Чашмҳо аз тамошои манзараҳои назаррабои роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара роҳат мебаранд. На танҳо чашмҳо, балки тамоми вуҷуди сафарӣ пур аз зебоии табиати афсункори ин гӯшаи диёр мешавад. Баҳри кабуди Норак аз дур як пора осмони мусаффо дар рӯи заминро мемонад. Роҳҳову нақбҳои оинасон, дарахтҳои азиму сарсабз, теппаҳои ранг-ранг бо гулҳои хушрӯи худрӯй дилро ба ваҷд меоранд.
Ронанда, ки аз навсафар будани ман огоҳ аст, мегӯяд:
- Ин деҳаи Розиён, баъд аз пеш деҳаи Себис¬тон мебарояд. Дар ин ҷо боғҳои олуву зардолу ҳастанд, ки меваҳояшон мазаи нотакрор доранд.
Аз дидани боғҳои ғарқи мева дар дили дашти васеъ кас ба муъҷизакор будани дасти одами табиатдӯст бовар мекунад.
Рамзи «Хӯшаи гандум» дар даромадгоҳи шаҳраки Данғара, нишон аз фаровонии гандум асту бори дигар собит месозад, ки деҳқонони водӣ дар истеҳсоли ин зироат пешсафанд.
***
Бо тамошои манзараҳои ҷолиби диққат ва гулгашту хиёбонҳои назаррабо ба кӯчаи марказии ноҳияи Данғара расидем. Чизе, ки бештар аз ҳама маро руҳбаланд мекард, шодиву бозии кӯдакони хушбахти Тоҷикистони осоишта дар майдончаи фароғатии боғи Парчами давлатӣ буд, ки дар маркази шаҳрак ҷойгир аст. Дар боғ бо бонуҳои нозанине ҳамсуҳбат шудам, ки бозии кӯдаконро назорат мебурданд. Гуфтанд, мо мураббиёни боғча ҳастем, баъди машғулияти субҳгоҳӣ кӯдаконро барои бозиву дилхушӣ ба боғ меорем.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 гектар, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бо ҷалби мутахассисони касбӣ ва бо тарҳи муосири миллӣ бунёд ёфтааст. Дарахтҳои ҳамешасабз, ниҳолҳои ороишии нодир, фаввораи тароватбахш, майдончаи футбол ва бозиҳои кӯдакона ин маконро ба сайргоҳи доимии мардум табдил додаанд. Аз намнокии зери ниҳолу дарахтон ва буттаҳову гулҳои ороишӣ огоҳ шудем, ки бо хатҳои об аз обанбори захиравӣ дар ҳаҷми 50 метри мукааб ва 3 адад пойгоҳи обкашӣ ҳудуди боғро мунтазам шодоб мегардонанд.
Он чи ки бештар диққати моро ҷалб сохт, дар сояи дарахтҳо нишастани сайркунандагони боғ буд, ҳарчанд барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон курсиҳои нишаст гузошта шудаанд. Анорахола гуфт, ки бегоҳ, баъди нишастани Офтоб боғи чароғон пур аз фароғаткунандагон мешавад. Рӯзҳои тобистон, ки хеле гарманд, одамон камтар меоянд. Хуб мешуд, агар дар паҳлуи нишастгоҳу курсиҳо сояафканҳо насб мешуданд…
Баъди тамошои майдони Парчами давлатӣ бо мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Шодӣ Мусофирзода дар бораи боғҳову гулгаштҳои ҳудуди ноҳия ҳамсуҳбат шудем.
- Дар ноҳия се боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, се майдони Парчами давлатӣ, хиёбонҳо, боғҳову гулгаштҳои корхонаву идораҳо барои фароғати мардум муҳайёанд, - зикр кард ӯ, - ва афзуд, ки боғҳову гулгаштҳо на танҳо дар маркази ноҳия, балки дар деҳаҳову хиёбонҳои дурдаст низ, ба сокинон фароғат мебахшанд. Дар арафаи ҷашну идҳои миллию давлатӣ дар ҳудуди боғҳо аз тарафи кормандони шуъбаи фарҳанг ва ҳаваскорону ҷавонони соҳибистеъдод барномаҳои консертӣ пешкаши аҳолӣ мешаванд.
