Мавҷи қарсакҳои тамошогарон, ки шоҳиди боз як дастоварди синамои миллӣ буданд, бардавом шуд. Онҳое дар толор ҷамъ омаданд, ки ба ояндаи синамои тоҷик бетараф набуданд ва бовар доштанд, ки ин соҳаи муҳим дар Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд қадам мегузорад. Бо кафкӯбӣ ташаккур изҳор мекарданд ба офарандагону ҳунармандони филми “ДОВ”, барои кинои арзандаву фароғати маънавӣ. Филмофарон, ки дар аввали намоиш аз толори нимахолӣ малулхотир буданд, баъди ин истиқболи гарм руҳбаланд шуданд, ки заҳматҳояшон барабас нарафтааст. Дар дилашон умеде бедор гашт, ки филми таҳиякардаашон дар фазои синамои миллӣ дурахши пурҷило медиҳад ва соҳиби ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ мешавад. Ин бовар ба ҳадде фарогиранда буд, ки эҳсосҳои тозаро барангехт ва қатраҳои ашк дар чашмони офарандагони филм ҳалқа мезад...
Синамо, ки муҳимтарин санъати тарғиби миллат аст, дар самти муаррифии таъриху анъана ва расму оини халқ нақши бориз дорад. Бо таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва қабули барномаҳои рушди кино дар Тоҷикистон солҳои охир ин соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил мешавад ва ба ҷашнвораҳои синамоии дунё роҳхат мегирад. Ширкат дар кинофестивалҳои ҷаҳонӣ барои ҳар як ҳунарманд муҳимтарин ҷоиза аст. Ҳиссиёти ифтихори воқеӣ ва ғурури миллӣ он дам насиби кас мешавад, ки кишварашро дар берун аз он муаррифӣ кунад. Ин нуктаро аз суҳбати кӯтоҳи коргардони соҳибистеъдод Муҳиддини Музаффар дарк кардем, ки дар арафаи Рӯзи кинои тоҷик сурат гирифт:
- Ҳамасола дар кишварҳои дунё ҳазорон ҳазор филмҳо сабт мешаванд, аммо дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ шумори ками онҳо барои озмун роҳхат мегиранд. Масалан дар фестивали байналмилалии Қазон аз байни 444 филм, ки ба ҷашнвора пешниҳод шуда буд, ҳамагӣ 52 филм дар 4 бахш ба озмун роҳ ёфт. Ҳамингуна дар Ҳиндустон низ аз байни зиёда аз 700 филм 32-тояш ба даври ниҳоӣ интихоб шуд. Филм, ки дар бахши озмунии ҷашнвораи байналмилалӣ роҳхат гирифт, ин аллакай ғалаба аст.
- Вақте ба ҷашвораҳои байналмилалӣ меравед ва бо ҳунармандони кишварҳои абарқудрат, ки техналогия ва синамои пешрафта доранду бо филмҳои миллиондоллара рақобат мекунед, пеш аз эълони натиҷа вуҷуди шахс пур аз эҳсосоту туғён мешавад. Лаҳзае, ки филм соҳиби ҷоиза мешаваду номи кишвар садо медиҳад, пеш аз ҳама парафшонии парчами кишвар, номи азизи Ватан ва халқу миллат, ки бо муҳаббат дар канори таҳиягарону ҳунармандон буданд, пеши назар меояд. Аз байни давлатҳои синамояшон рушдкарда, миллатҳои гуногун ва филмҳое, ки бо харҷи зиёд таҳия шудаанд, филми шумо барандаи ҷоиза мешавад, вуҷуди шахсро ифтихори беҳудуде фаро мегирад. Мо низ бо дарёфти ҷоизаҳо дар синамобазмҳои байналмилалӣ чунин эҳсосу ифтихор доштем, ки аз муҳаббат ба халқу Ватан сарчашма мегирад, -мегӯяд М. Музаффар
Боиси сарфарозист, ки синамогарони тоҷик тавонистанд дар солҳои охир комёбиҳои нав ба навро соҳиб гарданд ва дар ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ муаррифгари санъати кинои Тоҷикистон бошанд. Аммо таззод инҷост, ки дар дохили кишвар тамошобинони синамо кам андар каманд. Кинотолорҳо холианд ва қисми зиёди мардум ба синамои миллӣ аслан таваҷҷуҳ надоранд. Ин шеваи муносибати ҳамватанон ба рушди синамои милллӣ монеа эҷод мекунад. Бетаваҷҷуҳии ҳамватананон ба синамои тоҷик ба андешаи коргардон Муҳиддини Музаффар аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум сарчашма мегирад:
- Пас аз нобасомониҳои солҳои 90-ум аксари устодону ҳунармандони азизи мо, онҳое, ки сутуни синамои миллӣ буданду бояд таҷрибаашонро ба чеҳраҳои минбаъдаи кино меомӯзонданд, бо омилҳои гуногун кишварро тарг гуфтанд. Ин барои мо хеле вазнин буд ва он боис шуд, ки дар чанд соли барқароршавӣ фазои синамо аз филмҳои тозаву диданӣ холӣ монад. Ҳарчанд имрӯз филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ рақобатпазир асту ҳарфу паёмҳои худашро дорад ва марҳила ба марҳила филми ҷаҳонӣ мешавад, аммо беэътиноии ҳамватанон дили касро озурда месозад. Барои бартарф кардани ин монеаҳо пеш аз ҳама фазое лозим аст, ки мутахассисони арзанда ва ҳавасмандонро ба миён биёрад. Ин раванд сеҷониба мешавад ва мисли занҷираест миёни Ҳукумату мутахассисону тамошобинон. Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишварро дар фаъолияти худ мушоҳида мекунем, аммо ташкили грантҳо, таъсиси студияҳои сабт ва барқарор намудани кинотеатрҳо барои ба миён омадани филмҳои наву ҷаҳонӣ заруранд...
Аз ҳама ҷониби асосӣ ин тамошобин аст, ки кино барои онҳо сохта мешавад. Борҳо мушоҳида кардаем, ки аксари ҳамватанон, махсусан онҳое, ки дар ҷомеа мавқеи ба худашон хос доранд, синамои миллиро аслан хуш надоранд. Синамои миллӣ ба тамошобин ниёз дорад.
Синамогарони кишвар ҷаҳду талош меварзанд, ки бо ин ҳунар муаррифгари миллату ватани азиз дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд. Пас моро зарур аст, то филмҳояшонро бо самимяти беандоза истиқбол гирему барои заҳматҳояшон каф кӯбем ва боиси руҳбаландии онон гардем.
М.НАЗИРОВА