Мусоҳибаи вижа бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки мо бояд ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем ва дар миёни онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем. Мегуфтед, ки аз ҷониби Вазорат дар соли равон баҳри тарғиби либосҳои миллӣ миёни бонувон чӣ чораҳо андешида шуданд?
- Либоси миллии тоҷикӣ ифодагари назокату малоҳати бонуи тоҷик буда, дар ақсои олам маҳз бо атласу адрас ва чакан симои занҳои тоҷик мондагор мебошад. Мутаассифона, на ҳама ба қадри либоси миллӣ мерасем. Солҳои охир бонувоне, ки ба либоспӯшии бегонагон тақлиди беҷо месозанд, зиёд ба мушоҳида мерасад. Борҳо таъкид шуд, ки ҳиҷобу сатр ва либосҳои тангу сӯрохдоре, ки зани тоҷик ба бар мекунад, хоси миллати мо нест. Аҷиб он аст, ки либосҳои миллии моро кишварҳои дигар аз худ менамоянд, вале қисме аз мардум ба ин масъала бепарво буда, баҳри таблиғи либосҳои миллии тоҷикона намекӯшанд. Таблиғу ташвиқи фарҳанги миллӣ, суннату оинҳои аҷдодӣ вазифаи муқаддас, қарзи виҷдонию инсонии ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст. Аз ҷониби Вазорати фарҳанг «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр шуда буд, ки баҳри ташвиқу тарғиби анъанаҳои миллии либоспӯшии тоҷикона василаи хубе гардид. Он хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ роҳандозӣ шудааст. Инчунин, ҳангоми баргузории озмунҳои гуногун, аз қабили «Андалеб», «Сад ранги чакан», «Рақс моро муттаҳид мекунад» ва ғайра ба номинатсияи «Намоиши либосҳои миллӣ» афзалият дода мешавад…
Сар аз соли 2007 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ЮНЕСКО фарҳанги миллӣ ва суннатҳои ниёкони мо шомил шуданд. Аз онҳо ёдовар мешудед.
- Маҳз ба шарофати истиқлоли комили сиёсӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати муаррифӣ ва таблиғи фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ корҳои зиёде ба сомон расиданд. То ба имрӯз 7 унсури фарҳанги суннатӣ – «Шашмақом» (2007), «Наврӯз», «Оши палов» (2016), «Санъати гулдӯзии чакан» (2018), «Фалак» (2021), «Пиллапарварӣ», «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» (2022) ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шудаанд. «Оши палов» ва «Чакан» номинатсияҳои мустақили миллӣ ба шумор мераванд ва панҷ номинатсияҳои боқӣ муштарак мебошанд.
6-уми декабри соли равон зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада», номинаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Туркия «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таъсис додани дуконҳои китобфурӯшӣ ва растаҳои ҳунармандон оё имконпазир аст?
- Дар аксар манотиқи кишвар дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дуконҳои китобфурӯшӣ аллакай фаъолият доранд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 27 мағозаи фурӯши китоб мавҷуд аст. Дар даромадгоҳу наздикии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, шаҳрҳои Исфара, Истиқлол, Хоруғ 2 растаи ҳунармандон, 2 мағозаи армуғон ва 2 мағозаи китобфурӯшӣ мавҷуданд. Бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои барномаҳои соҳавӣ Вазорат дар ин самт корбарӣ намуда истодааст.
Пайваста доир намудани намоиш ва фурӯши китобҳо аз ҷониби муассисаҳои нашриявии Вазорат дар марказҳову боғҳои фарҳангии манотиқи гуногун ва ташкили фестивалҳо бо иштироки ҳунармандон тақвияти гуфтаҳои болост.
Барои омода намудани кадрҳои баландихтисос дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ чӣ тадбирҳо андешида шуданд ва ҷалби бонувон дар ин самт чӣ гуна аст?
Вазорат дар доираи «Барномаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи ихтисосҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятнок ҷиҳати зиёд намудани квота барои таҳсил дар макотиби олии соҳаи фарҳангу ҳунари хориҷӣ, инчунин вобаста ба танзими масъалаи фиристодани донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар дар доираи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бурсияҳои таълимӣ тадбирҳо андешида истодааст.
Ҷиҳати омода намудани ихтисосҳои ҳунарпешагон, коргардонҳо, равшанидиҳан¬дагон, пардозгарон, декораторон, либосдӯзон, рассомон, кормандони тақвияти овоз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ нақши муҳим доранд. Дар тобеияти Вазорат 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи мусиқӣ фаъолият менамояд. Ҳайати устодон ва кормандони муассисаҳои таълимии соҳа 1971 нафар ва шумораи донишҷӯёну хонандагон 5973 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шуъбаи магистратура ва театр-студияи таълимӣ таъсис дода шудааст, ки донишҷӯён аз устодони варзида донишҳои назариявӣ ва амалӣ мегиранд. Имсол шаш нафар Донишкадаи мазкурро хатм ва соҳибихтисос шуда, ба театрҳои мамлакат ҳамчун коргардон-таҳиягар ба кор ҷалб гардид.
