дар шаҳр харидорони зиёд дорад. Дувум, бархе мардҳо сарфи назар аз он, ки даромади кам доранд, садди роҳи фаъолияти ҳамсарони худ дар коргоҳу муассисаҳо мешаванд. Барои хароб нашудани муносибатҳои оилавӣ тасмим гирифтем, ки ба чунин бонувон мошинҳои дарздӯзӣ диҳем, то дар хона дӯзандагӣ карда, аз ин ҳисоб сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд. Савум, оилаҳои фарзанди маъюбдошта имкони дар коргоҳҳо фаъолият карданро надоранд ва бо дастрасии мошин метавонанд дар зистгоҳ ҳам суде ба даст оваранд. Ё бонувоне ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун фарзандонро наметавонанд ба кӯдакистон баранд. Бо шуғли дӯзандагӣ ҳам даромад меёбанд ва ҳам фарзандонро нигоҳубин мекунанд. Шарикони рушд пешниҳоди моро пазируфтанд ва имсол ният дорем, ки ин лоиҳаро амалӣ намоем, - тазаккур бидод Руъё.
Ҳунар зар
Яке аз конҳои пурганҷ ҳунари миллӣ ба шумор меравад. Шаҳри Кӯлоб бо ҳунармандони чирадасти худ овозадор буда, заргариву оҳангарӣ, чакандӯзӣ, таҳияи ғизоҳои милливу намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва дигар ҳунарҳо ривоҷ ёфтаанд. Руъё барои эҳё ва рушди ҳунарҳои қадим миёни бонувон корҳои назаррас анҷом дода, ҳоло дар баробари фаъолият ба таҳияи китоби «Ошхонаи миллии тоҷик» масруф аст. Дар китоб номгӯи 37 намуди нон, 23 навъи субҳона, анвои гуногуни ширинӣ, хӯришҳо, таомҳои якуму дувум ва дигар ғизоҳои мардуми Кӯлобу гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистонро гирд оварда, тарзи таҳияи онҳоро низ пешниҳод карданист. Ғизоҳоро дар мавзеъҳои сайёҳии чор минтақаи Тоҷикистон – ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пухта, акс ва ба навор гирифтанист, то дар баробари ғизоҳои миллӣ маконҳои сайёҳии Тоҷикистон низ муаррифӣ шаванд. Бо навиштани таркиби ғизоҳо, дар кадом мавсим истеъмол фармудани онҳо низ дар китоб дарҷ мегардад. Ӯ ният дорад, ки китоб ва наворҳоро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намояд.
- Бонувони мо 37 намуди нони танӯриро дар сатҳи олӣ мепазанд. Чакандӯзӣ бошад, хеле ривоҷ дорад ва аз гӯшаву канори мамлакат унвонии ҳунармандони асили чакандӯзи шаҳри Кӯлоб фармоишҳо хеле зиёд меоянд. Махсусан раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода нисбат ба бонувони шаҳр ғамхории зиёд зоҳир намуда, рушди ҳунармандиро миёни онҳо дастгирӣ мекунад. Бонувон грантҳои президентӣ ва раиси вилояти Хатлонро ба даст оварда, коргоҳҳои ҳунармандӣ созмон медиҳанд ва бонувони хонашинро ба кор ҷалб менамоянд. Мехоҳем, ки ҳунарҳои мардумии минтақа барои ҳама дастрас бошад. Нонпазҳои номии шаҳри Кӯлоб дар пойтахт низ фаъолият намоянду ба насли ҷавон ин ҳунарҳои аҷдодиро омӯзонанд. Ошхонаи миллии мо хеле бою рангин аст ва бояд онро бештар муаррифӣ ва тарғиб намоем. Мехоҳем, ки ҳаводорони ғизоҳои тоҷикӣ аз ҳар минтақаи Тоҷикистон онҳоро дастрас карда тавонанд, - изҳор намуд Руъё.
Ин бонуи ташаббускор ғайр аз эҳё кардани беш аз 30 навъи нонпазӣ дар шаҳр боз 4 - 5 навъи нонро, ки маҳсули эҷоди худи ӯст, ба бонувони нонпази шаҳр омӯзондааст. Худ низ ҳунари кадбонугиро хуб балад буда, ба ҷавондухтарони шаҳр талқин менамояд, ки ин ҳунар як рукни фарҳанги миллисту мебояд онро равнақ дода, ба ояндагон ба мерос гузошт.
Дурри ноёб
Руъё хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ҳоло унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакист ва дар мавзуи «Проблемаҳои дурнамои рушди низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дар партави ҷаҳонишавии ҳуқуқӣ» рисолаи илмӣ менависад.
Ӯ фарзанди содиқи хонавода аст. Миёни панҷ бародар, ки ҳар кадоме дар самте муваффақ аст, хоҳари дӯстдоштаву маҳбуби дили модар. Зуҳури муҳаббат ба модаронро чун алам болои сар мепарафшонад, гарм аз модарон мегӯяд.
- Қаҳрамони асосии пушти пардаи саҳнаи зиндагии ҳар қаҳрамон модар аст. Бузургони мо, ки аҳли дунё эътироф намудаанд, тимсоли алмос ва марворидҳои осмони тамаддуни башаранд, зода ва парвардаи домони модари тоҷик мебошанд, - бо ҳарорат иброз медорад ӯ.
Руъё Маҳмудзода на аз олами руъёҳост. Бонуест, ки аз ҳуҷранишинӣ дида, миёни мардум буданро авло медонад, азми қавию иродаи матинаш ҳамвора ӯро баҳри амалисозии вазифаҳои ба уҳдадоштааш равон месозад. Тимсоли боғбони заҳматкаш ба ниҳолакони боғи мурод оби ҳаёт мебахшад, то самари арақи ҷабинаш хубу ҳосилхез ояду киштаҳову сариштаҳои умраш дунёи дигаронро рангу тароват бахшад.
Ситора АШӮРОВА