Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон ва хориҷ аз он кам касонеро метавон дарёфт, ки дар хусуси режиссёри маъруф ва варзидаи тоҷик, барандаи Мукофоти давлатии СССР (1952), Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1960), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972) Борис Кимёгаров ва ё филмҳои бардоштаи коргардони номвар хабаре ва ё маълумоте нахондаву ё ақаллан филми ҳунарии «Рустам ва Суҳроб» - ашро тамошо накарда бошанд. Маҳз ин режиссёри хориқулода ва барҷаста бо филмҳои маъруфи хеш «Тоҷикфилм» ва ҳам Тоҷикистонро дар ақсои олам машҳур гардонд.
Шоҳини синамои тоҷик Борис Кимёгаров 103 сол муқаддам (30. 9.1920) дар яке аз шаҳрҳои қадимаву зеботарини олам – Самарқанди бостонӣ дида ба дунё кушодааст. Дар 59 соли ҳаёт (соли вафот 19. 4.1979) коргардон бо эҷоди силсилафилмҳои ҳунариву мустанад дар ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ маъруфу маҳбуб гашт ва номи ин абармарди ҳунар дар саҳфаи таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шуд.
Режиссёри номошно дар хонаи бачаҳои шаҳри Қӯқанд тарбият ёфта, пас аз хатми Техникуми педагогӣ, аз соли 1937 дар мактабҳои шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба симати муаллими забон ва адабиёти тоҷик фаъолият бурд.
Борис Кимёгаров соли 1939 ба факултаи режиссёрии Институти давлатии умумииттифоқии кинематография (ВГИК) ба номи С.А.Герасимов (синфи С.Эйзенштейн) дохил шуда, пас аз итмоми он, шуруъ аз соли 1944 дар шаҳри гулбасари Душанбе, дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба фаъолият пардохт ва то охири ҳаёт ба ин даргоҳи муқаддас содиқ монд.
Филмҳои мустанад
Қадамҳои нахустини таҳиягари номвар дар олами синамо бо эҷоди филмҳои ҳуҷҷатӣ (мустанад) иртибот доранд. Якумин эҷоди Борис Кимёгаров филми пурраметражаи «Тоҷикистон» (1945, бо ҳамкории Л.Степанова) аст. Филми мазкур бо медали биринҷӣ ва Грамотаи фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия (1946) қадр гардид. Ин филм аз қаҳрамониҳои ҷавонмардони тоҷик дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 ва фидокории мардум дар ақибгоҳ баҳри ғалаба бар фашизм ҳикоят мекунад.
Соли 1962 дар рӯзномаи бонуфузи Иттиҳоди Шуравӣ «Советская культура» шоири маъруф Н.Тихонов чунин нигошта буд: «Киностудияи шаҳри Сталинобод баъди чанде аз хомӯшӣ бо филмҳои ҳуҷҷатии режиссёри шинохтаи советӣ Б.Кимёгаров бори дигар собит сохт, ки мардуми тоҷик, дар баробари тамоми халқҳои дигари советӣ, дар тарғиби ғояҳои инсонпарварона ва сулҳхоҳонаи Иттиҳоди Шуравӣ саҳми хеле бузурги худро гузоштаанд…».
Пас аз ду соли хатми ВГИК Борис Кимёгаров сар аз филми мустанади «Тоҷикистон», то ба филми ҳунарии «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1978, 5 қисм, филми телевизионӣ) ва филми «Чароғи абадӣ», 1978 («Вечный свет») муваффақона 33 сол (1945 – 1978) дар пешрафти кинои тоҷик (ва ҳам Иттиҳоди Шуравӣ) хидматҳои босазо анҷом дод. Заҳмати фидокоронааш обрӯву манзалати коргардонро то арш бурд ва ӯ дар олами синамо мисли шоҳин баланд парвоз намуда, қуллаҳои осмонбӯси ҳунарро фатҳ кард.