Дар театрҳои касбии пойтахт ва музофотҳо дар баробари ҷавонписарон духтарону бонувон низ ба фаъолияти пурсамару масъулиятнок – нақшофарӣ, ёвари коргардон, пардозгарон, тарроҳон машғул буда, ҳамзамон вазифаҳои роҳбарикунандаро низ бар дӯш доранд. Бо ифтихор метавон исми Нигина Раҷабова, Зулфия Содиқова, Зулайхо Носирова, Мунира Дадаева, Рима Уланова ва дигаронро ба забон овард, ки дар театрҳо ҳамчун коргардон намоишҳоро саҳнавӣ гардондаанд. Пас, метавон хулоса кард, ки саҳми бонувон низ дар самти рушди театри касбии кишвар назаррас аст. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои фарҳанг аз ҳисоби бонувон кадрҳои лаёқатманд бо кӯшишу заҳмати қавӣ фаъолият доранд, ки 43,4 дарсадро ташкил менамоянд.
Ҳамкориҳои хориҷии муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг соли равон чӣ натиҷаҳо доданд?
- Муассисаҳои таълимии Вазорат бо 50 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Арманистон ва Словакия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, раванди корҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондаанд. Имсол 23 нафар донишҷӯ дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуда, бо диплому ифтихорномаҳо қадр шуд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии соҳавӣ 77 нафар донишҷӯ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар ҳамин раванд бо ибтикори Вазорат моҳи сентябри соли ҷорӣ 6 нафар довталаб ба Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Тошкент аз рӯи равияи сарояндагӣ, навозандагии асбобҳои мусиқӣ ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Дар соли равон оё сафарҳои ҳунарии аҳли эҷоди театрҳо ва муассисаҳои консертӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар сурат гирифтанд?
- Театрҳои кишвар соли равон дар 6 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар 25-умин Фестивали байналмилалии театрҳои русӣ «Встречи в России» дар шаҳри Санкт-Петербург ва Фестивали 1-уми байналмилалии санъати театрии «Евразия» дар шаҳри Тошкент, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода дар 110-солагии устоди рақси Ӯзбекистон Мукаррам Турғунбоева дар шаҳри Тошкент ва Фестивали байналмилалии рақс ва фолклори «Аваза» дар Туркманистон, Ансамбли рақсии «Чаман»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бо намоиши «Зан ва дузд» ба ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ, Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши нави «Найрангбози доно»-и Ш. Қиёмовро дар таҳияи З.Ҷаводов саҳнавӣ намуда, ба шаҳрҳои Истаравшан, Бохтар, ноҳияҳои Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов намоиши «Ношинос-32»-и В. Зайкинро дар таҳияи Қ. Мирзоев рӯйи саҳна оварда, ба минтақаи Кӯлоб ва Бохтар, ҳамчунин ба ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшон сафарҳои ҳунарии театрро ташкил намуда, ба мардум намоишҳои ҷолибро пешкаш карданд.
Дар давоми соли ҷорӣ ҳунарпешаҳо ва гурӯҳҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев дар 38 чорабинӣ бахшида ба ҷашнҳои таърихию миллӣ иштирок намуда, ба ноҳияҳои ВМКБ, Панҷ, Рашт, Нуробод ва шаҳри Сарбанд сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Инчунин, ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо ҳамтоёни хориҷӣ моҳи январ сафари ҳунарии гурӯҳи сирки Федератсияи Россияро ташкил ва шоу-барномаи онҳо таҳти унвони «Покарившее мир» манзури ҳаводорони санъати сиркӣ гардонда, ҳайати эҷодии муассиса ба шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Фархор сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Таманниёти солинавии Шумо ба хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»
- Аз номи аҳли фарҳанг ҳаводорони маҷал¬лаи бонуфузи кишвар «Бонувони Тоҷикистон»-ро бо фарорасии Соли нави милодии 2024 муборакбод менамоям.
Ба тамоми кормандону ихлосмандон ва аҳли хонадонашон саломатии бардавом, бахту иқболи баланд, хушиҳои зиндагӣ ва дар адои вазифаи пурмасъулият комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Бовар дорем, ки Соли нави 2024 барои мардуми соҳибиқболи Тоҷикистони азиз давраи фаромӯшнашаванда, айёми орзуҳову иқдоми нек, амалӣ гардидани вазифаҳои афзалиятнок ва бобарор мегардад.
«Бонувони Тоҷикистон»