***
Алҳол, ки айни истироҳати муҳассилони муассисаҳои таҳсилотист, истироҳаткунан¬дагонро дар боғи «Симурғ» бештар дучор омадем. Наврасону ҷавонони хушбахти даврони истиқлол дар таътили хеш бештар ба сайру саёҳат дар ин боғ ва тафреҳи маърифатӣ шуғл меварзанд. Боғи фарҳангӣ - фароғатии «Симурғ», ки дар ҳудуди ноҳия беназир аст, аз ҷониби соҳибкор Ромиш Салимов дар масоҳати 7 гектар бунёд гардидааст.
Майдончаи варзиш барои футболу волейбол, нуқтаҳои махсус барои теннис, майдончаи бозии кӯдакон ва наврасон, маркази ҷавонон, қаҳвахона, ошхона, ҳавзҳои шиноварию моҳипарварӣ, атраксиони замонавӣ барои кӯдакон ин боғро ба сайргоҳи доимии сокинон табдил додаанд. Ниҳолҳои нодири сояафкану ороишӣ, гулу буттаҳои хушнакҳат, фаввораҳои хурду бузург, ки бо шаклу услуби меъмории миллӣ бунёд шудаанд, ҳудуди боғро зебу зинат ва шаҳомати хос мебахшанд.
Хонандаи МТМУ № 4-и ноҳия Шодмон, ки бо волидонаш ба тамошову фароғат ба боғ омадааст, зимни суҳбат изҳор дошт, ки бештар аз ҳама ба вай ҳайкалчаҳои қаҳрамонони филмҳои тасвирӣ писанд аст. Воқеан, композитсияи бадеии ҳайкалҳои палангу уштур, гавазну оҳу, санҷобак, кабк, товус ва дигар ҳайвоноту парандагон дар боғ ҷолиби диққатанд. Кӯзаву хумҳои сафолии бо гулу буттаҳои нодир ороёфта ба ҳусни боғ зебоии дучанд зам намудаанд.
***
Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина таъмини шароити беҳтари истироҳат ба сокинон аз ҷониби соҳибкор Фаридуни Абдусалом бо санъати баланди меъморӣ дар маркази ноҳия Боғи фарҳангию фароғатӣ ва гулгашти зебое сохта шудаанд. Бинои тарабхонаи дуошёнаи замонавӣ бо номи «Ирам» ҳудуди боғро зеб бахшидааст, сатҳи хизматрасонии он ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонист, барои гузарондани ҷашну маҳфилу чорабиниҳо ҳамто надорад.
Ҳамчунин, суҳбаткадаҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта, ки дар оғӯши гулҳо ҷойгиранд, майдончаи футболи хурд ва бозӣ барои кӯдакон, 4 фаввораи замонавӣ, 22 нишастгоҳ, 110 чароғаки равшанидиҳанда ва дигар иншооти ёрирасони дохили боғи фароғатӣ зебоии боғро зиёда мекунанд. Аз нашъунамои дарахтони ороишиву сояафкан ва гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ба назар мерасад, ки ба таври муосир ҳудуди боғ обёрӣ мешавад. Роҳравҳои боғ, ки бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш шудаанд, ба мардум ҳаловати хос мебахшанд.
Соҳибкорону сокинони сарбаланди ноҳияи Данғара бо ҳисси муҳаббат ба ҳар гулу гиёҳ ин гӯшаи диёрро ба чаманистони биҳиштоғӯш табдил додаанд ва ҳам барои худу ҳам барои сайёҳони дохилу хориҷ шароити мусоиди истироҳату фароғатро ташкил намудаанд.
БОБУНА