Солҳои охир дар шаҳри Хоруғ, дар доираи рушди ҷаҳонгардӣ меҳмонхонаҳои зиёди замонавӣ арзи вуҷуд намуданд, вале дар ин миён меҳмонхонаи «LAL» ҳамеша пур аз мизоҷон асту сайёҳони зиёди дохилу хориҷи кишвар барои буду бош ин маконро мепазиранд. Меҳмонхонаро бонуи соҳибкори ташаббускору навовар ва ҷӯянда Лалӣ Мамадсултонова роҳбар аст.
Ба гуфтаи Михоэл Когт, корманди сафорати Британия дар Тоҷикистон, ки забони тоҷикиро хуб медонаду дар раъси ҳайати сайёҳон дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон сафар дошт, бори аввал нест, ки вай ба минтақа меояду барои тозагӣ, ороиши миллӣ ва сифати хуби хизматрасонӣ ин дафъа низ бо ҳамсафаронаш «LAL»-ро интихоб намуд ва хато накард, зеро пас аз назораи табиати сабзу хуррам, обҳои мусаффо ва кӯҳҳои сарбаафлок дар масири тулонии сафар, ҳине бо ҳамсафарон ба меҳмонхона қадам мениҳоданд, барояшон марҳилаи нахустини шиносоӣ бо дунёи рангини ҳунарҳои мардумӣ, ки ба таври фаровон дар ороишоти меҳмонхона истифода шудаанд, оғоз ёфт, ки барои онҳо таассуротбахш буд.
Шоира Офоқ бар ин бовар аст, ки сарвати асосии ҳар кишвар мардуми бофарҳангу ҳунарманди он буда, дар меҳмонхонаи «LAL» дар баробари хизматрасонии хубу нархҳои дастрас ҷузве аз ҳаёти фарҳангии мардум бо намунаҳои беҳтарини фаровардаҳои дастии ҳунармандон устокорона ва ба таври шоиста муаррифӣ шуданд, ки ҷаззобияти ин маконро барои шаҳрвандони дохилу хориҷ бештар гардондаанд.
Бо насими форами сулҳу оромӣ дар кишвар шумораи воридоти сайёҳон ба минтақа сол ба сол меафзуд, Лалӣ аз нахустин афроде буд, ки даромад аз хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳадафи фаъолияти соҳибкориаш қарор гирифт. Ба ин мақсад нахуст вай манзили истиқоматиашро ба меҳмонсарой барои сайёҳон табдил дод. Ҳуҷраҳоро бо гулу рустаниҳои рангоранг ва намунаҳои бофандагиву дӯзандагии бонувони ҳунарманди маҳал оро дод, то меҳмонон дар чордевори меҳмонсарой худро ҷудо аз мардум ва табиати биҳиштосои Бадахшон ҳис накунанд. Дар меъмории сабзи меҳмонсарой модар Валентина Михайловна, ки дар озмуни шаҳрии «Гулкори беҳтарин» борҳо баранда шуда буд, дар омода намудани хӯришҳои болаззат ба духтараш мадад расонд.
Бо афзудани мизоҷон фикри бунёди меҳмонхона ба миён омада, аввалин ҳашт ҳуҷра сохта шуд. Дар тули солҳои фаъолият меҳмонхона васеъ гардида, акнун дар бинои чорошёна 40 ҳуҷра дар хидмати меҳмонон қарор дорад. Саҳну роҳравҳо ва ҳар яке аз ҳуҷраҳо дар баробари равшан ва тозаву озода будан, аз лиҳози рангорангии ороишот бо маҳсулоти ҳунармандони маҳаллӣ осорхонаи ҳунарҳои мардумиро мемонанд.
Лалӣ замони нобасомонӣ ба Хоруғ омад. Пас аз чанде бародар ва хоҳараш муҳоҷират намуда, ӯро низ ба сафар ташвиқ карданд. Ҳоло яке дар Австралия ва дигаре дар Санкт-Петербург иқомат доранд. Вале Лалӣ қотеона тасмим гирифт, дар Ватан ва парастори модар мемонаду ризқу рӯзиашро дар ин ҷо пайдо мекунад.
Дар баробари фаъолияти соҳибкории хурд, вай ҳамчун мутахассиси соҳаи фарҳанг ба ҷамъоварӣ ва ҳифз намудани намунаҳои ҳунари бофандагӣ ва дӯзандагӣ машғул гардид. Вай ба маҳалҳои дурдасттарин сафар намуда, бо омӯзиш ва ҷамъоварии намунаҳо дар қатори мутахассисони дигар дар кушодани асрори бофтани ҷуробҳои помирӣ ва дигар фаровардаҳои дастии бонувон саҳм гузошт. Нигарон гашт, ки ба таври оммавӣ байни бонувон танҳо намунаҳои маъмулии ҷуроб боқӣ монда, нақшпартоиҳои зиёди зебову нотакрор ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд ва танҳо бонувони солманди деҳоти дурдаст онҳоро ёд доранд. Бо ёрии ҳунармандони бофанда ӯ на танҳо нақшпартоиҳои зиёди ҷуробҳои помирӣ, балки тайёр намудани либос-камзӯлу калтача, ҳамёну сумка ва дигар ороишотро бо тарзи бофтани яксиха эҳё намуд. Дар ҳамкорӣ бо ҳунармандон бо офаридаҳои зебояшон борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии муд ширкат варзида, мухлисони зиёд пайдо карданд.
