Бонуи ҳунар Сайрам Исоева яке аз истеъдодҳои нодири театри тоҷик маҳсуб ёфта, туфайли санъати волои худ ба дилу дидаи ҳаводорони хеш ҳамчун Гурдофарид, Робия, Нодира, Томирис, Заррема, Аза ва Мирандолина нақши муассир гузоштааст.
Пайғоми неки навбатӣ мухлисони ӯро хеле ба ваҷд овард. Дар синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе -«Тоҷи Сомон» ба Сайрам Исоева ҷоизаи махсуси шаҳрдори шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим гардид. Ҳини суҳбат маликаи саҳна изҳор намуд, ки ин ҷоиза на танҳо пазируфтани ҳунару истеъдоди банда, балки тамоми ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ аст…
Маликаи саҳна Сайрам Исоева тули фаъолият дар санъати театрӣ беш аз 200 нақш офаридааст, ки қисми зиёди онҳо марказӣ аст. Ӯ дар намоиши «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода аввалин маротиба нақши холаи Зиёдаро хеле моҳирона иҷро намудааст. Баъдтар Нозӣ («Ҷанги тан ба тан»-и М. Байҷиев), Таҳмина («Зафар»-и М.Ҳакимова), Хосият («Хонаи умед»), Латофат («Супориши ЧК») ва Гулрӯ (Сарнавишти ишқ»-и А. Сиддиқ), Шаҳло («Шаҳло»-и Аминҷон Шукӯҳӣ), Соттӣ («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад) ва чанде дигарро бозидааст, ки дар ёди тамошобинон нақши носутурданӣ гузоштаанд.
Нақшҳои офаридаи Сайрамбону ӯро ҳамчун ҳунарманди бомаҳорат, нозукбин ва соҳибистеъдоди саҳна ба мардум, алалхусус ба мухлисонаш наздиктар сохтааст. Санъати синамо барои ӯ олами дигар аст. Майдони васеи ҳунарофарӣ имкон дод, ки хурдтарин нозукиҳои нақшашро ҳаққонӣ, реалӣ ва табиӣ бозад
Нақши Гурдофарид (аз филми «Рустам ва Суҳроб», таҳиягар Борис Кимёгаров) зуд ба дили мухлисонаш роҳ ёфт ва дар ҳаёти ҳунарпеша Сайрам Исоева воқеаи нав гашта, он пешравӣ ва паҳлуҳои нави маҳорати ӯро дар ҷодаи нақшофарӣ ошкор сохт.
НАҚШҲОИ ҶОВИДОНА
Сайрам Исоева бо киностудияҳои «Тоҷикфилм», «Ӯзбекфилм» ва ғайра ҳамкорӣ намуда, чандин нақшҳо, аз қабили Гулнор («Духтари сеюм»-и Анвар Тӯраев, 1969) Зумрад («Сирри оила», коргардон Валерий Аҳадов, 1983) Малика («Агар дӯст дорӣ», коргардон А.Қуддусов), Нодира («Танҳо миёни мардум», коргардон Комил Ёрматов)-ро офаридааст.
Барои инсон ҳар сол файзу баракати худро дорад. Соли 2021 дар шаҳри Брест Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиши «Хазони таги по»-ро дар таҳияи Сайрам Исоева дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Белая Вежа» ба намоиш гузошт.
Моҳи ноябри соли 2021 ӯ ҳамчун роҳбари ҳайати ҳунармандони синамои тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии «Дурдонаи шоҳроҳи Абрешим» таҳти шиори «Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт» дар шаҳри Тошканд ҳузур дошт. Дар ин ҷашнвора ҳунармандони кишварҳои гуногуни дунё, аз ҷумла Ҳиндустон, Тоҷикистон, Россия, Туркия, Қирғизистон ва, ҳамзамон, меҳмонон аз қитъаҳои Аврупову Амрико ширкат варзиданд. Шоёни таҳсин ва ифтихор аст, ки дар қатори ситораҳои рахшони синамои ҷаҳон шодравон Раҷ Капур, Никита Михалков, Нури Белге, Ҷейлон, Айтурган Темирова Сайрам Исоева аз беҳтаринҳо пазируфта шуданд. Аҳли синамои тоҷик чаҳор филм, аз ҷумла «Рустам ва Суҳроб»-и Борис Кимёгаровро пешниҳод намуд, ки Сайрам Исоева - бозигари нақши Гурдофарид дар сафи ахтарони синамои ҷаҳон бо маблағи пулӣ (20 ҳазор доллари ИМА) қадр шуд.
Домани 60 сол аст, ки ин бонуи ҳунар дар театру синамо чеҳраофарӣ менамояд. Заҳматҳояш дар ин ҷода бо ордену медалҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, Дӯстӣ, Барои меҳнати шоён, унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҷоизаи Аноҳито ва Иттифоқи арбобони театри ҷумҳурӣ сазовор шудааст. Академики Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуҷанд» мебошад.
Асарҳои таълифнамудаи Сайрам Исоева бо номҳои «Андешаҳо дар танҳоӣ» ва «Фарҳанги истилоҳоти театр» китоби рӯимизии дӯстдорони соҳаи фарҳанг ва театрҳои касбианд.
АЗ ОШЁНИ САНЪАТКОРОН
Сайрам Исоева дар хонадоне ба камол расидааст, ки сиришташон аз фарҳангу театр маншаъ мегирад. Ҳамсари ҳунарпеша, коргардони машҳури театр Ислом Саломов, духтари ҳунарманди ҷавону боистеъдод Саодат Саломова (равонаш шод бод) ва хоҳараш, бонуи беҳад номвару ҳунармандаш Марям Исоева ҳастанд, ки дар роҳи пурпечутоби санъат илҳомбахши ҳамдигаранд.
Бале, санъати ин оилаи санъаткоронро, истеъдоди нодирашонро дар кишвар ва берун аз он басо қадр менамоянд…
ДАР ХОТИМА
Бо Сайрам Исоева дар ҳуҷраи кориаш суҳбати самимӣ доштем. Ёди рӯзҳои гузашта, ёди Саодатҷон, хотираҳои некашро варақ гардонд. Дарк намудам, ки ин остонаи ҳунар барояш кошонаи пур аз меҳру муҳаббат ва ҳам ёдҳои ҷовидона аст.
Дар фуроварди суҳбат иброз дошт:
- Имрӯз, баъд аз он ки ҷоизаи шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалиро гирифтам, боз ҷавон шудам. Ин ҷоиза водор месозад, ки аз пайи ҷустуҷӯ шавам, фаъолияти пурсамар намоям, масъулияти зиёдро ба дӯш гирифта, сазовори ин боварӣ ва қадршиносӣ гардам.
Гули ҶАҲОН,
шаҳри Хуҷанд