Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки ба таъбири шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор “Ватани бемаргист”, ҳудуди 80 бону зикр гардидааст. 41 нафари онҳо дар ин шоҳасар ба риштаи тасвир кашида шуда, боқӣ бидуни зикри ном ёдоварӣ шудаанд.
Аксари бонувони “Шоҳнома” аз тарафи муаллиф бо сифоте чун покизагӣ, покдоманӣ, фарзонагӣ, мардонагӣ, лашкаршиканӣ, ширинсуханӣ таҷассум ёфтаанд. Фирдавсӣ бонувонро ҳамчун модарони бузургтарин паҳлавонон ва шоҳони каёнӣ, размгарон, донишмандон, ва шаҳрофарону сулҳоварон тасвир менамояд ва бо зеботарин калимот онҳоро васф мекунад. Ному кори ин занон бо покройиву фарзонагӣ дар китобҳои таърихи бостон ва “Шоҳнома”-и безавол ҷовидон мондааст ва имрӯз низ ибратбахшу илҳомбахши инсонҳои огоҳ аз таъриху адаб аст.
Дар тули таърих ин номҳо он қадар маъмулу машҳур гардидаанд, ки истифодабарандагони имрӯз шояд сарчашмаи асосиро надонанд. Номҳои гӯшнавози Рӯдоба, Манижа, Таҳмина, Гулнор, Фарангис, Гурдофарид, Паризод, Ноҳид, Марям ва дигарон, ки дар асри худ маъруф буданд, имрӯз низ дар кӯчаву барзан шунида мешаванд. Дар чанд сатри фишурда хонандагонро бо машҳуртарин бонувони “Шоҳнома” ошно месозем:
Шаҳрнавоз - ҳамсари Фаридун, модари Салм ва Тӯр
Арнавоз - ҳамсари Фаридун, модари Эраҷ
Рӯдоба- духтари Меҳроби Кобулӣ, ҳамсари Золи зар, модари Рустам
Таҳмина - духтари шоҳи Самангон, ҳамсари Рустам, модари Суҳроб
Фарангис - духтари Афросиёб, ҳамсари Сиёвуш, модари Кайхусрав
Гурдофарид- духтари Гаждаҳам, яке аз марзбонони Ориёно, ки бо Суҳроб ҷангидааст
Гулшаҳр- ҳамсари Пирони Виса, аз бузургтарин занони Тӯронзамин
Гулнор- канизи Ардавон, ки бо хиёнати ӯ подшоҳии Ашкониён фурӯ рехт Манижа- духтари Афросиёб, ҳамсари Бежан, ки дар “Шоҳнома” достоне бо номи “Бежан ва Манижа” вуҷуд дорад.
Ноҳид - духтари Файлақус (Филипп), ҳамсари Доро, модари Искандар Дар бораи корнамоӣ ва зиндагии ин бонувон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ абёти дилнишин омадаасту шоҳномашиносон ва пажӯҳишгарон дар бораи мавқеи бонувон дар “Шоҳнома” тадқиқоти зиёдеро анҷом додаанд.
Имрӯз низ ин номҳои қаҳрамонзанонро мардум бо умеду ниятҳои бузург ба навзодон мегузоранд, то номи некашон ба ин фарзандон бахту иқбол ва комгориву муваффақият орад.
Мафтуна НАЗИРОВА