Бонуи ҳунарвар Муродбегим Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Аз овони наврасӣ ба модараш, ки бисёр як бонуи ҳунарманд буд, ёрӣ мерасонд ва гулкориҳои модарро меомӯхт. Инак, дастранҷи ин бонуи ҳунарманд дар ҷашну маросим, иду чорабинӣ, озмуну фестивалҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ баҳои баланд мегиранд, хонаи мардумро зеб мебахшанд, намоишгоҳҳоро зинат медиҳанд, ба дастовардҳои ҳунарии сокинони ноҳия ҳусн меафзоянд.
Ҳангоме шахс вориди кошона ё гӯшаи намоишгоҳе мегардад, ки маводаш аз дастранҷи ин бонуи ҳунар таҳия шудаанд, аз тамошояшон ангушти ҳайрат ба лаб меорад, аз нақшу нигори гулдӯзиҳо, қуроқу бӯрё, намаду сӯзаниҳои хоссааш шефта мегардад. Ҳунари волои чакандӯзӣ, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллии Муродбегиму духтарону наберагонаш ва дастранҷи онҳо сутуданист.
Пешавар ин ҳама ҳунарро аз модараш омӯхт ва алҳол ба духтарону наберагонаш ёд медиҳад. Дар он маҳале, ки ин бонуи чирадаст ба сар мебарад, хонаи арӯсе нест, ки аз ҳунараш зеб нагирифта бошад.
- Дар оилаи серфарзанд таваллуд шудаам. Чаҳор духтару 5 писар ба камол расидем. Падарам агроном ва модарам хонашин буданд. Кошонаамон доимо пур аз меҳмон буд. Волидон аз овони хурдсолӣ дар замирамон заҳматкашиву инсондӯстиро ҷой намудаанд.
Модарам кадбонуи хуб буду овозаи обу нонаш дар маҳалу ноҳия доман густурда буду суфра ва оташдонро ҷойи поку муқаддас медонист, - ёд меорад бонуи ҳунарманд.
Дар хурдсолӣ Муродбегими зираку закӣ поёни суфра аз лой нусхаи кулчаву фатирҳои модарро месохт ва бо мухпари мехини худсохташ оро медод. Чакдонаш асфалту оташаш нури офтоб буд. Ба ҳар як кори модар, чи дар нонбандиву хӯрокпазӣ ва чи дар дӯхту дӯз зеҳн мемонд.
- Аз ёдам намеравад, пас аз шавҳар карданам, модарам хабаргирӣ омада, аз хусуру хушдоманам узр хостанд, ки ба Муродбегим ҳунари кадбонугиву нонбандиро ба қадри зарур наомӯзондаам. Дар ҷавоб хушдоманам кулчаву фатиру чапотӣ ва анвои гуногуни рӯи дастархон, хӯроку шириниҳоро нишон дода гуфтанд: «Ин ҳамаро Муродбегим тайёр кардааст». Модарам хушнуд шуданд, - мегӯяд Муродбегими хушзабон ва илова месозад:
- Завқу салиқаи зебопарастӣ ва зебопӯширо аз модарам ба мерос гирифтам. Модарам бисёр зани зика ва ҳамеша сарулибосаш зебову озода буд. Ҳусну ҷамоли зебо, қаду қомати сарв ва либоспӯшиашонро дида, бисёриҳо ҳавас мекарданд, ки оё мо ҳам чунин мешуда бошем. Дар як рӯз ду - се намуд либос ба бар мекарданд. Ҳини нонбандиву кори хона либоси алоҳида, либоси ҳаррӯзаи дохили хона ва пироҳанҳои махсуси дигаре доштанд, ки ҳангоми баромадан ба кӯча ба бар мегирифтанд.
Муродбегим соли 1975 бо ҷавони ҳамдеҳааш хонадор мешавад. Аз ин издивоҷ соҳиби 12 фарзанд мегарданд, ки имрӯз панҷ писару панҷ духтар дар қайди ҳаётанд. Тавре ин бонуи ҳунарманд мегӯяд, ҳама фарзандон соҳиби маълумоти олиянд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат мекашанд.
- Ҳамсарам солҳои зиёд ронандагӣ мекарданд. Ман дар хона, дар баробари тарбияи фарзандон, ба ҳунармандӣ машғул будам. Тамоми колои арӯсӣ, аз ҷумлаи сарулибос, пироҳану рӯсарӣ, гулу гулдӯзӣ, қӯроқиву чакан, чодару даврӣ, пардаву рӯҷо, кӯрпаву кӯрпача, лӯлаву тагсарӣ ва шолчаву намадро худам омода мекунам, - изҳор медорад мавсуф.