-Бонуи ҳунарманд метавонад, бидуни таҷҳизоти иловагӣ, танҳо бо як сих тагандоз ва ҳатто қолини зебо бофад. Бо таҳқиқоти анҷомдода ва таълифи китоб дар ин соҳа мехоҳам дар оммавӣ намудани ин тарзи бофандагии хоси бонувони Бадахшон саҳм гузорам, - баён медорад Л.Мамадсултонова.
Ӯро чун бонуи кордон ва навовару ҷӯянда мешиносанд. Хислатҳои навовариро Лалӣ аз падараш Амонулло ва зебопарастиро аз модару бибиаш ба мерос гирифт. Бибиаш Оимсултон Мамадамирова яке аз нахустин омӯзгорони шаҳр буду сокинони зиёд худро шогирди ин мураббии донову меҳрубон ва зебопарас¬ту ҳимматбаланд ва хоксор мешуморанд. Амонулло Мамадсултонов ҳамчун пизишки ҷарроҳ дар ҷумҳурӣ хизматҳои арзанда анҷом дод. Ӯ дар тайёр намудани кадрҳои миёнаи тиббӣ саҳми пурсамар дошта, солҳо ҳам роҳбарии беморхонаи вилоятӣ ва ҳам омӯзишгоҳи тиббиро бар дӯш дошт. Бо назардошти донишу таҷрибаи пурсамар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳайси омӯзгор даъват намуданд. Устод бо дониши мукаммал ва малакаи зеҳниаш байни шогирдон маҳбубияти зиёд дошт, ба ёд меоваранд дастпарварони ин марди наҷиб, ки айни ҳол дар муассисаҳои тиббии вилоят кор мекунанд. Амонулло на танҳо ҳамчун пизишки чирадаст, балки ҳамчун муҳандис ва ромишгари хуб шуҳрат дошта, навоҳои зиёди эҷоднамудааш дар бойгонии радиои вилоятӣ маҳфузанду садо медиҳанд ва дили мухлисони созу наворо аз шодиву фараҳ лабрез мегардонанд.
Шахси ташаббускору ҷӯянда ва навовар будани Л. Мамадсултоноваро ба назар гирифта, мақомот ба вай роҳбарӣ намудани шуъбаи фарҳанги вилоятро пешниҳод намуданд. Дар ин миён дар қатори амалӣ намудани нақшаҳои зиёд дар ҳамкорӣ бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳингул Додихудоева барояшон таъсиси ансамбли «Навои Бадахшон» муяссар гардид.Ансамбл ситораҳои ҳунар ва санъаткорони шинохтаро гирд оварда, дар муаррифии фарҳанги Бадахшон дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар дохилу хориҷи кишвар ширкат дошт.
Вақте танқисии кадрҳои соҳаи фарҳанг ба миён омад, Лалӣ ва Маҳингул таъсиси ансабли «Эҳё»-ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби мақомоти вилоятӣ пазируфта шуд. Дар ансамбл истеъдодҳои ҷавони аз 18 то 28 - сола гирд омаданд. Барои сайқали маҳорату малака ва омӯзиш додану рушди касбиашон шароит фароҳам омад. Эҳё ва ҳифзи дурдонаҳои санъати халқӣ яке аз ҳадафҳои ансамбл унвон шудааст.
-Дар Бадахшон алҳол меҳмонхонаҳои замонавии сатҳи хуби хизматрасонӣ зиёданд. Вале бо азми Л. Мамадсултонова меҳмонхонаи бунёднамудааш дар баробари ҷойи фароғату истироҳати хуб, ба макони шиносоӣ ва тамошои ҳунарҳои рангоранги мардумӣ табдил ёфта, ин бонуи ташаббускор хислатҳои навоварӣ ва тарғибгари фарҳангу ҳунари мардумӣ буданашро дар ин ҷода низ ба хубӣ зоҳир намуд, -мегӯяд журналист Нарзулло Хайруллоев.
Дар саҳни меҳмонхона чойхонаи хурди миллӣ дар хизмати меҳмонон қарор дорад ва дар ин ҷо ва ошёнаи чорум онҳо метавонанд, дар қаҳвахонаи барҳаво суҳбату истироҳат, ҳамзамон, чаҳор гӯшаи шаҳрро назора намоянд. Ба манзури тайёр намудани роҳбаладҳо ва мутахассисон дар риштаи хизматрасонӣ Л. Мамадсултонова ҳамчун мутахассиси соҳаи фарҳанг ва соҳибкори муваффақ бо шуъбаи экологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ҳамкории босамар дорад.
Ба бовари бону Лалӣ тасаввуроти ҳар фарде, ки ба ҳар кишваре меояд, оид ба фарҳанги мардум аз тарзи муомила, хулқу атвор, сифати хизматрасонӣ ва шиносоӣ бо ҳунарашон ҳосил мегардаду дар чунин шароит зарур аст аз имкониятҳои сайёҳӣ на фақат чун манбаи даромади моддӣ, балки чун василаи тарғиби суннату фарҳанги мардумӣ барои ҷаҳониён бояд ба таври муассир истифода шавад, ки вазифаи ҳар як соҳибкор ва шахси ватандӯсту худогоҳ аст.
Мирзо ҶАЛОЛ, шаҳри Хоруғ