Имсол ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 сол пур шуд, ки он дар таърихи қонунгузории на танҳо Тоҷикистон, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳодисаи воқеан ҳам беназиру бесобиқа аст. Тули ин муддат ҳама бандҳои Қонуни мазкур то чӣ андоза дар амал татбиқ гашта, ба мушкили молиявии мардум сабукӣ оварданд, дар ин бобат бо мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Файзигул Юсуфзода суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.
То қабули Қонуни воқеан ҳам миллӣ ба ҳар хонаводаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд. Мегуфтед, ки тули ин муддат маданияти маъракаороии мардум то чӣ андоза муназзам гардид?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2007, дар замоне қабул гардид, ки баъди низоъҳои дохилии солҳои 90-уми асри ХХ сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ ниҳоят баланд буд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки мардум ба хотири доир намудани ҷашну маъракаҳо наметавонанд сатҳи зиндагии худро беҳтару хубтар созанд. Аъзои гурӯҳи корие, ки бевосита бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд, бо урфу одат ва оинҳои кишварҳои исломиву Осиёи Марказӣ ошно гаштанд ва фикру мулоҳизаҳо, эроду дархостҳо ва хоҳишу пешниҳоди тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба инобат гирифта шуданд. Хулосаҳо нишон доданд, ки яке аз омилҳои паст будани сатҳи зиндагии мардум, маҳз оростани маъракаҳои серхарҷ мебошад.
Нақши бонувони хонаводаро дар амалӣ гардидани Қонуни мазкур то чӣ андоза метавон муҳим арзёбӣ кард?
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид месозанд, ки дар амал татбиқкунандагони ду Қонуни миллии мо - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар занонанд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам бархе аз бонувон бо мақсади тақлидкорию худнамоишдиҳӣ барои доир намудани маъракаҳое, ки қонунгузор онро манъ кардааст, талош варзида, ба чашми масъулон хок мепошанд. Аз ҷумла, маъракаи манъшудаи чойгаштак, гаҳворабандон, домодталбон, рӯбинон ва ғайра, ки тибқи Қонун бояд дар доираи хонавода баргузор гарданд. Яъне, бонувон метавонанд маблағи оиларо ба таълиму тарбияи фарзандон, касбомӯзӣ, барқароркунии вазъи саломатӣ, беҳтаргардонии шароити зиндагӣ ва ғайра равона созанду фарҳанги сарфакориро ба фарзандон омӯзонанд.
Барои риоя нагардидани талаботи Қонун нишондиҳандаҳои гарон пешбинӣ шудаанд. Шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ чӣ қадар қонуншиканиҳо ошкор карда шуданд?
- Аз ҷониби комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 12475 рейд гузаронда шуд. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии ҷумҳурӣ ҳангоми баргузории рейдҳо 419 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад.
Аз ҷониби шаҳрвандон асосан риоя нагардидани талаботи моддаи 10 вобаста ба теъдоди зиёди иштирокчиён дар тӯйҳои домодию арӯсӣ ва талаботи моддаи 12 вобаста ба маъракаи ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва ҳоҷизиёрат, баргузории маъракаҳои манъшуда ба мушоҳида расид. Бо роҳи фаҳмондадиҳӣ эҳтимолияти содир намудани қонуншиканӣ дар беш аз 45 ҳолат пешгирӣ карда шуд.
Умуман, агар имрӯз ба маъракаҳои шаҳрвандон назар афканем, шумора на ҳама вақт вайрон карда мешавад, вале ба дастархон нигарем, воқеан баъзеҳо зиёдаравиро ба авҷ мерасонанд. Сабқати занон дар дастархонороӣ мисли озмуне ҳаст, ки на ғолиб дораду на довар. Довар, пеш аз ҳама, ақлу фаросат ва нигоҳу диди мо, занон аст. Аз нуқтаи назари дин низ, исрофкорӣ ҳаром аст.
Бидуни шакку тардид паҳлуҳои мусбати Қонуни мазкур зиёданд. Метавон гуфт, ки он арзишҳои беҳтарини расму оинҳои миллиро барои оқилонаву одилона истифода бурдан таҳрик медиҳад?
- Дарвоқеъ, бо амалӣ гаштани ин Қонун маърифати маъракаороӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардид. Дар бонкҳо пасандозҳои мардум зиёд шуда, қарзгирӣ бо мақсади маъракаороӣ таназзул ёфт. Бо қабул гардидани Қонуни мазкур Президенти муҳтарами кишвар ба ислоҳоти ҷиддии иҷтимоӣ оғоз бахшиданд, ки он дар феҳристи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо исми нав пайдо гардид. Бедил дар замони худ гуфта буд:
Зиндагӣ дар зери бори расму оин мурдан аст,
Даст дасти туст, бишкан ин тилисми нангро.
Бо қабул кардани ин Қонун он тилисми нангеро, ки тули ҳазорсолаҳо мардумро азият медоду ҳатто дар даврони шуравӣ онро натавонистанд бишкананд, хушбахтона, дар даврони Истиқлоли давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳи наҷотро аз чунин муаммо дарёфтанд. Ҳоло дар баргузор кардани маъракаҳои серхарҷ давлатҳои ҳамсоя - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон зиёд азият мекашанд. Ин аст, ки Қонуни миллии моро ҳамчун намунаи хубе дар ҷомеаи ҷаҳонӣ меомӯзанду онро пайгирӣ менамоянд.
Фаъолияти комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ аз ҳам тавофут доранд?
- Дар МИҲД-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дар ҷамоати шаҳраку деҳот бошад, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият менамоянд. Дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, ки беш аз 30 нафар корманд доранд, комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Комиссияҳои доимӣ дар амал татбиқкунандагони Қонуни мазкур буда, ҳуқуқи омода кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниро доранд. Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди муайяни маҳаллаҳо ва вазорату идораҳо фаъолият намуда, асосан ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ машғуланд. Дар муассисаҳо корманд пеш аз баргузор кардани маърака вазифадор аст, ки ба комиссияи ҷамъиятӣ, котиб ва ҳайати комиссияе, ки он ҷо амал менамояд, муроҷиат карда, маъракаи худро дар коргоҳ низ, ба қайд гирад. Комиссияи ҷамъиятӣ вазифадор аст, ки ба корманд талаботи Қонунро пурра шарҳ диҳад.
Баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни танзим, бахусус баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар ин самт, корҳои зиёдеро анҷом медиҳед. Аз рӯзгори худ мегуфтед, ки бонуи заҳматпеша метавонад ба анҷоми ҳама кор фурсат ёбад?
- Шукр, ки се фарзанду ҳамсари дилогоҳ дорам. Духтару писаронам соҳибмаълумотанду даст ба кор. Бибии ду набера будан масъулиятамро меафзояд. Гумонам, ки зан – модар, агар хоҳад, ба ҳама кор фурсат меёбад. Дар зиндагӣ зиёд саъй намудам, ки барои фарзандонам модари намунавӣ бошам. Марҳум хушдоманам дар зиндагӣ маро ёвар буд, ки то рӯзе ҳастам, некиҳояшро фаромӯш нахоҳам кард. Чун модари бемор доштам, дар таълиму тарбияи фарзандон саҳми қиблагоҳам бузург аст. Сухан, рафтор ва кирдорҳои ӯ барои мо шоистаи таҳсину пайравӣ буд. Хушбахтам, ки дар татбиқ шудани чунин Қонуни миллӣ метавонам заррае ҳам бошад, саҳми худро гузорам.
PS: Файзигул Юсуфзода 10 сол аст, ки дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур буда, бо медали Хизмати шоиста қадр гардидааст.
Ситора АШӮРОВА