Борис Кимёгаров дар таърихи беш аз 90-солаи кинои тоҷик (1929 – 2023), оғоз аз тавлиди нахустин филми ҳуҷҷатии тоҷик – «Прибытие первого поезда в Душанбе» (1929, операторон В.Кузин, А.Шевич ва Н.Гезулин) аз шумули пуркортарин ва маҳбубтарин коргардони тоҷик шинохта мешавад. Ин навбат аз боби як паҳлуи эҷоди режиссёри номвар – таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ сухан меравад.
Донишмандони олами синамо бар он назаранд, ки таҳиягари филми мустанад ҳақиқатнигор аст. Коргардон бояд бо эҳсоси баланди хеш дарк созад, ки қаҳрамони филм чӣ мехоҳад ва чӣ мегӯяд? Қаҳрамон ба самимияти режиссёр шак наёрад. Аз ин рӯ, коргардон худ бояд самимӣ бошад. Дарди қаҳрамонашро чун дарди худ бидонад, зеро дар таҳияи филми мустанад ба муболиғаи зиёд роҳ додан нашояд.
Борис Кимёгаров дар зарфи фаъолияти эҷодӣ 19 филми мустанад ба навор гирифтааст. Маҳз бо ҳидояту маслиҳатҳои устод Садриддин Айнӣ ва бо андӯхти таҷриба коргардони ҷавон ба асарҳои классикони тоҷику форс муроҷиат намуд.
Садриддин Айнӣ
Филмҳои: «Садриддин Айнӣ», 2 қисм. Муаллифи сенария ва режиссёр Б.Кимёгаров, оператор М.Барбутли, матни Н.Шпиковский, композитор А.Ленский, мушовир М.Турсунзода, 1949. «Сарояндаи сарзамини аҷдодӣ», 3 қисм. Муаллифи сенария ва режиссёр Б.Кимёгаров, операторҳо В.Бидило ва В.Голиков, 1968. Коргардон ин филмҳоро ба 90 – солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшидааст. «Чароғи абадӣ», 6 қисм. Муаллифи сенария ва режиссёр Б.Кимёгаров, муаллифи матн Л.Полторак, операторҳо В.Бидило, Г.Ортиқов ва А.Голубев, 1978. Б.Кимёгаров бо 4 филми мустанад дар айнишиносии тоҷик хизмати арзанда сомон дода, симои устодро дар кино ҷовидонӣ гардонд.
Дар раҳи эҷоди филмҳои мустанад (ва ҳам бадеӣ) вохӯрии Б.Кимёгаров бо устод Айнӣ нақши боризе гузошт. Солҳои сокини шаҳри Самарқанд буданаш, то ҳадди имкон устод аз вохӯрӣ бо режиссёрону суратгирон ва журналистон сар мепечид. Аммо ба коргардони ҷавони 29-сола Б.Кимёгаров муяссар гардид, ки соли 1949 бо устод вохӯрда, филми ҳуҷҷатии «Садриддин Айнӣ» - ро дар 2 қисм ба навор гирад.
Баъдан, режиссёр аз ҳаёти устод 4 филми ҳуҷҷатӣ рӯи кор овард. Нахустинаш «Садриддин Айнӣ» (1949). Ин филм аввалин таҷассуми кинематографии чеҳраи устод Айнӣ аст. Пас, филми «Ҷашни пуршарафи Айнӣ» (бахшида ба 75-солагии устод Садриддин Айнӣ, 1953), «Сарояндаи сарзамини аҷдодӣ» (1968) ва «Чароғи абадӣ» (1978) - ро эҷод кард. Филмҳои мазкур қимати баланди таърихӣ ва эҷодӣ доранд.
Борис Кимёгаров, шоҳини кинои тоҷик, аз нахустин вохӯрии хеш бо устод Садриддин Айнӣ дар маҷмуааш «Дорога уходить в горы» (Москва, 1970) чунин менигорад: «Барои ман на танҳо суҳбат бо Айнӣ аҷоиб буд, балки дар кабинети корияш ҳузур доштанро ҳам шараф медонистам. Китобҳои зиёд, аз ҷумла китобҳои нодир бо ороиши минётураҳои қадима, ки арзиши баландашонро хуб медонистанд, маро дар ҳайрат гузоштанд…».
