Соли равон ба таъсисёбии Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 90 сол пур шуд. Соли 1933 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) аввалин китобхона дари худро ба рӯйи хонандагон боз кард. Нахустин китобдор Раҷабзода буд, ки исми ӯ дар ҳеҷ маъхаз боқӣ намондааст. Китобхона аз як хонаи похсагӣ ва каппае иборат буд. Хазинаи китобхона 3 ҳазор нусха китобро ташкил медод.
Бо таъсис ёфтани Нашриёти давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби чопи асарҳои устодон С. Айнӣ, А.Лоҳутӣ, П.Сулаймонӣ ва дигар адибони тоҷик теъдоди китобҳо бо забони тоҷикӣ афзуд. Баъдтар китобхона соҳиби бинои нав шуд. Соли 1973 кохи имрӯзаи Китобхонаи шаҳрии ба номи устод А. Лоҳутӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт.
Хазинаи китобхона алҳол бо шуъбаҳое, ки дар навоҳии пойтахт дорад, беш аз ним миллион ададро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, форсӣ ва ғайраҳо ташкил медиҳад. Китобхона барои хидмати хуб баҳри баланд бардоштани маънавиёти аҳолӣ, хизматрасонӣ ба мардум бо ифтихорномаҳо ва унвони «Китобхонаи беҳтарини шаҳр» қадр гардидааст.
Тули 90 соли фаъолият китобхонаро нафарони зерин роҳбарӣ кардаанд: Раҷабзода (1933–1934), Удалова (1934–1940), Зингерс (1940–1945), Сперанская (1945–1965, Ҳаётов Аҳмад (1965–1987), Самиева Мавҷуда (1987), Холов Раҷабалӣ (1987–2003), Туфалонова Наботбегим (2003–2007), Имомов (2007–2012), Ҷумъаев Ҷумъа (2012–2015), Талбаков Абдуқодир (2015–2023). Аз марти соли 2023 Аббосалӣ Давлатов роҳбари китобхона аст.
• Бонуе – маслиҳатгари дилогоҳ
Дар Китобхона асосан бонувон дар пешрафти фарҳангу маърифати ҷомеа саҳми намоён доранд. Наботбегим Туфалонова ҳанӯз аз наврасӣ ба китобу китобхонӣ иртибот дошт. Ҳамин меҳр ӯро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард ва пас аз хатми он бо роҳхат дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ ба фаъолият пардохт.
Наботбегими ҷавон ифтихор дошт, ки дар як махзани маърифат фаъолият дорад. Ӯ худро чун мутахассиси ҷавону кордон нишон дод. Дар байни кормандон ва хонандагон обрӯманд шуд. Кормандон фаъолияти ташкилотчигии Наботбегим Туфалоноваро ба эътибор гирифта, соли 2003 роҳбари худ интихоб намуданд. Дар солҳои роҳбарии ӯ кори китобхона пеш рафт. Хазинааш ғанӣ шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, хосса аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобхона диққату ғамхории махсус зоҳир гардид, ки кормандони соҳаи китобдориро нисбат ба кор дилгарм кард.
Бо ташаббуси бону Наботбегим семинарҳо доир гаштанд, ки ба пешрафти кори кормандони китобхона ва ҳам филиалҳои он мусоидат намуд. Хазинаи китоб бо забони давлатӣ даҳчанд афзуд. Теъдоди хонандагон ва тақсимоти китобҳо низ боло рафт.
Китобдорони ин махзани маърифат ба хизматрасонии хонандагони доимӣ қаноат накарда, ба ташкили намоишҳои мавзуӣ, шаби саволу ҷавоб, гузарондани конфронси хонандагон, лексияю суҳбатҳо дар муассисаву коргоҳҳо шуғл варзиданд.
Гузарондани вохӯриҳо бо шоирону нависандагон, чеҳраҳои намоёни сиёсию фарҳангии кишвар дар китобхона ба ҳукми анъана даромад. Рӯнамоии китобҳои нав ба роҳ монда шуд. Муаллифони китобҳо бо хонандагон аз наздик суҳбат ороста, дар бораи эҷодиёти худ ва нақшаҳои ояндаашон гуфтанд.
Наботбегим Туфалонова баъди ба синни нафақа расидан, хост аз фаъолият канор равад, аммо аҳли кормандон бо ҳамраъйӣ ӯро барои идомаи кор талқин намуданд. Алҳол ҳамчун мушовири директори китобхона фаъолият дорад.
Дар семинару ҷаласаҳои маъмурият Наботбегим Туфалонова мунтазам дар бораи китобхонаи муосир, мақоми китобдор дар замони имрӯз баромадҳои судманду шавқовар ташкил менамояд. Дар фаъолияти китобхона изи дастони бо муҳаббат мураттаб сохтани китобҳоро мушоҳида кардан мумкин аст.
- Апаи Наботбегим сахтгир ва ҳамчунон меҳрубон аст, - мегӯяд мудири шуъбаи методии китобхона Маҳдия Ҳафизова. - Бисёр корҳоро аз ӯ омӯхтем ва имрӯз ҳам меомӯзем.
- Аз ҳақгӯйиву ҳақҷӯйии муаллим хушам меояд, – изҳор медорад корманди ҳамин шуъба Зулайхо Маҷидова. - Аз рӯи меҳр нимшӯхию нимҷиддӣ устодро «Хушдомани китобхона» мегӯем. Зеро, ҷояш ояд, ғамхорӣ мекунанд, агар саҳву хатое диданд, зуд аз пайи ислоҳашон мекӯшанд.
Аз Суқроти ҳаким пурсиданд: «Ба кадом кас унс гирифтан беҳтар аст?». Гуфт: «Ба одами оқилу дурандеш, донову нектадбир». Наботбегим Туфалонова аз зумраи чунин инсонҳои бозаковат аст, ки кас дидан замон бо ӯ зуд унс мегирад. Дар асоси машварату маслиҳатҳои муфидаш кор мегирад.
Шоҳҷони АБДУРАСУЛ,
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон