Бо ин ҳунарманди чирадаст, инсоне, ки олами ҳастиро ба захми сӯзану ресмон ва сӯзаниҳои дӯхтаи худ рангин месозад, ҳамсуҳбат гардидам. Зани солор, самимӣ ва боистеъдод аст.
Ҳунармандӣ ба ӯ аз пайвандонаш, хосса аз модари равоншодаш мерос монда, зеро дар рӯи матои гулдӯзиҳои модар ба камол расидааст. Шояд дидани нақшу нигори ҷолиб, хуштарҳу қашанг дилашро ба ин намуди ҳунар гарм сохт, ки майлаш ба бофтани матоъ хеле зиёд гардид. Аз ин рӯ, аз кӯдакӣ ба корҳои модар зеҳн мемонд. Он вақтҳо ба нафароне, ки барои хонадор намудани фарзандонашон ба модар фармоиш медоданд, зардӯзиҳои зебое омода месохт. Ба ҳар захми матои омодакарда як маъниро ҷой медод. Ҳамчунин, атласи шоҳӣ, ки онро атласи зангор низ меномиданд, омода мекард ва ӯ низ дастёри модар шуда, ба ҳар кори ӯ бо як кунҷковӣ дида медӯхт. Баъдтар чунин шуд, ки бо модараш якҷоя атласу алоча мебофт.
Мамлакат ба воя расиду оиладор шуд. Дар хона ҳунари худро такмил ва ба фарзандони мардум ёд медод. Баъди соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳунарҳои миллӣ, сӯзанию қуроқдӯзӣ ва атласбофӣ эътибори махсус зоҳир намуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Мамлакат, ки шефтаи ҳунарҳои миллӣ ва дӯстдори ин санъати қадимаи тоҷикӣ буду муҳаббат ба ин касби аҷдодӣ дар шараёнаш ҷорӣ мегардид, аз дастури Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифт.
Дар Маркази истеҳсолии «Дугонаҳо» ба фаъолият пардохт. Лаҳзаҳои аввалини ин ҷо омаданашро чунин шарҳ дод:
- Бори аввал ба маркази «Дугонаҳо» омадам. Дар 20 дастгоҳ 20 намуди матоъ мебофтанд. Бо шавқу завқи беандоза ба паси дастгоҳи атласбофӣ нишаста, ҳунари фитрии худро сайқал додам. Дастгоҳи атласбофӣ ба назарам бозёфти бузург буд. Ба инсоне, ки аз кӯдакӣ дар фазои ҳунармандӣ ба камол расидааст, дидани чунин манзараи ҷолиб басо гуворост. Ҳар замон, ки паси дастгоҳи бофандагӣ менишинам, ёди бачагӣ мекунам. Аҷаб солҳои файзбору хотирмон буданд. Ҳар боре, ки риштаи дастгоҳи бофандагиам меканд, падарам саришта мекарданд, ҳар гоҳ, ки матои омоданамудаам ҷилои нав мегирифт, модарам маро месутуд, ки он ҳар тори риштаи омодакардаамро боз ҳам рангинтару ҷаззобтар месохт.
Аввалин озмуни атласбофи беҳтарин, ки дар Кохи Суғдиён доир шуд, аз хотирам зудуда намегардад. Шарти асосии озмун бофтани атлас дар дастгоҳи дастӣ буд. Баробари оғози кор маро эҳсосоте печонд, ки якбора 3,5 метр атласро бофта, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намудам. Матои омоданамудаам бо як шавқу завқи беандоза аз замири дилам туғён зада, бо рангубори дилнишин аз дастоҳи бофандагӣ берун мешуд. Кори ман ба ҳайати ҳакамон писанд омад. Ҷои якумро соҳиб гардидам.
Ҳамон рӯз, ки аз дасти раиси вилояти Суғд Сипоснома ва мукофоти пулиро ба маблағӣ 5 ҳазор сомонӣ гирифтам, бароям басо хотирмон буд. Агар аз як тараф меҳнатамро қадр карда, мукофоти амаламро дар назди ҳозирон супурда бошанд, аз тарафи дигар, он дар рӯзи мавлуди устоди нахустинам - модари ғамхорам буд. Ман эҳсос намудам, ки дар ҳамон маъракаи пурмуҳтаво на танҳо меҳнати ман, балки заҳмати модарҷонам қадр шудааст. Чунон ба ваҷд омада, хурсанд шудам ва эҳсос кардам, ки дар ин маросим руҳи модари равоншодам сайр дораду он бароям нерую илҳоми тоза бахшид ва боз маро ба сӯи дастовардҳо раҳнамун сохт.
Баъди ҷамъбасти озмун бароям пайроҳаи нав боз шуд. Якҷоя бо идораи шуғли аҳолии вилоят дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ курсҳои махсуси бофтани атласу адрасро ба роҳ мондем. Айни замон дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Деваштич, Айнӣ ва Мастчоҳ шогирдони зиёде ба камол расондам, ки имрӯз ҳар яки онҳо ҳунару истеъдоди худро сайқал дода, аз беҳтаринҳоянд.
Бале, Мамлакат Хӯҷаева, ҳамчунин, ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳо рафта, ба занону духтарон ҳунари атласбофиро ёд дод. Ӯ бо табассум мегӯяд:
- Соли 2015 ба шаҳри Роғун сафар карда, ба 22 нафар хоҳишманд ҳунари бофандагиро омӯзондам. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шогирдонро тарбия намудам ва дар он ҷойҳо дӯстони худро дорам. Аз ин сафарҳо солҳои зиёд гузашта бошанд ҳам, то ҳол робитаи мо давом дорад ва дар ҳар иду айём онҳо аз ҳоли устодашон пурсон мешаванд, аз дастовардҳояшон қисса мекунанд.
- Вақте ки ба ноҳияи Ишкошиму Дарвоз сафар намудам, аксари шогирдон маълумоти олӣ доштанд. Онҳо новобаста аз он, ки духтур ё муаллим ҳастанд, мекӯшиданд, то аз сирру асрори бофандагӣ огоҳ шаванд.
Ҳунарманд ҳар куҷое набошад, нони худро ҳалол карда мехӯрад. Алҳол Мамлакат Хӯҷаева дар Маркази бонувони ҳунарманди Ҷамоати деҳоти ба номи Додобой Холматов фаъолият намуда, ба наврасону ҷавонон сирру асрори сӯзанидӯзиву атласбофиро меомӯзад.
Гулҷаҳон ҲАКИМДУХТ,
шаҳри Хуҷанд