Ба қавли коргардон, вохӯриву суҳбатҳо бо устод Садриддин Айнӣ шавқу рағбати ӯро ба таърих бедор карданд ва солҳои баъдӣ барои офариниши филмҳои бадеӣ дар бораи шахсиятҳое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон боис шуд…
Асосгузор
Дар арсаи кинои тоҷик Борис Кимёгаров ҳамчун асосгузори филмҳои таърихӣ, эпикии кинои тоҷик, яке аз бунёдгузорон ва котиби якуми раёсати Иттифоқи кинематографистони РСС Тоҷикистон (1962 – 1975) шинохта шудааст.
Бо рӯ овардан ба таърихи қадими тоҷикон, ҳамчунон, фарҳанги муосир, бо маҳорати воло таҳия намудани силсилафилмҳо аз рӯи достони безаволи Абулқосим Фирдавсӣ –- «Шоҳнома», осори устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мероси гаронбаҳои тоҷиконро ҳамчун эҳёгар ва барандаи анъанаи фарҳанги ҳиндуаврупоӣ муаррифӣ намудааст.
Арҷ
Медали биринҷӣ ва дипломи ифтихорӣ дар Кинофестивали байналмилалии Венетсия (1947) барои филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон». Мукофоти давлатии СССР барои филми пурраметражи ҳуҷҷатии «Тоҷикистони Советӣ» (1952).
Бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, №19, аз 30 январи соли 1981 «Дар бораи абадигардонии хотира» Хонаи кинои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ба номи Борис Кимёгаров гузошта шуд.
Хизматҳои арзандаи режиссёри мумтоз бо унвону мукофотҳои зерин қадр шудаанд: Ҳунарпешаи халқии РСС Тоҷикистон (1960), барандаи Мукофоти давлатии СССР (1952), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972), узви Иттифоқи кинематографистони СССР (1957).
Бо 3 ордени «Нишони Фахрӣ» (1952, 1957,…), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1957), медали «Барои меҳнати шоён» (1946), Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (6 маротиба), Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Белоруссия (1968), нишонҳои Аълочии фарҳанги СССР ва Аълочии кинематографияи СССР сазовор шудааст.
Филмографияи мустанад
«Тоҷикистон» («Таджикистан», 1945). «Дар кӯҳҳои Помир» («В горах Памира, 1946). «Водии миллионерҳо» (Долина миллионеров, 1948). «Қувваи бузург» («Великая сила», 1949). «Сад¬риддин Айнӣ» (1949). «Сарзамини ҷавонӣ» (ҳаммуаллифи сенария, «Земля молодости», 1950). «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, 1951. Мукофоти давлатии СССР, 1952). «Помир» (1951). «Дар Помир» (1952). «Иди халқи тоҷик» (ҳаммуаллифи сенария, «Праздник таджикского народа», 1955). «Одамони кишвари офтобрӯя» («Люди солнечной страны», 1957). «Ҳамсояҳои мо» (1959). «Дар қалби сардиҳои Помир» («На ледяном сердце Памира, 1959). «Ассалом Тоҷикистон» (1960). «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (1964). «Сарояндаи Ватан» («Певец родной земли», 1968). «Санъати кинои Тоҷикистон» («Киноискусство Таджикистана», 1972). «Вохӯриҳои хотирмон» («Памятные встречи», 1974). «Чароғи абадӣ» («Вечный свет», 1978).
Борис Кимёгаров дар ҷодаи сенариянависӣ низ мумтоз буд. Аз рӯи сенарияҳои Борис Кимёгаров ҳуҷҷатнигорони тоҷик филмҳои зеринро бардоштаанд: «Роҳи сафед» («В добрый путь», 1962). «Дар қуллаи Ленин» («На пик Ленина», 1969). «Санъати Тоҷикистон» («Искусство Таджикистана, 1969). «Муҳаммадҷон Қосимов» (1969)…
Боиси тазаккур аст, ки Борис Кимёгаров, ҳамчунон, роҳбари бадеии филми мустанади «России весенний привет» (1967) мебошад.
Умари ШЕРХОН,
Адиб