Сири ҷавонии худро дар ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббати самимии ҳамсару фарзандон медонад.
- Дар доманаи қариб панҷоҳ соли зиндагӣ боре ҳам қаҳр карда, ба хонаи модарам нарафтаам. Ҳарчанд ду моиндархушдоман доштам. Бо онҳо ҳамдигарфаҳмӣ карда, рӯзгор пеш мебурдам. Падарарӯсам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 буд ва 103 сол умри бобаракат дид. Насиҳатҳои ин пири солору рӯзгордида буданд, ки боре ҳам бо шавҳар ё хешовандонаш моҷарое рух надод. То ҳол дар гӯшам панду насиҳатҳояшон садо медиҳанд, - мегӯяд ӯ.
Ёрии бонуи бомаърифат доимо ба ҳамдеҳагон мерасад. Тӯю сур, маъракаҳои мардум бе нону намак ва таомҳои болаззати Муродбегим қариб, ки намегузаранд. Агар бо сабаби коре дархостеро рад кунад, хобаш намебарад. Худро мехӯрад, ки чаро посухи рад дод. Ва мисли ҳамешагӣ аз ҳисоби худ нону кулча, фатиру қалама баста, бо ташрифаш маъракадорро хушҳол месозад.
Акнун ин ҳама ҳунарҳоро ба фарзандон ва набераҳояш, ки 52 нафаранд, интиқол додааст. Фарзандони хуб ба воя расондааст, келинҳои хонадон соҳибмаълумотанд. Оилаи онҳо яке аз оилаҳои намунавии ноҳия ба шумор меравад.
- Пироҳане, ки имрӯз ба бар намудаам, духтарам пора намудаву гулу гулкорӣ кардааст. Имрӯз духтаронам аз зумраи чеварони номии ноҳияанд. Чодарҳои хуб месозанд, чакану гулдӯзиҳошон серхаридоранд.
Пайвандонро панд медиҳад, ки бо ҳаққу ҳамсояҳо муносибати хуб дошта бошанд. Бо нафари аз дар даромада муомилаи хуб кунанд. Дас¬тархон партоянд, то аз меҳмон раҳмат шунаванд. Албатта, аввал духтарон аз модарҳошон касбу ҳунар омӯзанд, таҳсилоти олӣ, ё миёнаи махсус гиранд. Дар муносибат бо ҳамсару атрофиён ва дар тарбияи фарзанд зани хондагӣ азоб намекашад, хор намешавад. Ҳунар омӯзанд. Ҳамсарҳояшонро ҳурмату эҳтиром намоянд.
- Солҳои пеш, сарфи назар аз норасоӣ, ҳама чиз ҳаст, гуфта мезистем. Бо қанду конфет фахр намекардем. Интизори маоши шавҳарам наменишастам, бо меҳнати худам рӯзгор пеш мебурдам. Агар шавҳарам ғизо таъмин мекард, ман сарулибос мехаридам…
Он овон бо як ручка, як дафтар, як китоб мактаб мехондем. Дарсҳоямонро бо лампаҳои карасинӣ тайёр мекардем. Агар замони мо чунин шароитҳои хуб барои таълиму тадрис ва умуман зиндагӣ медошт, хонда муаллим, духтур ё муҳосиб мешудем, - бо ханда мегӯяд бону Муродбегим.
Холаи Муродбегим ҳоло ҳам дар танӯр нон мебандад. Лаҳзае бекор намеистад, зеро ба меҳнат одат кардааст. Ҳамеша фаъол буду ҳаст. Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ сардори синф ва даҳ сол мактаб¬ро бо баҳои хубу аъло хонда, раиси шурои духтаронро бар уҳда дошт. Дар тамоми чорабиниҳои мактабӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард.
Инак, 30 сол мешавад, ки Муродбегим Мусофирова раиси маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ, Закариёи Розӣ ва паскӯчаи Хуҷандии шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бар уҳда дорад. Роҳбарии шурои занони маҳал низ, зери дасти ӯст. Чи худ ва чи оилаву маҳаллааш намунаи ибратанд, ки ҳама аз заҳматҳои бонуи меҳнатӣ дарак медиҳанд.
Д. САФАР