Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки аз ҷумлаи хуҷастатарин иқдомҳои Пешвои маҳбуби миллат аст, ҳамчун нури маърифат зиёбахшандаи дилҳои пиру барно гардид. Дурахши имсолаи чеҳраҳои муваффақи ин Озмуни пурфурӯғ тантанаи донишу маърифат буд.
Дар даври ниҳоии Озмун 528 нафар довталаб аз рӯйи 6 номинатсия – адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва наср миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1 - 4), хонандагони МТМУ (синфҳои 5 - 11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10 - 11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Шукрона Тоҳирӣ, донишҷӯйи соли сеюми риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо дониши мукаммал ва мутолааи васеъ аз бахши хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосир ҷойи аввалро касб кард ва барои дарёфти Шоҳҷоиза бо ҳозирҷавобии огоҳона ҳайати ҳакамонро тасхир карду сазовори ин ифтихори баланд гардид.
Шукрона, ки бо самимият дар бораи бардоштҳои хеш аз ин Озмуни фарогир мегӯяд, бо донишу заковати баланд дар дили аҳли маърифат барои хеш роҳ кушод.
- Ҳамеша орзуи Шоҳҷоизаи Озмунро доштам. Солҳои гузашта, ки ҷоизагирии барандагонро медидам, худро дар ҷойи онҳо тасаввур карда, руҳбаланд мешудам. Аз пайи расидан ба ин зеботарин ҳадафи ҷавонии худ зиёд мутолаа намудам ва ҳам соҳиби Шоҳҷоиза гардидаму ҳам соҳиби ганҷинаи бузурги маърифат, - иброз медорад ӯ.
Ҳанӯз донишҷӯйи соли аввал буд, ки бо чанд намуна шеъри шогирдонаи худ дар дафтари шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамаро ба ҳайрат гузошт ва бо муҳаббати беолоишу табассуми ширини кӯдакона пайванди ин даргоҳи маънӣ гашт.
Аз ғалабаи Шукрона ҳам хешу ҳам бегона, ҳам ғайру ҳам ошно ба ваҷд омаданд, зеро аз нахустин рӯзҳои баргузории Озмун талоши ӯро медиданд ва ба маҳораташ баҳои хуб медоданд. Аммо, барои ӯ на баҳои хуб, балки баҳои олӣ лозим буд. Аз ин рӯ, аз афтоданҳо натарсида, тули панҷ сол дар сабқат ширкат варзид ва ниҳоят барандаи мақоми баландтарини он гардид.
Пирӯзии Шукрона пирӯзии ирода ва азму талош буд. Иродаи мустаҳкам, ки дошт, аз нокомиҳояш дар давраҳои гузашта руҳафтода нашуда, бештар мутолаа намуд. Талош варзид, то барои худу ҳамсолон исбот намояд, ки шахс бо киштии донишу хиради воло ҳатман ба соҳили мурод мерасад.
Шукрона аз кӯдакӣ соҳиби истеъдодҳои гуногун аст. Чун қаҳрамонҳои осори хондааш дар ҳар самт мехоҳад муваффақ бошад. Ҳам шеър эҷод мекунаду ҳам дар телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» як муддат бахши барномаеро пеш бурдааст. Муҳимтар аз ҳама, ин гулдухтари хушрафтор руҳи шикастнопазир ва ҷуръати мардона дорад.