15 сол аст, ки Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» шабонарӯз 24 соат, бе таваққуф бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ пахш менамояд.
МД «Ҷаҳоннамо» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2008 таъсис ёфта, фаъолияти худро аз 5 ноябри соли 2008 оғоз кардааст. Шабака ба моҳвора пайваст буда, ҳудуди фарогирии он дар кишварҳои хориҷи дуру наздик тақрибан 65 дарсадро фаро мегирад.
Муассисаи мазкур бо шабакаҳои телевизионии «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар, «Пресс-ТВ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «РашаТудей»-и Федератсияи Россия, «Нурин» ва «Орзу»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бахши форсии шабакаи «Би-Би-Си»-и Британияи Кабир ва ғайраҳо робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Соли 2015 барои нишондоду дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот, ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид дар шаҳри Женеваи Швейтсария аз ҷониби ширкати байналмилалии «Би-Ай-Ди» ба дарёфти Ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардид.
«Ҷаҳоннамо» шабакаи иттилоотии сартосарии мамлакат буда, мақсад аз таъсиси он таъмини аҳолӣ бо маълумоти муфиду саривақтӣ, баланд бардоштани сифат ва фаврияти иттилоот дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва дигар ахбори муҳим аз мамолики хориҷи дуру наздик маҳсуб мешавад.
Самтҳои асосии фаъолияти муассиса таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо иттилооти наву дақиқ, саҳеҳ, таблиғи ғояҳои ваҳдати миллӣ, афзалият додан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, демократия, сулҳу субот ва инсонпарварӣ мебошад.
Телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар маҷмуъ, аз 3 идораи эҷодӣ: «Хабар», «Барномаҳои таҳлилӣ», «Нашри барномаҳо» иборат буда, ҳамзамон, бахши хабарҳои хориҷӣ бо номи «Дунё» низ фаъол аст. Ҳайати «Ҷаҳоннамо»-ро мутахассисони варзида, хатмкардагони донишгоҳҳо, номзадҳои илм, аспирантон, магистрони илмӣ ва иштирокчиёни семинару тренингҳои байналмилалии соҳаи телевизион ташкил медиҳанд.
Дар ТВ «Ҷаҳоннамо» дар баробари барномаҳои иттилоотӣ, ҳамзамон, бар¬номаҳои таҳлилӣ низ таҳия ва пахш мегарданд. Барномаҳои таҳлилӣ бештар фарогири мавзуъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ буда, дар инъикос ва ошкорнамоии камбудиҳои иҷтимоӣ саҳм мегиранд.
Кормандони эҷодӣ дар ҷустуҷӯ ва таҳияи мавзуъҳои ҷолиби нав ба нав буда, дар барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Геополитика», «Дидгоҳ», «Таҳқиқ», «Нуқтаи назар», «Масъулият», «Ҷомеа ва ҷаҳон», «Ҷаҳони иртибот», «Суҳбати муҳим», «Суҳбати рӯз», «Иқтисод+» ҳодисаву воқеаҳои кишвар ва ҷаҳонро ба риштаи таҳлил кашида, афкору андешаи коршиносони масоили сиёсиро оид ба ин ва ё он рӯйдоди муҳими олам ҷой медиҳанд.
Барномаҳои «Рушди устувор», «Робита», «Амал», «Масири рушд», «Назари хос», «Бунёдкор», «Аз ҳар гӯшаи ҷаҳон», «Тандурустӣ», «Оё медонед?», «Шифои комил», «Фарҳанг», «Хатти сабз», «Тозанашр», «Туризм», «Кишоварз», «Маориф ва илм», «Иқтисод», «Набзи сайёра», «Сифат» фарогири навигариҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, инкишофи бахшҳои гуногуни соҳаи илм, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеа мебошанд.
МД «Ҷаҳоннамо» бо мақсади иҷрои дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сартосарии ҷумҳурӣ бо пахши намоишҳои телевизиони Тоҷикистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати барномаҳо, афзун намудани нуфузи иттилоотии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва ғайра аз 31-уми январи соли 2018 ба пахши рақамӣ ва формати дақиқияти баланди HD гузашт.
Дар маҷмуъ, тақрибан ҳудуди 80 дарсади барномаҳои «Ҷаҳоннамо» иттилоотӣ мебошанд, яъне дар кишвар ягона шабакаи иттилоотиест, ки тули 24 соат ба пахши рӯйдоду навигарӣ, барномаҳои таҳлилию иттилоотӣ ва фарҳангиву фароғатӣ машғул асту миёни мардум ҷойгоҳи муносиби хешро пайдо намудааст..